Ободии гӯшаи диёр

Корро корфармо мекунад

№158-159 (3143-3144) 19.12.2013

Нафаре аз корманди фурудгоҳ гила кард, ки чаро дар фурудгоҳи Душанбе ин қадар пешравию тағйирот ҳасту шумо дар ин бора наменависед. Аз ҷумла, хадамоти аэродром кори зиёде анҷом додааст. Гуфтам, ҳама чиз вақту соат ва тартиб дорад. Барои омода намудани мақола, албатта, мавод зарур аст, ки худ аз худ рӯйи даст намеояд. Инак, имкон даст дод ва мо шурӯъ кардем аз дидани корҳои анҷомёфта дар хадамоти аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.

Хадамоти аэродром як ҷузъи асосии фурудгоҳ аст, ки тариқи маҷмӯи хизматрасониҳо барои парвозу нишасти ҳавопаймоҳо ва то ба таваққуфгоҳ расидану қарор гирифтани онҳо майдони ҳавоиро омода месозад. Ҳудуди умумии замине, ки нигоҳубинаш бар уҳдаи хадамоти аэродром аст, 162, 8 гектар буда, аз ин 55,8 гектар мумфарш шудааст. Фурудгоҳи Душанбе ва қисми аэродромии он соли 1962 ба истифода дода шудааст. Дар давоми солҳо қисми аэродромии фурудгоҳ борҳо таҷдид шуда, вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ва калон шудани ҳаҷми ҳавопаймоҳо хати нишасту парвоз ва роҳравҳои зимомию таваққуфгоҳҳо мавриди таҷдид қарор гирифтанд. Алъон аэродром имкон дорад, ки ҳавопаймоҳои калонҳаҷми «Boeing» ва «Airbus», IL -96, IL-86, ҳамчунин АN-124 «Руслан», Ан -225 «Мрия»-ро қабул намояд.

Барои дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани аэродром аз мошинҳои рӯбучинкунандаю барфрӯб ва дигар техникаю механизмҳои ҳозиразамони хоси соҳа, химреагентҳои зидди лағшиш ва зидди яхбандӣ истифода мешавад. Ҳайати корӣ аз рӯйи реҷаи шабонарӯзӣ кор мекунад.

Шаш моҳ пештар сохтори фурудгоҳи Душанбе мавриди таҷдид қарор гирифт. Қарор шуд, ки хадамоти аэродром аз ҳисоби шуъбаҳои алоҳида амалкунанда пурқувват карда шавад. Ба ҳайати хадамоти аэродром шуъбаи орнитологӣ, аэровокзал ва шуъбаи сабзкорӣ ворид гардид. Сарварии хадамоти аэродромро ба мутахассиси варзида Қамариддин Мадисоев вогузор карданд. Қ.Мадисоев кордонии худро нишон дод. Дигар шудани муҳити атроф аз буридану тоза кардани дарахтони солхӯрдаву бемор оғоз гардид. Дар як муддати кӯтоҳ майдони дохили аэродром намуди дигар гирифт, гӯё осмони фурудгоҳ васеъ гардид ва акнун парвозу нишасти ҳавопаймоҳоро аз дурии дур ҳам мушоҳида карда мешавад. Агар бо забони кормандони авиатсия гӯем, бо барканор кардани анбӯҳи дарахтони ба хати парвозу нишаст наздик сараввал бехатарии парвозҳо таъмин гардид, зеро паррандаҳо имкони лонагузорӣ надоранд ва ҳама гуна ҳашароте, ки дарахтон дар худ доштанду барои паррандагон «дастархони неъмат» буд, барканор гардиданд.

Орнитология илми омӯзиши паррандагон аст. Орнитологияи авиатсионӣ бошад, паррандагонеро меомӯзад, ки барои парвозҳои ҳавопаймоҳо хатар эҷод мекунанд. Ҳамасола дар ҷаҳон бо ҳавопаймоҳо ҳангоми парвоз ё нишастан ҳодисаҳои зиёде рух медиҳанд ва боиси сар задани садамаҳои ҳавопаймоҳо гардидаанд. Аз ин хотир, дар тамоми фурудгоҳҳои ҷаҳон гурӯҳҳои орнитологӣ фаъолият намуда, паррандаҳо, рафтори онҳо, лонагузорӣ, ғизо хӯрдан ва дигар паҳлуҳои зисту будубоши онҳоро меомӯзанд. Таъмини орнитологии парвозҳо бошад, чорабиниҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки барои таъмини бехатарии парвозҳо амалӣ карда мешавад, то бархӯрди паррандаҳо бо ҳавопаймоҳо рух надиҳад. Барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи орнитология фурудгоҳ ҳар сол маблағ ҷудо намуда, кормандонро ба Федератсияи Россия, Латвия, Украина барои омӯзиш равон менамояд. Имсол барои бозомӯзӣ ба курсҳои такмили ихтисос, ки аз 26 ноябр шуруъ гардид, ду нафар ба шаҳри Санкт Петербург рафтанд.

Яке аз чораҳои зарурие, ки роҳбарияти фурудгоҳ амалӣ кард, ин ба ҳайати хадамоти аэродром ворид намудани гурӯҳи сабзкории фурудгоҳ буд. Дар як муддати кӯтоҳ барои парвариши гул ва табобати растаниҳои нодир гармхона сохта, ба истифода дода шуд. Хонаи кормандони бахши сабзкорӣ таъмир гардида, шароити хуби меҳнат муҳайё шуд. Акнун кормандон имкон пайдо намуданд, ки дар қатори меҳнат истироҳати хуб ҳам дошта бошанд. Дар омади гап метавон гуфт, ки шароити истироҳати шабонарузӣ барои кулли кормандони хадамоти аэродром муҳайё шудааст. Ҳуҷраи муҳандисон, ошхона, хонаи дамгирӣ, оби гарм, ташноб ва дигар зарурат муҳайё аст.

