Фурудгоҳ соҳиби амбулифт гардид

№38 (3184) 17.04.2014

123

-Бо мақсади такмил додани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, аз ҷумла осон намудани мушкили мусофирони имконияташон маҳдуд, Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе лифти амбулаторӣ (амбулифт) харидорӣ кард, — гуфт ба хабарнигорамон котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе М. Шодиев.

Амбулифт мошини таҷҳизонидаи махсус аст, ки мусофирони маъюб ва беморонеро, ки худ ҳаракат карда наметавонанд, инчунин мусофирони имконияташон маҳдудро барои ба дохили ҳавопаймо интиқол додан пешбинӣ шудааст.

Дар асоси қарордоди пештар имзошуда, амбулифтро барои Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ширкати «Ютейр лизинг» дастрас намуд. Амбулифт сохти фаронсавӣ буда, дар базаи мошини машҳури «Reno» сохта шудааст. Мошини мазкур имкон дорад дар қатори мусофир ё мусофирони имконияташон маҳдуд боз чор нафар ҳамроҳро ба ҳавопаймо интиқол диҳад. Амбулифт замонавӣ таҷҳизонида шуда, дорои чор курсӣ, замбарароба, аробачаи маъюбӣ, кондитсионер системаи гармидиҳандаи «Webasto» ва дигар лавозимоти зарурӣ мебошад. Амбулифт ба баландии зиёда аз 5 метр боло мешавад ва имкон дорад ба ҳама намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузурге, ки ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе парвоз мекунанд, хизмат расонад.

Тавре хабар дода будем, дар асоси қарордод Ширкати тиҷоратии «Ютайр лизинг» аз ин пештар барои Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе техника ва механизмҳои фурудгоҳиро, аз қабили автобусҳои перронӣ, мошинҳои махсуси барқдиҳанда, мошинҳои бағоҷбаранда, таҷҳизоти гармидиҳандаи дохили ҳавопаймо, автозинаҳо, боркунандаҳои тасмагӣ, грейдер, боркунандаҳои фронталӣ, барои муътадил нигоҳ доштани дохили ҳавопаймоҳо кондитсионерҳои дизелӣ, аробачаҳои бағоҷкашӣ, мошини ёрии таъҷилӣ, мошинҳои барфрӯб, мошини универсалии рӯбандаю шӯянда, таҷҳизоти махсуси садамавӣ — наҷотдиҳӣ, мошини сӯхторнишонӣ ва мошини махсус барои аз хатти нишасту парвоз берун кардани ҳавопаймо дар ҳолатҳои фавқулодда дастрас намуда буд.

Муҳандис-технологи Хадамоти хизматрасониҳои рӯйизаминӣ Муҳриддин Муртазоев иброз дошт, ки амбулифт мушкили мусофирони имконияташон маҳдудро пурра бартараф хоҳад кард. Барои идора кардани мошини мазкур бошад, мутахассисон омода хоҳанд шуд.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»