ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки феълан майдони гармхонаҳо дар мамлакат 72,75 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин нишондод то имрӯз дар майдони 57,05 гектари он кишт карда шудааст. То имрӯз дар майдони 23,12 гектар помидор, 12,18 гектар бодиринг ва 21,75 гектар кишти дигар намуди сабзавот гузаронида шудааст. Айни замон аз майдонҳои киштшудаи гармхонаҳои доимӣ 230,8 тонна помидор, 115,8 тонна бодиринг ва 170,7 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол гардидааст.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон