Аз фаъолияти маҷлисҳои маҳаллӣ

Масъулин муваззаф гардиданд, ки иҷроинақшаҳои омодагӣ ба зимистонро таъмин намоянд

№142 (3288) 26.11.2014

Дар иҷлосия як қатор масъалаҳо, аз қабили «Ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  №183 – 18 аз 24 апрели соли 2014 «Оиди тасдиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №91-1 аз 1 апрели соли 2014 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015», «Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ Рауфӣ А. «Дар бораи рафти иҷрои  Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №27-3 аз 23 сентябри   соли 2010  «Дар бораи чораҳо оид ба ҳифз, нигаҳдошт ва  истифодаи  самараноки  моликияти  коммуналӣ дар  ҳудуди корхонаҳои воҳиди давлатии бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Саховат»-и шаҳри Душанбе», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №175-17 аз 19 декабри соли 2013 «Дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оиди иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2013, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт барои соли 2014 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012», «Дар бораи гузаронидани иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Пушкин 34 ба моликияти ҷумҳуриявӣ», «Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №57 Юсупов Б. Н. оид ба иҷрои ваколатҳои худ», «Дар бораи  ба кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ додани мақоми хиёбон», «Дар бораи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ номгузорӣ намудани хиёбон, воқеъ дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино», «Дар бораи  номивазкунии кӯчаи Пугачёви шаҳри Душанбе», «Дар бораи  номивазкунии кӯчаи Лиза Чайкинаи  шаҳри Душанбе», «Дар бораи  номивазкунии кӯчаи Менжинскийи  шаҳри Душанбе», «Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62, шаҳри Душанбе», «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №12», «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №29» ва «Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар иртибот ба масъалаҳои муҳокимашуда Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони субъектҳои муҳандисии шаҳрро ба он ҷалб намуд, ки вобаста аз имкониятҳои истеҳсоли неруи гармӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ва нақшаи фарогирии гармитаъминкунӣ дар мавсим, омодагии бинову иншоотро барои қабули гармӣ  таъмин намуда, ҷуғрофияи иншооти гармиқабулкунандаро тавассути воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ дастраси  сокинон намоянд.

Зикр гашт, ки дар мавсими пешорӯ аз ҳамаи манбаъҳои гармитавлидкунии ШСХК «Барқи Тоҷик» истеҳсоли танҳо 169 Гкал/соат неруи гармӣ пешбинӣ гардидааст, ки ҳамагӣ 13 фоизи эҳтиёҷоти умумии шаҳрро бо гармӣ (қариб 1300 Гкал/соат) қонеъ мегардонаду халос.

Иҷлосия муқаррар намуд, ки минбаъд дар ҳудуди шаҳр татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ бе пешбинии пайвастшавӣ ба хатти гармии мутамарказ иҷозат дода нашавад.

Дар иҷлосия масъалаи ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии шаҳр бо анвои маҳсулоти ниёзи аввалия, роҳандозии тадбирҳои таъхирнопазир алайҳи болоравии нархи маҳсулот баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳолати муросонопазири хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ  дар шаҳр ҳамчун мубрамтарин масоил баррасӣ ва ҷиҳати ислоҳи вазъ дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид.

Сарфи назар аз корҳои омодагии анҷомгирифта Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  фаъолияти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе – сардори Ситоди шаҳрии омодагӣ ба зимистонгузаронӣ Н.Хайруллоев, муовинони Раиси шаҳри Душанбе Ҷ.Мансуров, Н.Ҳакимов ва Р.Қурбонова, раисони ноҳияҳои шаҳр З.Сафаров, С.Бобоев, А.Қурбонов, С.Алиев ва роҳбарони сохторҳои муҳандисии марбутаи шаҳрро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба ҳар кадоме то 20 декабри соли 2014 барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти фаъолият муҳлат муқаррар намуд.

Дар ин зимн комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  комиссияҳои ҷамъиятию институтҳои шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ муваззаф карда шуданд, ки  назорати дахлдорро аз рӯи фаъолияти масъулини шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои муҳандисию хизматрасонӣ дар ҷодаи таъмини иҷрои нақшаҳои омодагӣ ба мавсим пурзӯр намоянд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар фарҷоми иҷлосия роҳбарияти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрро баҳри анҷоми фаъолияти густурда нисбат ба  пешгирӣ ва муборизаи беамон бар зидди амалҳои коррупсионӣ ҳидоят намуд.

Дар иҷлосия вакилон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ш.Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе