Кӯмаки БДАТ «Амонатбонк» бахшида ба иди саиди Фитр

№102 (3087) 12.08.2013

ДУШАНБЕ. (Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум»)  Дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба мактаб — парваришгоҳ барои ятимону бепарасторони рақами 1-и ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 10500 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Тавре аз бонки мазкур ба мо иттилоъ доданд, кӯмаки расондашуда ба мактаб- парваришгоҳ аз 40 дона тунукаи андозаи 2 х 80 см, 30 метри кВ. шишаи тиреза, 20 ҷуфт мизу курсӣ ва 70 кг ширинӣ иборат буд.