Ба таваҷҷуҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Доманпаҳнкунӣ»-и мошинбозорро пешгирӣ мебояд,

№152 (3298) 24.12.2014

вагарна дар ояндаи наздик тамоми маҳаллаи Гипроземи пойтахт ба макони хариду фурӯши автомобил табдил хоҳад ёфт

1

Дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт, ки минтақаи канортарини пойтахт маҳсуб меёбад, тамбашавии нақлиёт, ки миёни мардум чун «пробка» маъруф аст, мушкили рақами як буд.

Хушбахтона, дар заминаи    марҳилаи 2-юми лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар ин чорроҳа насби чароғаки роҳнамо ва камераҳои банаворгирӣ насб гардида, шиддати ин мушкилро то андозае коҳиш бахшид.  Имрӯзҳо бошад, «доманпаҳнкунӣ»-и мошинбозор  ба силсилаи мушкилоти мардуми маҳалла зам гардидаву сокинони кӯчаҳои Борбад, Нахимов ва ғайраро сарсону саргардон кардааст. Ба ибораи дигар, шурӯъ аз рӯзи ҷумъаи ҳар ҳафта сокинони маҳаллаи зикргардида ба шарофати рӯз то рӯз васеъ гардидани мошинбозор дар бунбаст қарор гирифта, қариб, ки имкони бо автомобилҳояшон ҷое баромаданро надоранд.  Кор то ҷое расидааст, ки ҳатто майдончаҳои назди хонаҳои истиқоматӣ ба мошинбозор табдил ёфтаву ин «падида» касе аз масъулинро ба ташвиш намеорад. Шояд барои масъулини мошинбозор ва мақомоти марбута ин омил чандон муҳим ба назар нарасад, вале барои сокинони ин маҳалла, ки самараи «фарохшавӣ»-и мошинбозор маҳз ба реҷаи корӣ ва асабҳои онҳо таъсир мерасонад, мушкили «глобалӣ» маҳсуб  меёбад.

Метавон гуфт, ки имрӯзҳо бо сабабҳои зерин: ҷойгир будани бозорҳои ҶДММ «Сомон», ҶДММ «Саиди Ҳалим» ва ҶДММ «Деҳқон», набудани таваққуфгоҳҳо дар назди бозорҳои мазкур, ҷойгир намудани хатсайри микроавтобуси «Душанбе — Сарикиштӣ», ки нуқтаи охири ин хатсайр дар ҳамин чорроҳа пешбинӣ гардидааст, назорати нокифоя аз тарафи Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, инчунин ба бозор табдил додани пиёдароҳҳо ва қисми кабудизоршудаи кӯчаҳои гирду атроф боиси  соатҳои зиёд ба вуҷуд омадани  мушкилоти зиёди марбут ба ҳаракати  воситаҳои  нақлиёт дар маҳаллаи Гипрозем гардидааст.

Ҳамзамон дар дохили чорроҳаи болозикр таваққуф намудани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, таксиҳо ва автомашинаҳои боркаши хурдҳаҷм ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халали ҷиддӣ ворид намуда, ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар ин чорроҳа оварда расонидааст. Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки тамбашавии нақлиёт дар пойтахти мамлакат, ки  давоми солҳои охир ба  мушкили доғи рӯз мубаддал гардидаву боиси нороҳатии сокинону меҳмонони пойтахт шудааст, маҳз аз ҳамин  омилҳо маншаъ гирифтааст. Яъне, беназоратии маҳаллаҳои нисбатан канортар ва бемасъулиятии мақомоти марбута ба густариши мушкил дар дигар манотиқ замина фароҳам овардааст. Хуб дарк менамоям, ки  яке аз нишондиҳандаҳои некуаҳволии мардум қариб дар ҳар хонадон мавҷуд будани автомобилҳои гуногунтамға маҳсуб меёбад, ки дар замони давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ на барои ҳама муяссар мешуд. Далелу арқоми мавҷуда шаҳодат медиҳад, ки он айём дар деҳаи калон, ки то 1000 нафар сокин дошт, ҳамагӣ як ё ду автомобили сабукрав мавҷуд буду халос. Ҳоло бошад, тибқи маълумоти расмӣ, дар мамлакат теъдоди нақлиёти шахсӣ зиёда аз 500000 ададро ташкил дода, ин нишондиҳанда мунтазам рӯ ба афзоиш аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии  кулли қишрҳои ҷомеа ба воситаҳои нақлиёт тамоми шароит, аз ҷумла заминаи қонуниро фароҳам овардааст ва маҳз ҳамин омил боиси тамоюли афзоишро касб намудани шумораи автомобилҳо дар кишвар гардид. Дар ҳоле ки аксари кишварҳо барои воридоти воситаҳои нақлиёт, вобаста ба соли истеҳсолашон, як силсила маҳдудият ҷорӣ намудаанд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба арзишҳои раиятпарварӣ ин пешниҳодро рад намуд.  Вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки  раванди хариду фурӯши онҳо дар ҷойи номувофиқ ва бо поймол намудани ҳуқуқҳои дигарон сурат гирад. Ҳадафи асосии ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори  омма» дастгирӣ шудани фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар самти  инъикоси ҷараёни дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат аз ҷониби  вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон тибқи талаботи Фармони фавқуззикр роҳбарони мақомоти марбута вазифадоранд, ки ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд. Мунтазир мешавем, ки масъулин  оид ба ҳалли ин масъала чӣ чораандешӣ мекунанд?

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»