Музаффарият ҳамсафари доимиаш буд

№66 (3367) 09.05.2015

ХанжинҚаҳрамони Иттифоқи Советӣ Павел Семёнович Ханжин 15 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Дар маросими дафни ӯ, ки дар майдони  «Ғалаба»- и пойтахт баргузор шуд, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон  Абдулатипов, собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони вазорату ташкилотҳо иштирок доштанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар суханронии худ минҷумла чунин зикр намуд: «Павел Семёнович Ханжин дар тарбияи насли наврас ва фаъолияти ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳр қарор дошт. Хеле рамзист, ки маросими дафни Павел Семёнович дар майдони «Ғалаба»-и пойтахт доир мегардад. Майдони мазкурро ба он хотир интихоб  намудем, ки Павел Ханжин аз ҷумлаи қаҳрамононест, ки  ба душман ғолиб омада, барои мо ғалаба овард».

Воқеан, Павел Семёнович Ханжин дар шумори ҳазорҳо фарзандони далери Ватани паҳновари Иттифоқи Шӯравист, ки барои расидан ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 ҷонбозиҳо кардааст.

Мавсуф баъди хатми мактаб соли 1941 ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи ҳарбии авиатсионӣ- техникии шаҳри Қазон месупорад ва 19 июни соли 1941 курсанти ин омӯзишгоҳ мешавад.

Рӯзи 22 июн шунавандагони омӯзишгоҳро бо бонги хатар ба по хезонданд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд. Вазъият хусусан дар самти Москва хеле душвор гашта буд. Тамоми қувва ба ҳимояи пойтахт — шаҳри Москва равона гашт. Ҳамин тавр, ӯ роҳи ҷангии худро аз мудофиаи Москва оғоз намуд.

Моҳи октябри соли 1941 қисми ҳарбӣ дар деҳаи Малиновка ҷойгир шуд. Павел Семёнович роҳбарии гурӯҳи баталёни алоҳидаи  лижарониро ба уҳда дошт, ки аз ду рота бо шумули 240 нафар ҷанговар иборат буд. Онҳо супориши душвору хавфнокро бояд ба ҷой меоварданд. Ба ақибгоҳи душман гузашта, ба онҳо зарба мезаданд.

Дар чунин набардҳо, ки ногаҳонӣ гузаронида мешуданд, чанде аз душманон асир гирифта шуданд. Иҷрои чунин амалиёт ба матонат, далерию нотарсӣ ва тайёрии пешакии ҷанговарон вобаста буд.

Павел Ханжин минбаъд дар набардҳои душвору мураккаб ҳамчун афсар иштирок менамояд. Баъди хатми курси лейтенантҳои хурд соли 1943 дар вазифаи командири взводи разведка, ротаи автоматчиён, сардори разведкаи полки тирандозии гвардияи 38-уми дивизияи тирандозии 14-ум хизматро идома дод. Дар муҳорибаи Сталинград иштирок намудааст.

Баъди шикаст дар Сталинград фармондеҳони армияи гитлерӣ барои ба Қувваҳои Мусаллаҳи шӯравӣ зарба задан Курскро интихоб намуданд. Қӯшунҳои фронтҳои Воронеж ва «Степной», ки Павел Семёнович Ханжин бо ҳамяроқонаш дар ин ҳайат дохил буд, дар остонаи Харков меҷангиданд. Моҳи августи соли 1943 шаҳри Харков озод гардид. Муҳориба дар Курск ва расидани қӯшунҳои шӯравӣ ба дарёи Днепр гардиши ҷиддие дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳисоб меёбад. Душман соҳили дарёи Днепрро ба истеҳкоми асосии худ табдил дода буд. Онҳо ба ҳар восита барои аз дарёи Днепр гузаштан муқовимати шадид нишон медоданд. Ҳайати фармондеҳии Артиши Шӯравӣ низ тамоми ҷангиёнро ба самти дарёи Днепр ва гузаштан аз он равона карда буд. Маҳз аз ҳамин давра ҳуҷуми қӯшунҳои шӯравӣ ва ақибнишинии пай дар пайи истилогарони фашистӣ оғоз мешаванд.

Гузаштан ба соҳили рости дарё хатари маргвор дошт. Гурӯҳи ҷанговарон, ки қасди гузаштани  онро мекарданд, аз ҷониби душман тирборон мешуданд. Бисёр ҷанговарон қурбон гаштанд. Аммо фатҳи соҳили дарёи Днепр ногузир буд. Дар ин набард шуҷоату далерӣ ба ҷанговарон неру мебахшид. Лейтенанти хурд Павел Семёнович Ханжин ҳангоми гузаштан аз дарёи Днепр дар деҳаи Пушкарёвка аз худ корнамоӣ нишон дод.

24 сентябри соли 1943 гурӯҳи пешсаф иборат аз 24 нафар барои гирифтани истеҳкоми душман дар тарафи рости соҳил мубориза мебаранд. Давоми ду шабонарӯз взводи разведкачиён бо роҳбарии Павел Семёнович Ханжин мавқеи худро то омадани қувваи асосии полк нигоҳ дошта, ба ҳуҷуми чандинкаратаи душман мардонавор истодагарӣ намуданд. Барои ин корнамоӣ бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 20 декабри соли 1943 ба Павел Семёнович Ханжин унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ бо супурдани ордени Ленин ва медали «Ситораи тиллоӣ» дода мешавад.

Баъд аз анҷоми курсҳои такмили ихтисоси ҳайати афсарон соли 1944 ба фронт фиристода мешавад. Хизматро дар ҳайати армияи гвардиягии  панҷуми Фронти Белоруссия идома медиҳад. Дар амалиётҳои Висла- Одер ва Берлин ҳамчун афсари полки разведка иштирок намудааст.

Гирифтани маълумот дар бораи хати мудофиа ва лавозимоти ҷангии душман хеле муҳим аст. Чунин  иттилои дақиқро танҳо разведка метавонад дарёфт намояд. Бахусус дар лаҳзаҳое, ки ғалаба наздик буд. Дар чунин марҳилаи ҳалкунанда гурӯҳи разведкачиён бо роҳбарии Павел Семёнович Ханжин дар амалиёти гирифтани Берлин аз худ далерию шуҷоат нишон доданд. Чунончӣ, 16 апрели соли 1945 ин гурӯҳ аз аввалинҳо шуда, ба шаҳри Бад — Мускауи Германия ҳуҷум менамоянд ва ҳафт нафарро асир мегиранд, ки онҳо доир ба душман маълумоти зиёде медиҳанд.

Пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ идома медиҳад. Соли 1956 Павел Семёнович  Ханжин Академияи ҳарбӣ — сиёсии ба номи Ленинро хатм менамояд. Дар қӯшунҳои ракетавии аҳамияти стратегидошта хизматро идома медиҳад.

Павел Семёнович Ханжин минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Номбурда то охири ҳаёти худ сокини шаҳри Душанбе буд.

Аъзам МӮСОЕВ,  «Садои мардум»