Болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо пешгирӣ мешавад

№73 (3219) 04.07.2014

30 июни соли 2014  дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, соҳибкорону тоҷирони ба истеҳсол ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия дар пойтахт машғулбуда, директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию шаҳрӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаву ҷомеъ ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ бо мақсади андешидани тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа аз таври стихиявӣ маҳз дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ҳамасола болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия  изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки соли ҷорӣ бо такя ба имону инсофи соҳибкорон ҷиҳати танзиму тавсияи нарх дар бозори истеъмолӣ дар ин моҳи муборак санаде бидуни таъмини пурғановатии растаи бозорҳо андешида нашуд.

Аммо тавре воқеият нишон медиҳад, имондорию инсофи бархе аз соҳибкорони мо мисли сухани каҷрафторон аз ҳам тафовути зиёд доранд, ки боиси бе ягон асос болобарии нарх ва поймолшавии ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр гардидааст, ки ин ҳолат роҳбарияти шаҳрро ба ҳеҷ ваҷҳ бетараф гузошта наметавонад.

Илова бар ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри дастгирии табақаҳои ниёзманд аз соҳибкорон даъват ба миён овард, ки бобати дарёфти савобияти ин моҳи муборак нисбати 20 анвои маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили  гӯшт, орд, нон, равғани растанӣ, биринҷ, макарон, шакар, шир, тухм, сабзӣ, картошка, пиёз, чакка, бодиринг, помидор, карам, тарбуз ва харбуза  дар ҳамаи бозорҳои шаҳр, сарфи назар аз шакл ва тобеияти идоравӣ, ҳамчун амали хайру эҳсонкорӣ то 10 фоизи нархҳо коҳиш дода шаванд.

Зимнан роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло» ва дигар бозорҳои хусусии дар марзи шаҳр фаъолиятдошта муваззаф карда шуданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон гӯшти хушсифати говро бо нархи то 36 сомонӣ нигоҳ дошта, фурӯши равғани чарбу аз ҷониби қассобон комилан манъ карда шавад.  Баҳри назорат қарор дода шуд, ки тамоми дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои коммуналӣ дар муҳлати як ҳафта ва бозорҳои хусусӣ дар ду ҳафта бо камераҳои мушоҳидавӣ ҷиҳозонида шаванд, то ки ҷараёни фаъолияти онҳо бо ин васила зери назорати комиссияҳои ҷамъиятӣ бошад.

Тавре мушоҳида шуд, тайи ду рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон ҷиҳати таъсиррасонӣ бисёре аз дӯконҳои гӯштфурӯшӣ худсарона фаъолияташонро қатъ карданд. Аз ин рӯ, ду нуқтаи гӯштфурӯшӣ  аз «Бозори Саховат» ва шаш нуқта аз «Бозори  Шоҳмансур» аз соҳибкорони хилофкор гирифта, ба ихтиёри ҶДММ «Ёвар» вобаста карда шуданд, ки ҳамарӯза гӯшти хушсифатро бо нархи то 36 сомонӣ ба фурӯш гузорад.

Зикр гардид, ки ҷавобан ба ин иқдом ва дастгирии соҳибкорон Раиси шаҳр омода аст ба  тоҷирон ва соҳибкороне, ки ба воридот ва фурӯши анвои маҳсулоти ниёзи аввалияи мутазаккира машғулият доранд, тибқи дархосташон аз ҳисоби буҷети шаҳр қарзҳои бефоиз ҷудо созад.

Илова бар ин, роҳбарони аввали корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло» ва дигар бозорҳои хусусӣ вазифадор карда шуданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар асоси шартномаи бевосита бо истеҳсолкунандагон харид ва дастрас кардани гӯшти чорво, картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар анвои маҳсулотро ташкил намоянд.

Зикр гашт, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини пешниҳоди молҳои хушсифати ниёзи аввалия дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе, сарфи назар аз шакл ва тобеияти идоравӣ, назорати қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бояд аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда шавад.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ, беҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ ва чораҳои зиддисӯхториро дар бозорҳои  истеъмолии шаҳр дар давоми  моҳи шарифи Рамазон пурзӯр намоянд.

Дар ҷаласа, инчунин  пешбурди назорати ҷамъиятӣ аз рӯйи фаъолияти бозорҳои коммуналӣ, мутаносибан- «Деҳқон» ба зиммаи рӯзномаи «Вечерний Душанбе», «Шоҳмансур» — радиои «Азия-Плюс», «Саховат» — рӯзномаи  «Мароми пойтахт»,  Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» — рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва бозорҳои хусусӣ ба зиммаи радиои «Ватан», рӯзномаи «Вечёрка», Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» ва гурӯҳи фаъолони фейсбук аз шаҳри Душанбе  вогузор карда шуд.

Ҳамзамон аз кулли сокинони шаҳр хоҳиш карда шуд, ки дар иртибот ба риояи фурӯши маҳсулоти хушсифат бо нархҳои тавсиявии рамазонӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе мавқеъгириҳои шахсӣ зоҳир намуда, дар ҳолати мушоҳида кардани хилофкориҳо бо истифода аз имкониятҳои электронии муроҷиат тариқи сомонаҳои  www.dushanbe.tj, www.mometavonem.tj, www.bemiyonaravho.tj ва dushanbe80@yahoo.com ҷиҳати андешидани тадбирҳо бардоштҳояшонро ирсол намоянд.

Ш. САИДОВ, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе