Номаи саркушода ба Додоҷони Атовулло

Ман гиряи Президентро дидаам

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

«Ман Тоҷикистонро «Абсурдистон» номидаам»,-мегӯед шумо, Додоҷони Атовулло, зимни мусоҳиба бо яке аз телевизионҳои Россия ва чеҳраатон мешукуфад аз ин бозёфти «шоирона». Барандагони телевизион лаҳзае лол мемонанд: -яъне кас чӣ гуна метавонад дар ҳаққи ватанаш, зодбумаш, гаҳворааш чунин таҳқиреро раво бинад… Саропойи маро арақи сард пахш мекунад… Дигар наметавонам хомӯш бошам…

Тоҷикистон Абсурдистон нест, оғо! Тоҷикистон бо ҳама каму косташ, бо ҳама бурду бохташ Ватан, гаҳвораи ҳашт миллион тоҷикистонӣ ва қиблаи умеди миллионҳо тоҷикони бурунмарзист. Он чӣ дар ин миён абсурд аст, он ҳама жожу можест, ки аз забони шумо мерезад.

Ин ҳамон хатти сурхе буд, ки шумо убур кардед, оғо. Хатти сурхе, ки он сӯяш сияҳномист, он сӯяш сияҳрӯзист, он сӯяшбесӯйист, бесӯйӣ, бесӯйӣ…

Чанд ҳолате ҳаст, ки моро ба ҳам умумият медиҳад, Додоҷон. Аввалан, мову шумо ҳамдеҳа ҳастем, дуввум ҳампеша ҳастем, саввум тақрибан ҳамсинну солем ва чаҳорум ин ки ҳар ду солҳои тӯлонӣ дар хориҷ аз Ватан зиндагӣ мекунем: шумо дар Маскаву Ҳамбург, ман дар шаҳри Копенгагени Дания. Чаро муҳим донистам инро таъкид кунам? Ба хотири ин ки вазъи руҳӣ ва равонии шуморо хуб дарк мекунам. Дурӣ аз Ватан — аз меодгоҳ, аз пайвандону азизон, маҳрумият аз обу ҳавои зодбум ба руҳу равони инсон бетаъсир нахоҳад буд. Агар бурузи шадиди эҳсосоте мисли ғазаб, нафрат, бадгумонӣ ва бадандешӣ, бузургманишиҳои бепоя, «ман»—гуфтанҳо ва ба сина куфтанҳои баҳудаю беҳуда нишоне аз он ноустувории равонӣ набошанд, пас чистанд?

Ман ба барномаҳои телевизионии шумо вақте таваҷҷуҳ кардам, ки дар Душанбе будам ва яке аз ҳамкасбон баъди аҳволпурсӣ суол кард: «дидӣ?». Гуфтам: «чиро?» Гуфт: «иғвоангезиҳои навбатии Додоҷонро». Баъд илова кард, — чизи наве нест, вале ба ҳар ҳол бубин.

Баъд, вақте дидам,  воқеан дар  қиёс бо 20-22 соли пеш ва баъди он ҳам, моҳиятан, чизи наве надидам. Ҳамон оҳанг, ҳамон ҳарфу ҳиҷо, ҳамон дашному ҳақорату таҳдид, ҳамон даъвату шиорҳо ва…истеъфо, истеъфо, истеъфо!  Номҳо нав буданд фақат. Он замон Маҳкамов, Ҳаёев, Ҳувайдуллоев буданд, баъд ҷойи инҳоро Раҳмон Набиев, Кенҷаев, Дӯстов гирифтанд. Ҳоло,  ба гуфти худатон, «душмани рақами яки шумо Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ!»

Вале он чи ки тамоми «эҷодиёти давраи истиқлол»-и шуморо ба ҳам пайванд медиҳад, метавон бо як калима ифода кард: ДУРӮҒ. Шумо он вақт ҳам дурӯғ мегуфтед ва дурӯғ менавиштед, имрӯз ҳам дурӯғ мегӯед ва дурӯғ менависед! Дар як ҳунар, воқеан, устод ҳастед, Додоҷон: шумо бо эҳсоси мардум хуб «бозӣ» карда метавонед. Калимаю иборотеро аз қабили озодӣ, демократия, дарди мардум, зулм, ғорат, ғуломӣ ва ғайра чунон «ҷома» мепӯшонед, ки хонанда ё шунавандаи зудбовар гумон мекунад, воқеан, Тоҷикистон Африқосту шумо Ниелсон Мандела, оғо!  Вале шахси андаке аз вазъ огоҳу бохабар мефаҳмад, ки шумо дурӯғ мегӯед.

Шумо дурӯғ мегӯед, Додоҷони Атовулло! Вақте исрор мекунед, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ пешрафт, ҳеҷ ободӣ, ҳеҷ созандагӣ, ҳеҷ ислоҳот нест!

Шумо дурӯғ мегӯед, вақте гаштаю баргашта  таъкид мекунед, ки мардум саросар бесавод, қашшоқ, гушна, бемор, ҷинояткор, ватанбезор ҳастанд!

Шумо дурӯғ мегӯед, вақте аз барномае ба барномаи дигар «фақат» дар Тоҷикистон» фалон асту бисмадон аст, — гуфта тамоми ранги сиёҳи оламро ба сари Тоҷикистон фурӯ мерезед! Вале «Владимир Путин» мегӯед, аз забонатон шаҳду шакар мерезад, гӯё ҳамин навакак ҳамроҳаш  қаҳва нӯшидаед. Гӯё намедонед, ки Россия дар сархати кишварҳои поймолкунандаи ҳуқуқи инсон қарор дорад, аз ҷумла поймолкунандаи ашадии ҳуқуқҳои ҳамватанони ману шумо. Номи Олмону Йошка Фишерро ба забон меоред, чеҳраатон мешукуфад. Гӯё намедонед, ки қариб ҳамаи роҳбарони сатҳи аввали Олмон, аз Хелмут Кол то вазири кобинаи Меркел (барои дипломи қалбакӣ ва асардуздӣ) ва охирин Раиси ҷумҳури кишвар Кристиан Вулф, ки соле пеш бо шармандагӣ вазифаро тарк кард, ҳамагӣ то гулӯ дар фасод ғутида  ва парвандаҳои ҷиноӣ дар гарданашон овезон буд.

Ё гӯё намедонед, ки дар Амрико — ин «ливобардор»- и дурӯғини демократия чиҳо мегузарад. Магар ҳамин Амрико нест, ки бо баҳонаи тавсиаи демократия тамоми билоди мусалмоннишинро ба хуну хокистар нишондааст!  Ҳамин Амрикои фасодзада нест, ки дунёро ба буҳрони фарогири молию иқтисодӣ гирифтор кард. Магар Гуантанамо—ин фоҳиштарин намунаи нақзи ҳуқуқи инсон «зода»-и демократияи амрикоӣ нест!?

Вале, шумо инҳоро намебинед, инҳоро дидан ба дарди шумо намехуранд, ба «аҳдофи сиёсӣ»-и шумо мувофиқ нестанд. Шумо бояд «фақат дар Тоҷикистон!» гуфта тамоми ранги сиёҳи дар ихтиёратон бударо ба сари Тоҷикистон фурӯ резед. Ба хотири чӣ? — Шӯр андохтани мардум,  тухми низоу нафрату бадбинӣ коштан, Тоҷикистонро ба чашми ҷаҳониён сиёҳу торику ҷиноятзадаву фурумонда ҷилва додан!?

Азизам, инсоф, дар асл ин хел нест, охир! Як назари оддӣ, як қадам задан дар ҷодаҳо, як сафар ба гушаҳои мухталифи кишвар, як суҳбати сарироҳӣ бо одамон кофист дарёбӣ, ки Тоҷикистон рӯ ба ободист, рӯ ба бунёдкорист, рӯ ба истеҳкоми истиқлолияти худ аст. Рӯ ба пас, рӯ ба асри XVI, рӯ ба «ҳокимияти риш» не,  чуноне баъзе ҷанобон орзу мекунанд!

Аз барномаҳоятон хулосае бармеояд, ки шумо Тоҷикистонро аз рӯйи гуфтору навиштори баъзе рӯзноманигорону сиёсатмадорони хориҷӣ, махсусан рус, ки бисёр муғризона аст ё  гуфтори  онҳое, ки сохт ва мавқеи имрӯзаи Тоҷикистонро намеписанданд ё онҳое, ки ҷабрдида ҳастанду дар сар орзуҳои «ончунонӣ» мепарваранд, мешиносед. Шумо ва онҳое, ки ба мавзуъ чунин бархӯрд мекунанд,  ҳадафҳои муғризона доранд, мехоҳанд аз ин тариқӣ бисёр содда ва примитив мардумро гӯл бизананд ва холҳои арзони сиёсӣ ба даст оранд.

Бисёр одилона мебуд, агар шумо Тоҷикистонро бо кишварҳое қиёс мекардед, ки шароити ҳамгун ва ҳамсони таърихӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва геополитикӣ доранд, аз қабили ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва гирду бари он ва кишварҳои шӯравии собиқ. Дар он сурат шумо медидед, ки Тоҷикистон бо вуҷуди пайомадҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ, муҳосираи шадиди иқтисодӣ аз ҷониби Ӯзбекистон боз ҳам аз лиҳози дастрасӣ ба имконоти иқтисоди бозорӣ, дастраси ба иттилоот, фаъолияти ҳизбҳо ва созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ, озодии сухан ва дар маҷмуъ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ фазои нармтар ва густурдатаре дорад.

Вале чунин муқоиса ва чунин иқрор ба дарди шумо намехӯрад,  ба аҳдофи сиёсии шумо созгор нест, шумо ҳатман бояд аз Амрикою Аврупо дам бизанед…

Дар мавриди баҳо додан ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ низ бояд чунин бархӯрди холисона ва воқеъбинона сурат бигирад. Чандин нафар аз бародарон ва азизони ман ҳам муҳоҷир ҳастанд ва  ин дардро бо тамоми вуҷудам эҳсос мекунам. Вале шумо ва онҳое, ки ин равандро ҳамчун як фоҷиаи миллӣ ва даҳшату фалокат тасвир мекунеду Раиси ҷумҳур ва Ҳукуматро муқассири он медонед, воқеиятро огоҳона таҳриф мекунед. Албатта, вазифаи ҷонии давлату Ҳукумат аст, ки шаҳрвандонашро дар худи кишвар бо кор таъмин кунад, кафили амният, маишат ва дахлнопазирии шаъну эътибори онҳо дар ҳар гӯшаи дунё бошад. Вале воқеият ин аст, ки муҳоҷирати мехнатӣ ё ба истилоҳи иктисоддонҳо, гардиши озоди неруи кор, як ҷузъи ногузири бозори озоди иқтисодӣ ё баҳамгаройии умумидунявӣ (глобализатсия)  аст, ки ҷанбаҳои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Агар мо бозори озодро мепазирем, агар мо гардиши озоди молу колоро мепазирем ва дар маҷмуъ агар мо мехоҳем як ҷузъи фаъоли дунёи муосир бошем, пас ногузир бояд муҳоҷиратро низ бо ҳама неку бадаш пазиро бошем.

Воқеан, роҷеъ ба  мухолифини давлати Тоҷикистон, ки қисмати бештари барномаҳои шуморо ташкил медиҳад. Медонед,  дуруст аст, ки  мегӯянд: вақт ҳама хиштҳоро дар бинои таърих худаш ҷобаҷо мегузорад. Ин «хишт»-ҳо ҳамон гуфторҳо, навиштаҳо, хотираҳо, мусоҳибаҳои онҳоеанд, ки дар он ҳаводиси тақдирсоз ва таърихсоз нақши фаъол доштанд. Ёдам меояд, як мусоҳибаи радиои «Озодӣ» бо раҳматии Саид Абдуллои Нурӣ. Эшон зимни посух ба ин суол, ки шадидтарин фишоре, ки дар зиндагӣ эҳсос кардед, чӣ буд, иброз доштанд: фишоре, ки ҳангоми тақсими курсиҳо дар 30-дарсади Ҳукумат ба сарам омада буд. Яъне, фишори низоми шӯравӣ не, фишорҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ не, фишори тақсими вазифаю мансаб! Пас, он ҳама иддаои ин ҷанобон, ки не мухолифин ҳеҷ гоҳ дар фикри мансаб набуду нест, мо ҳама сарсупурда, мо ҳама беғараз ва ғайра  ҳеҷ арзише надоранд!

