Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро ба ҳузур пазируфт

№14 (3160) 11.02.2014

10 феврали соли 2014 раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии ноиби президенти бонки мазкур оид ба минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Лора Так бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд оид ба татбиқи лоиҳаҳои обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки феълан лоиҳаи дуюми он  бо 16 млн. доллари амрикоӣ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн. доллари амрикоӣ маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда  ба василаи насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона сафарбар карда шудаанд, табодули назар карда, тафоҳумоти хешро бобати тавсеаи ҳамкориҳо дар ин самт маротибаи дигар таъкид доштанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин росто таваҷҷуҳи хонум Лора Такро ба масоили дарёфти манбаъҳои иловагӣ оид ба насби саросарии ҳисобкунакҳои обӣ ба кулли муштариёни  КВД «Обу корези Душанбе», ки беш аз 181000 ададро ташкил медиҳанд, инчунин таҷдиди системаи иншооти тасниф ва хатҳои корезӣ нигаронида, пешниҳод намуд, ки баҳри таъмини шаффофияти ҷараёни татбиқи лоиҳаи мазкур аз тобеияти КВД «Обу корези Душанбе» баровардани шуъбаи ҳамоҳангсозии лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе мувофиқ ба мақсад мебошад.

Бо дарназардошти он ки  ин тадбирҳои иловагӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи сокинони шаҳр бо оби ошомиданию дигар хизматрасониҳо дар соҳаи обтаъминкунию корезӣ сафарбар шудаанд, аз масъулини Бонки Умумиҷаҳонӣ хоҳиш ба миён овард, ки масъалаҳои зикргардидаро мавриди пажӯҳиш қарор дода, баҳри амалисозии онҳо пешниҳодоташонро ирсол намоянд.

Хонум Лора Так аз пазиройӣ ва муҳтавои суҳбати тахассусию ошкорои ба нафъи пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳими шаҳр равонагардида изҳори сипос карда, дар навбати худ бо ҷонибдорӣ аз пешниҳодоти ироадоштаи раиси шаҳр  зикр сохт, ки тамоми потенсиал ва таҷрибаи мавҷуда баҳри тавсеаи робитаҳои минбаъда, қабл аз ҳама ҷалби сармоя дар бахши  ҳамкориҳои боэътимоди сохторҳои давлатию хусусӣ, рушди соҳаи нақлиёт,  беҳбудбахшии муҳити зист ва амсоли он равона карда хоҳанд шуд.

Ш. Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе