Мушкилоти ноболиғон ва роҳҳои ҳалли он

№71 (3056) 13.06.2013

Чанде пеш бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Ҷавобгарии ноболиғон: масоил ва роҳҳои ҳалли он» бо иштироки намояндагони  ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ ва  воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. 

Дар оғоз  директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ,  профессор Маҳмад Раҳимов суханронӣ намуда, мақсад ва ҳадафи баргузории ин  чорабиниро дар пешгирии ҷинояткории ноболиғон ва ҳамзамон аз тариқи  корҳои фаҳмондадиҳӣ насли наврасро  ба роҳи дуруст ҳидоят намудан муҳим  арзёбӣ кард. Ӯ  нақш ва масъулияти падару модарро оид ба ҳалли  мушкилоти ҷойдошта муассир ҳисобида, зикр кард, ки оғози заминаҳои ташаккулёбӣ ва тарбияи дурусти ноболиғон ба муҳити оилаи солиму волидони масъулиятшинос вобаста  мебошад.

- Давлат, бо вуҷуди ҳимоя ва ҳифзи оила, як қатор вазифаҳоро низ ба зиммаи волидон гузоштааст, ки заминаи ҳуқуқии он аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад, — гуфт Маҳмад Раҳимов.

Мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дустмурод Муродов  зикр кард, ки  ба мушкилоти ноболиғон ва ҳалли масоили вобаста ба он  аз ҷониби Сарвари давлат ва  Ҳукумат  аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Бисту нуҳуми майи соли 2010 Барномаи кор бо ноболиғон барои солҳои 2010-2015 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Барномаи мазкур ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ  барои инкишоф ва тарбияи насли навраси солим, таъмини ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон пешбинӣ  гардидааст. Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (аз соли 1993) дар бораи ҳуқуқи кӯдак  яке аз санадҳои байналмилалӣ  эътироф шуда,  дар робита бо ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муттаҳидсозӣ ва татбиқи амалӣ гаштани уҳдадориҳои худ ҷиҳати иҷрои пурраи Конвенсияи мазкур як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла соли 2001 бо дастгирии Юнисеф конференсияи аввалини илмӣ оид ба ҳифзи ҳуқуки  кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Тибқи муқаррароти моддаи 34-уми  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории  давлат қарор дорад. Солҳои охир вазъи қонунвайронкунӣ дар байни наврасон боиси нигаронист. Ҳарчанд падару модар, мактаб ва ҷомеа дар ҷараёни таълиму тарбияи фарзандон бояд масъулияти баробар дошта бошанд  ҳам, вале дар аксар маврид  аз ҷониби онҳо бетарафӣ зоҳир мешавад, ки ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад, — гуфт Дустмурод Муродов.

Муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади имлҳои ҳуқуқ, дотсент Субҳиддин Баҳриддинов дар мавзуи «Масоили пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ карда, гуфт, ки соли 2012  ҷиноятҳои ноболиғон нисбат ба  як соли  пеш 14 фоиз зиёд шудааст. Имрӯзҳо зиёда аз 60 — 70 фоизи  ноболиғонро дар марказҳои дилхушӣ дидан мумкин аст, ки даромад ба он ҷо низ пулакӣ мебошад. Чунин ҷойҳо ба тарбияи наврасон таъсири манфӣ мерасонанд.

Барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон андешидани чораҳои таъсиррасонӣ- тарбиявӣ аҳамияти бештар дорад. Ин усул он вақт натиҷа медиҳад, ки ба таври ҳатмӣ дар амал татбиқ гардад.

Дар ҷамъбасти  конференсия директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов баргузории чунин чорабиниро ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ баҳри ошкор сохтани камбудиҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа ва пешгирии қонуншиканиҳо муҳим арзёбӣ кард.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»