Мисоли дигар. Як мусоҳибаи пиратон — эшони Тураҷонзодаро дар барномаи «Ба иборати дигар» — и ВВС ҳатман дидаед. Вақте суҳбат роҷеъ ба раванди оштии миллӣ мерафт, эшон тазаккур доданд, ки дар асл фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд ва Раиси ҷумҳури вақти Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ буданд, ки барои оштӣ кардани мо (яъне мухолифин) бо Ҳукумат пофишорӣ мекарданд. Яъне, агар дар ихтиёри ин ҷанобон мебуд, ҷанги хонабарандози шаҳрвандӣ мебоист дар Тоҷикистон ҳанӯз идома меёфт, то замоне, ки орзуҳои дурпарвози эшон «баровардаи хайр» гардад. Пас, он иддаое  ки «мо ташаббускори оштии миллӣ будем, мо ба хотири сулҳу оромӣ азхудгузарӣ кардем»  ҳеҷ пояе надоранд.

Ман дар он марҳалаи ҳассос ба ҳайси ёвар дар паҳлуи Президент будам ва шоҳид ҳастам, ки чӣ гуна ин мард аз худ шуҷоат, шаҳомат, ҷасорат ва азхудгузарӣ нишон медод. Шумо рақсу шодии якрӯзаи ӯро дар шаби арӯсии фарзандаш мавриди истеҳзою тамасхӯр карор додед, вале ман гиряҳои пинҳонии ин мардро низ дар утоқи кориаш дидаам. Замоне, ки Тоҷикистон дар қабзаи маргбори террору куштор ҷон меканду беҳтарин фарзандонаш ҳадафи теғу тир қарор мегирифтанд, ӯ месӯхт, хун мегирист. Ҳамин сӯхтанҳо, ҳамин эҳсоси масъулияти бузург дар баробари сарнавишти миллату кишвараш буд, ки ҳарфи сулҳ, оштӣ ва ваҳдати саросарӣ дар забонаш ба пешвози мухолифин рафт, онҳоро дар Афғонистон, дар Эрон, дар Россия сари мизи музокирот кашонид ва билохира оштии пойдор ва саросариро таъмин кард.

Шумо истироҳати якрӯзаи Президентро дар хурсандии фарзандаш бо айбмониҳои соддалавҳона ва кӯчабозорие мисли «танцор»-у «раққоса» ба тамасхӯр кашидед, вале ман дар тӯли сеюним соли ҳамкорӣ надидаам, ки рӯзе истироҳат карда бошад ё ба кор набаромада бошад. Ҳамарӯза,  рӯзҳои истироҳат ҳам, аз соати 7 -и субҳ то бевақтии шаб, баъзан то субҳи дигар кор мекард. Ва ҳамон тавре ки Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоев мегӯяд: ин реҷаи кори ӯ бо гузашти ин ҳама сол ҳеҷ тағйир нахӯрдааст.

Баргардем ба мавзуи мухолифин. Шумо гаштаю баргашта исрор мекунед, ки Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон ба гурӯҳи мухолиф фишор меоранд, роҳ намедиҳанд ва ғайра. Охир, азизам, агар мухолифини Тоҷикистон ҳамон гуна, ки маъракаи интихобот нишон дод, чунин нотавон, камзарф, бесалоҳият ва гирифтори  ҳадафҳои ночизу худхоҳона бошанд, магар гуноҳи Ҳукумат аст!?

Дар ҳама кишварҳои мардумсолор ҳукуматҳо талош меварзанд, ки қудратро ҳифз кунанд, мухолифон мекӯшанд, ки ба он даст ёбанд. Бо талошу пайкор дар миёни мардум, коркард ва пешниҳоди барномаҳои созанда, тарҳҳои ҷадид, ислоҳот дар соҳоти мухталифи ҳаёти ҷомеа ва ғайра. Ку он барномаҳо, куҷостанд он пешниҳодоти созанда?

Оре, мушкилоти ҷиддие домангири Тоҷикистон аст имрӯз. Камбуди ҷойи кор, норасойии барқу гармӣ,  нокифоягии маошу нафақа, гаронии нархҳо, иштибоҳот дар интихоби кадрҳо, фасод дар зинаҳои мухталифи идорӣ ва ғайра. Ин мушкилотро Президент ва Ҳукумат низ эътироф мекунанд ва барномаҳое дар робита ба ислоҳи онҳо рӯйи даст доранд. Вале ку он гуруҳи мухолифе, ки бо Ҳукумат ба сабқат даровезад ва ба мардум аз ҳастии худ башорат диҳад ки «мо ҳастем ва метавонем!» Ин ки шумо аз Олмон ё Маскав ё Тифлис истода «мо дигар як рӯз ҳам сабр карда наметавонем», «истеъфо ё  марг!» «аз хоби гарон хез!» — гӯён сало мезанед, ҳосилаш ба ҷуз ҳамон кафк дигар чизе нест, азизам.

«Истеъфо!»-мегӯед, киро дар садри раёсати кишвар дидан мехохед? Мистер Абдуллоҷоновро? Ҳамонеро ки мардум «наҳанг»-аш ном гузоштаанд ва ин «наҳанг» қариб буд нисфи Тоҷикистонро ба комаш фурӯ кашад ва нимаи дигарашро бо ҳамсояҳо «шарикошӣ» кунад!?

Ё шояд дӯстатон суфӣ Умаралиро бо ифтихор, ба гуфти худатон «Мой Президент!» гуфтан мехостед? Эмомалӣ Раҳмон — ку дар ҷашни арӯсии фарзандаш рақсида буд, ки табиӣ ва фаҳмиданист, вале шумо сабти рақси ин «мурид»-ро дар пеши пойи «пирони тариқат»-аш (хонда шавад—толибон) ҳатман дидаед: чӣ маҷнунвор мерақсид ва дастони касифу хунолуди ин жулидаришонро мебӯсиду ба чашмонаш мемолид!

Ё онҳоеро дар зимоми давлат дидан мехостед, ки якешон ба суоли муҳоҷирбачаи соддае, ки мепурсид: «манзалати риш дар ислом чист?» — каромот карданд ва фармуданд: ислом мегӯяд: ҳар кӣ риш надорад, сараш бурида беҳ!

Шумо дар  барномаҳоятон хитоб мекунед: «ғорат мекунанд, ин даҳшат аст!», «дар мактабҳо муаллим нест, ин даҳшат аст!», «барқ нест, ин даҳшат аст!» Не, оғо, инҳо даҳшат нестанд, ислоҳ шуданианд! Даҳшати воқеӣ, азизам, инҷост, ки ашхосе ҳамчунони шумо даъвои пешвои ва зимомдории як миллат, як кишварро мекунанд!

Муҳтарам Додоҷон, ҳамчуноне гуфтам, ин тобистон дар Тоҷикистон будам, тақрибан ҳама манотиқи кишварро тай задам, ба ҷуз Бадахшон. Он иддаоҳои хандаовари шумо, ки масалан, мегӯед: «ман ҳоло тасаввур мекунам, ки шумо бо фарзандонатон дар гирди дастархон нишаста, аз телевизиони «К+» маро тамошо доред…» ва аз ин қабил,  ба ҷуз хаёлпардозиҳои бузургманишонаи шумо чизе нестанд.

Медонед, мардум ин телевизионро «Каҳ+» ном гузоштаанд, яъне ҳар чӣ ин ҷо пахш мешавад, арзиши коҳро дорад, ин барномаҳоро касе ҷиддӣ намегирад ва касе дар бораашон ҷиддӣ ҳарф намезанад. Медонед, барои чӣ? Барои он ки мардум бедор ва ҳушёр ҳастанд. Ҳоҷат ба «Аз хоби гарон хез!»-гуфтани шумо нест, оғо! Мардум бедор ҳастанд ва некро аз бад, рӯшноиро аз торикӣ, сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонанд. Ҳатто дар ҳамон деҳаи дурдасти ману шумо ҳам вазъи олами имрӯзро, сиёсатҳои Тоҷикистону дунёро ба хубӣ таҳлил карда метавонанд. Аз «осмони ҳафтум» гап намезананд, воқеӣ, заминӣ,  оддӣ,  вале пухта таҳлил мекунанд. Барои мисол, дар ҳама ҷо шунидам, ки мардум ҳамон қонунҳоеро, ки шумо мавриди танқиду тамасхӯр қарор додаед — қонунҳо дар бораи танзими маросимҳо, масъулияти волидайн, бозхонди ҷавонон аз мадориси динии кишварҳои хориҷӣ ва ғайраро хуб пазируфтаанд ва ба манфиати пешрафти ҷомеа медонанд.

Намедонам, оғо, шумо он барномаҳою суҳбатҳои телевизиониатонро худ тамошо мекунед ё ҳамту ба бодашон месупоред,  «То барад бодаш ба саҳроҳо бихонад» (аз Бозор Собир). Ба ин маънӣ мепурсам, ки шумо аксар маврид ончунон ба эйфорияи худситоию худнамоӣ дода мешавед, ончунон ба «ман»-и худ фурӯ меравед, ончунон мафтуни «корномаҳои» Додоҷони Атовулло мегардед, ки  пойҳоятон аз замин канда мешаванд, воқеиятро фаромӯш мекунед.

Шумо дар яке аз барномаҳоятон ба Президент муроҷиат намуда, ба гуфти худ, як сирри ҷиддиеро ошкор мекунед. Шумо мегӯед: ҳаракати мардумии «Ватандор» имрӯз тамоми элитаи сиёсии Тоҷикистонро гирди худ ҷамъ овардааст. Чӣ каромот, чӣ сирре, чӣ сурпрайзе, оғо! Вале беҳтар буд сарпӯши ин кӯзаи пурбодро набардошта будед, ҳамту сарбамуҳр боқӣ мемонд. Ҳоло ман як «сирри» ба воқеият наздиктарро, ки аз манбаи боэътимоде расида, дар гӯшатон гӯям: ин ҷунбиши «мардумӣ»-и Ватандор», оре, якчанд аъзо дорад: раисе дорад,  бо номи Додоҷони Атовулло, хазинадоре дорад…бо ҳамон ном, «ҳуқуқшиноси варзида»-е дорад… бо ҳамон ном, «элитаи сиёсӣ»-е дорад…бо ҳамон ном. Дигар ҳама бод, дигар ҳама жож, дигар ҳама блеф, дигар ҳама ҳеҷ, оғо!

Ва агар чунин ҳаст, ман итминон дорам, ки чунин ҳаст, пас чаро шумо ба худ ин иҷозатро медиҳед, ки аз номи мардум сухан гӯед, аз номи мардум истеъфо талаб кунед, аз номи мардум, намедонам, кафолат диҳед, аз номи мардум «мо дигар сабр надорем» гӯед. Агар шумо сабр надоред, азизам, пас ин мушкили шумо ва танҳо шумост. Барои мардуми Тоҷикистон,  чуноне назарсанҷиҳо гувоҳӣ медиҳанд, аз сулҳ, субот, оромӣ ва якпорчагии кишвар дида волотар чизе нест! Дигар ҳама мушкилот ҳал шуданӣ, ислоҳ шуданиянд!

Ҳамватанони азизи ман, холо шумо дар пешорӯйи интихоб қарор доред — интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — пешво ва роҳбари миллат ва кишвари маҳбубамон. Ба ҳарфи ину он «сарсупурдагон»-у «сарбадорон»,  ки аз фарсахҳо истода, «мо дигар сабр надорем»,  «бедор шавед!», «аз хоби гарон хезед!» — гӯён сало дармедиҳанд, аҳамият надиҳед. Онҳое, ки гумон доранд шумо хобед, худашон хобанд, худашон дар ғафлатанд, худашон бехабаранд. Шумо бедор ва ҳушёред, шумо дидаед ва санҷидаед, шумо худ доноед ва тавоноед!…Гӯшае хилват биравед, биандешед…ва интихоб намоед. Мутмаъин бошед, интихоби шумо дуруст хоҳад буд!

Азиз САНГИН