Душанбе. (Б. КАРИМЗОДА,«Садои мардум») Дар чорабиние, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист чанд рӯз пеш дар пойтахти кишвар баргузор гардид, наврасон хеле фаъол буданд. Расмҳои дар мавзуи экологӣ кашидаи онҳо, суратҳои манзаравӣ ва дигар маҳсули эҷоди бачаҳо дар ҳама намоишгоҳҳо, ки дар боғҳои фарҳангу фароғати шаҳри Душанбе ороста шуданд, манзури тамошобинон гардид.
Дар тантанаҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи кишвар ва дигар муассисаву ташкилотҳо иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки ин сана аз соли 1972 инҷониб дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Дар ин бора рӯзи ифтитоҳи Конференсияи байналмилалии СММ оид ба масоили муҳити атроф Ассамблеяи Генералии СММ қарор ба тасвиб расонида буд.