Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Франческо Феррари

№150 (3296) 19.12.2014

17 декабри соли 2014 Маҳмадсаид Убайдуллоев ноиби президенти ширкати итолиёвии «Preston&Barbieri» ҷаноби Франческо Феррари — ғолиби озмуни байналмилалии  эълоннамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба дарёфти интихоби беҳтарин лоиҳа ва пудратчии асосии иҷрои корҳо дар ҷодаи таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ – хароҷотии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе»-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳолати ҷараёни таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ – хароҷотии иншоотро аз ҷониби ширкати мазкур баррасӣ намуда, бо таъкиди зарурати ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бо ин ширкат, қарор доданд, ки  корҳои пешбинишуда 31 январи соли 2015 бобати омодасозии лоиҳаи кории иншоот ва ба экспертиза супоридани он ба анҷом расонида шавад.

Ҷаноби Франческо Феррари зикр намуд, ки Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт», ки дар истеҳсол ва насби аттраксионҳои замонавии он ширкати «Preston&Barbieri» ҳамчун ғолиби озмуни байналмилалӣ иштирок варзидааст, яке аз боғҳои аз ҳама нигоҳ ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳони муосир  буда, дар радифи дигар кишварҳои олам муаррифгари муваффақи маҳсулоти ин ширкат мебошад.

Бо дарназардошти он ки ҳамасола миёни боғҳои аттраксионию фароғатӣ озмунҳои байналмилалӣ  сурат мегиранд ва ин навбат чунин озмун дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар соли 2015 баргузор хоҳад гардид, ҷаноби Франческо Феррари аз Маҳмадсаид Убайдуллоев хоҳиш намуд, ки бобати дар ин озмун пешниҳод намудани номзадии Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» розигӣ диҳад, ки бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Ш. Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳриДушанбе