Рӯзи 22-юми апрели соли равон бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофлактикаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия, бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма конференсия баргузор гардид. Тавре директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ Ш. Ҷобиров зикр кард, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия аз 22 то 27-уми апрел дар тамоми мамлакатҳои Аврупо, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, баргузор гардид. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ин чорабинӣ ташаббусест, ба хотири баланд бардоштани сатҳи фарогирии иммунизатсия, баланд бардоштани сатҳи итилоотӣ, дониши аҳолӣ доир ба бемориҳои сироятии бо воситаи иммунизатсия идорашаванда ва афзалиятнокии иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои сироятӣ.
Масъулини чорабинии мазкур гуфтанд, ки дар Тоҷикистон ҳашт намуди беморӣ (зардпарвини В, кабудсулфа, қузоз, гулӯзиндонак, гулӯзиндонаки паҳншуда бо шакли токсикӣ, фалаҷ (бо шакли паралитикӣ), сурхчаи шакли сабук ва сурхча бо оризаҳо ба воситаи иммунизатсия идора карда мешавад. Аз ин рӯ, иммунизатсия ҳуқуқи асосии ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта, аҳолиро мебояд дар маъракаҳои гузаронидани он фаъолона ширкат намояд, зеро шахсе, ки ягон давраи иммунизатсияро нагузаштааст, эҳтимолияти ба гурӯҳи осебпазири ҷомеа шомил шуданаш вуҷуд дорад. Ғайр аз ин, ҳангоми ба ягон намуди бемории зикршуда гирифтор шудани кӯдак маблағи хеле зиёд хароҷот мешавад. Аз рӯйи ҳисоби мутахассисон, барои табобати бемории зардпарвини В 42500 доллари ИМА маблағ лозим аст, ки бо вуҷуди ин эҳтимолияти пурра шифо наёфтан боқӣ мемонад. То ҳол кӯдакон аз бемориҳое мефавтанд, ки онҳоро ба воситаи иммунизатсия пешгирӣ кардан мумкин аст.
Мутаассифона, имрӯз қисме аз аҳолии Тоҷикистон низ ба иммунизатсия фаро гирифта намешаванд. Бино ба гуфтаи масъулин, онҳо бо мақсади пурра фаро гирифтани аҳолӣ ба иммунизатсия, бо дастгирии ташкилот ва кишварҳои донор минтақаҳои кӯҳии мамлакатро бо ваксина ва дигар намуди лавозимоти эмгузаронӣ пеш аз оғози фасли сармо таъмин менамоянд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки хизматрасонии иммунизатсия дар Тоҷикистон ройгон буда, шаҳрвандонро мебояд барои ҳифзи саломатии худ ва фарзандонашон давраҳои муайяншудаи онро гузаранд.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»