Муҳандиси растанишинос, марди донандаи забони наботот, дӯстдори гулу сабзаю дарахтон Ҳамидулло Файзуллоев солиёни зиёд аст, ки гурӯҳи сабзкориро бар уҳда дорад. Ин марди донандаи касби худ бо ҳар гулу гиёҳ суҳбат мекунад. Дар бунёди гармхона, парвариши гулҳо ва сабзонидану табобати растаниҳои нодир саъю кӯшиши зиёд дорад.

Майдонҳо ва толору роҳравҳои фурудгоҳи Душанберо бе гулу сабзаву дарахтони ороишӣ тасаввур кардан мушкил аст. Тайи солҳои зиёдест, ки кормандони бахши сабзкории фурудгоҳ барои зебову мунаққашу рангин намудани майдонҳои назди фурудгоҳ ва дохили толорҳо кори зиёд анҷом медиҳанд. Барои кам намудани сарфи маблағ тасмим гирифта шуд, ки дар дохили фурудгоҳ гармхонаи парвариши гулу дарахтони ороишӣ ташкил карда шавад.

Бо супориши роҳбарият ва ибтикори муҳандисони соҳа гармхонаи муосир сохта шуд, ки масоҳати умумии он 648 метри мураббаъро дар бар мегирад. Тибқи нақшаи корӣ, бояд дар гармхона ҳудуди 200 ҳазор гули гуногун парвариш шавад. Алъон 50 ҳазор дона тубакҳо бо навъҳои ҳархелаи гулҳо пур карда шудаанд. Ҳамидулло Файзуллоев иброз дошт, ки солҳои пеш барои ороиши майдон ва толорҳои фурудгоҳ аз беруни кишвар тухмӣ ва растаниҳоро ворид мекардем, акнун мо имкон дорем, ки зиёда аз сад намуд гулу гиёҳҳои ороиширо дар ҳамин гармхона парвариш намуда, мавриди истифода қарор диҳем.

Дар ҳолати хуби экологӣ нигоҳ доштани майдон ва толорҳо, кам кардани хароҷот ва дарёфти маблағҳои иловагӣ яке аз бартариятҳои нақшавии фурудгоҳи Душанбе ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир мутахассисон бар он назаранд, ки ба истифода додани гармхона, на танҳо хароҷоти фурудгоҳро кам мекунад, балки метавонад сарчашмаи даромади иловагӣ гардад.

Тозаву озода нигоҳ доштани майдонҳо, толорҳои фурудгоҳ бо ҳама ҳуҷраҳои хизматрасонаш бар дӯши кормандони хадамоти аэровокзал аст. Баъд аз ҳамроҳ шудан ба хадамоти аэродром низ вазифаҳои хидматии кормандони аэровокзал мисли пештара боқӣ монд. Рӯбучини толорҳо, нигоҳубини иншооти хизматрасон, нигоҳубини ташнобу системаҳои обу корези амалкунанда, таъмини пурраи санитарӣ-гигиении фурудгоҳ бар зиммаи кормандони аэровокзал мебошад. Рӯзҳои қабули меҳмонони баландпоя, хусусан баргузории саммит ва конфронсҳои байналмилалӣ, ташрифи мақомоти расмии давлатҳо, ташвиши кормандони аэровокзал ба маротиб зиёд мегардад. Оростани роҳравҳо ва толорҳо, тозаю озода нигоҳ доштани майдонҳои назди бинои аэровокзал ва атрофи он ҷо бар ҷо намудани ҳама муҳимоти қабули меҳмонон заҳмати зиёдеро тақозо менамояд. Борҳо аз ҷониби ҳайатҳои корӣ ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ барои хизмати саривақтӣ ва меҳмоннавозии аъло, ташкили қабул ва гусел кормандони бахши аэровокзал таърифу таҳният шунидаанд ва ба унвони роҳбарияти корхона номаҳои миннатдорӣ расидаанд.

Имрӯз Хадамоти аэродром воқеан як қувваи бузургеро мемонад, ки маҷмӯи корҳои масъулро бар уҳда дорад. Агар бахши аэродром ба ҳаворпаймоҳо хати парвозу нишаст, роҳравҳои зимомӣ ва таваққуфгоҳҳоро дар ҳолати хуби техникӣ пешкаш намояд, бахши аэровокзал ба мусофирон шароити будубош муҳайё месозад, бахши сабзкорӣ бо қолинҳои гулкории худ ба мусофирону меҳмонони пойтахт кайфияти рӯҳию равонӣ диҳанд, бахши орнитологӣ пайи онанд, ки ҳавопаймоҳо бехавфу хатар парвозу нишаст намоянду паррандаҳо низ аз хатар эмин бошанд. Ин маҷмааи мураккаб имрӯз хело фаъол аст ва фурудгоҳи Душанберо ҳамчун фурудгоҳи дараҷаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Роҳбари Хадамоти аэродром Қамариддин Мадисоев бошад, аз суҳбати рӯ ба рӯ канор меҷӯяд ва мегӯяд: Нақшаҳои мо ҳанӯз зиёданд, корҳои бузург дар пеш аст, корҳое, ки мо анҷом додем, ободии як гӯшаи Ватан аст, илтимос маро таъриф накунед.

Мо низ бетаъриф мегӯем, офарин Қамарридин! «Корро корфармо мекунад».

Муҳаммадюсуф Шодиев, котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе