Кӯмаки раиси шаҳри Душанбе ба собиқадорон

№112 (3097) 07.09.2013

Ба ифтихори 22 –юмин солгарди рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе тибқи анъана  як зумра шаҳрвандонро аз категорияҳои низёманди шаҳр бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.

Ин навбат барои  6402 нафар сокинони марбут ба категорияҳои мухталиф тибқи Қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти № 543 аз 2 сентябри соли 2013  аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ  3 млн. 605 ҳазору 950 сомонӣ, аз ҷумла барои 131 нафар маъюбон ва иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  ба андозаи 750 сомонӣ,  396 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, панҷ  нафар  ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, се нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград ва 142 нафар раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр ба андозаи 700 сомонигӣ  ва ба 79 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, 310 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, 114 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 174 нафар маъюбони рафъи садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии «Чернобил» ва 3726 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои кабудизоркунӣ 500 сомонигӣ барои расонидани кӯмакпулии яквақта ҷудо карда шуд.

Кӯмаки молиявии мазкур тибқи муқаррароти раиси шаҳр аз ҷониби масъулин ва ноҳияҳои пойтахт то 7 сентябри соли 2013 дар расми тантанавӣ ба категорияҳои зикргардида тақдим карда мешавад.

Дар иртибот ба иҷрои қарори мазкур 6 сентбяри соли 2013 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр, ки дар рушду нумуи пойтахт саҳми арзанда доранд, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои супоридани мукофотпулиҳо ҷаласаи тантанавие созмон дода шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба иштирокдорони ҷаласа ва дар симати эшон ба аҳли ҷамоатчигии шаҳр бобати саҳми арзандаашон дар ободонию тараққиёт ва ҳамкориҳои рӯзафзунашон дар татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр изҳори сипос намуда, бо ибрози таманниёти самимӣ изҳори итминон намуд,  ки  минбаъд низ неру, имконот, масъулият, таҷриба ва малакаи созандагии онҳо ба нафъи ҷомеаи пойтахт раҳнамун равона шуда, дар ҳифзу таҳкими арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва дар ин росто риоят намудани танзими расму оин ва роҳ надодан ба исрофкориҳо, дар ҳамзистии осоиштаи ҷомеа ва пешрафти шаҳр дар фазои суботу соҳибистиқлолии кишвар муваффақтар мегарданд.

Ш. Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе