Нуҳсад шабонарӯзи истодагариву қаҳрамонӣ

№63 (3364) 04.05.2015

MДар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳосираи Ленинград, ки 900 шабонарӯз давом кард, ҷойгоҳи хоса дорад. Мудофиачиёни шаҳр ҷасорату матонат, истодагарӣ ва қаҳрамонии бемисл нишон дода, нагузоштанд, ки душмани ғаддору манҳус ба нияти нопоки хеш бирасад.

Олег Дмитриевич Соболев шоҳиди бевоситаи он рӯзҳои мушкил ва ҳамзамон фаромӯшнопазир буд…

- Қабл аз он ки дафтари хотираамро варақгардон кунам, ба роҳбарияти рӯзномаи парламентии кишвар барои таваҷҷуҳ нисбати мо, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, изҳори сипос менамоям, — мегӯяд Олег Дмитриевич ва ба суханонаш идома медиҳад: — Муҳосираи шаҳри Ленинград, ҳамчуноне медонед, 900 шабонарӯз – аз моҳи сентябри соли 1941 то моҳи январи соли 1944 идома ёфт. Таърихшиносон мегӯянд, ки тӯли таърихи панҷҳазорсолаи тамаддуни башарӣ ҷангҳо қариб бе танаффус идома доштанд ва ба он назаранд, ки инсоният давоми ин муддат ҳамагӣ сесад сол дар оромӣ зистааст ва ҳеҷ гоҳу ҳеҷ вақт ҳангоми муҳосираи шаҳрҳою қалъаҳо муҳофизонаш ин қадар муддати дароз, мисли ленинградиҳо, истодагарӣ накардаанд.

Олег Дмитриевич ленинградӣ аст, зеро ӯ дар Петергоф таваллуд шудаву зиндагӣ кардааст. Ноҳияи Петергоф бошад, ба ҳайати шаҳри Ленинград дохил мешуд.

– Аз Ленинград то Петергоф тавассути роҳи оҳан, ки аз соҳили халиҷи Фин мегузашт, 30 километр масофа буд. Вақте ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд, дар Петергоф ду баталёни қиркунандаи қӯшунҳои Комиссариати халқии умури дохилаи вилояти Ленинград ташкил шуд. Он вақт ман 17-сола будам ва ихтиёран ба яке аз ин баталёнҳо шомил гардидам, — ба хотир меорад Олег Дмитриевич. – Рӯзи 21 сентябри соли 1941 баталёнҳои мо аз самти Петергоф ба сӯи стансияи роҳи оҳани Стрелна ҳаракат карданд ва бо дамидани субҳ ба ҷанг даромаданд. Муҳориба як шабонарӯз давом ёфт ва бо фармони командирҳо, баталёнҳо ба Петергоф ва баъдан ба Ораниенбаум (ҳоло шаҳри Ломоносов)  канора рафтанд. Он ҷо ҳар ду баталён муттаҳид шуданд, зеро дар муҳорибаи назди Стрелна талафоти мо беш аз 200 нафарро ташкил мекард.

Зимистони қаҳратун ва гуруснагиовари солҳои 1941-1942 баталёни мо дар Ораниенбаум хизмати пайроҳадориву посбониро адо мекард. Шаҳри мазкур дар маркази тангнои Ораниенбаум воқеъ буд ва дар он ҷо ҷузъу томҳои армияи ҳаштум ва ду бригадаи пиёдагарди баҳрӣ ба мудофиа машғул буданд. Ҷабҳаи ин тангно ба дарозӣ 65 километр ва ба умқ 20 километрро  ташкил дода, як қисми халиҷи Финро, ки он ҷо базаи Флоти байрақи сурхдори Балтийск –шаҳри Кронштадт, қалъачаи тӯпҳо ва инчунин киштиҳои ҳарбӣ ҷойгир буданд, бо худ мепӯшонид. Истилогарони фашист моҳи сентябри соли 1941 кӯшиш карданд, ки қӯшунҳои моро ба дохили халиҷ дур андохта, баъдан бо нест кардани флот аз ин роҳ ба Ленинград зада дароянд. Муҳофизони тангно бо дастгирии артиллерияи Кронштадт ва киштиҳои баҳрӣ ин нақшаи душманро барбод доданд.

Ман моҳи июли соли 1942 ба сифати миномётандоз ба ҳайати бригадаи алоҳидаи тирандозии пиёдагарди баҳрӣ шомил шудам. Қабл аз ин дар баталёни тандурустӣ табобат гирифтам, зеро дучори дистрофияи пурра ва мубталои цинга гардида будам. Ҳамаи онҳое, ки дар муҳосира мезистанд, хуб медонистанд, ки ин чӣ гуна беморӣ аст.

Аз Олег Дмитриевич суол мекунам, ки ба шарофати чӣ дар муҳосирамондаҳо истодагарӣ карданд. Онҳоро чӣ рӯҳу тавон мебахшид?

Дар ҷавоб мӯйсафед чанд лаҳза сукут кард. Баъд ба рӯяш сурхӣ дамиду сар бардошт ва бовиқор ба сухан гуфтан пардохт:

- Ленинград шаҳри махсус аст, одамонаш низ. Сокинонаш бовар доштанд, ки шаҳри худ – гаҳвораи инқилоби Октябрро ҳеҷ вақт ба душман таслим намекунанд. Рӯҳи қавии одамон имкон дод, ки онҳо чунин қаҳрамонӣ нишон диҳанд. Аҳолии шаҳр дар кӯтоҳтарин муддат ҳалқаҳои муҳофизатӣ муҷаҳҳаз бо дзотҳо ва хандақҳо бунёд карданд, ки ба садҳо километр тӯл кашид. Аз ҷумлаи аҳолии шаҳр 90 баталёни қиркунанда, якчанд дивизияи фронти халқӣ ва дигар ҷузъу томҳо ташкил ёфта, онҳо ҳама ба сафи қисмҳои ҳарбӣ дохил шуданд.

Ленинград ҳам меҷангид ва ҳам кор мекард. Масалан, дар заводи ба номи Киров, ки аз хати фронт ҳамагӣ шаш километр дур буд, истеҳсоли аслиҳа, дигар муҳимоти ҷангӣ ва танкҳо лаҳзае қатъ намеёфт. Дигар корхонаҳо низ фаъолият доштанд ва барои ҷабҳа маҳсулоти зарурӣ истеҳсол мекарданд. Шаҳр бе барқ мезист, корхонаҳо бошанд, бо кабелҳое, ки аз зери кӯли Ладога бо Неругоҳи барқи обии «Волхов» пайваст буданд, бо барқ таъмин мешуданд. Аз тариқи кӯли Ладога «роҳи ҳаёт» низ мегузашт ва тавассути он ба шаҳр муҳимоти ҷангӣ ва нон мекашониданд. Беҳуда набуд, ки ҳама фасли сол ин роҳ мавриди бомбаборони фашистҳо қарор гирифта буд.

Моҳи ноябри соли 1941 маротибаи панҷум меъёри тақсимоти нонро ба аҳолии шаҳр кам карданд. Акнун коргарон дар шабонарӯз 250 грамм нон мегирифтанду аъзои оилаи онҳо ва кӯдакон 125 грамм. Нон ҳақиқӣ набуд, дохили он ҳамагӣ 20 фоиз орд дошту халос. Зиёдшавии меъёр бошад, танҳо аз моҳи январи соли 1943, вақте ки бо саъю кӯшиши қувваҳои ҷабҳаҳои Ленинград ва Волхов муҳосира шикаста, аз соҳили ҷануби кӯли Ладога роҳи оҳан хобонида шуд ва қатораҳо ба шаҳр бор оварданро шурӯъ карданд, ба амал омад.

Сокинони шаҳри соҳили Нева тӯли ин солҳо маҳрумияти зиёдро паси сар карданд. Давоми солҳои муҳосира беш аз як миллион нафар аҳолии шаҳри азизи мо аз гуруснагӣ, сардӣ ва тирпаррониҳои бе танаффуси тӯпҳои душман ва бомбаборон кардани тайёраҳои фашистони ғаддор ба ҳалокат расиданд.

Олег Дмитриевич Соболев дар даврони ҷанг тирандоз, миномётандоз, алоқачӣ, телефонисти саҳроӣ, ҷанговари ротаи силоҳҳои зиддитанкӣ ва дар охир сардори радиостансияи штаби 183-юми дивизиони зиддитанкии алоҳидаи қиркунанда буд.

- Ҳангоми муҳорибаҳои назди шаҳри Ленинград мо истеҳкоми зиёд бунёд кардем ва ман заминкан, ҷангалбур, сохтмончии дзот ва иштирокчии муборизаи доимӣ бо об низ будам, — ба хотир меорад Олег Дмитриевич. – Хати муҳофизати мо аз ҷангали ботлоқӣ убур мекард ва мо, 12 нафар миномётандозон, ҳар субҳу шом аз заминкан 75 сатил оби он ҷо ҷамъшавандаро берун меандохтем.

Ҳангоми муҳорибаҳо барои ҳифзи Ленинград ва баъд аз он ман дар ҳайати қисмҳои ҳарбии гуногун ҷангидаам ва аз ҳар яки он хотироти фаромӯшнашуданӣ дорам, — мегӯяд ҳамсуҳбатам хоҳиши маро дар бораи нақл кардани яке аз чунин лаҳзаҳо пазируфта.

-Душвортарин лаҳза бароям охири тирамоҳи соли 1943 буд. Он вақт ман дар ҳайати як гурӯҳ разведкачиён бо мақсади ба даст овардани маълумот ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷангӣ ширкат доштам.

Саломатиам баъди табобат хуб шуда, сари китфонам қуттии минадори 16-килограммиро осон бардошта мебурдам. Ҳамроҳи минагузор ба наздики дзоти калони фашистҳо хазидем, то ин ки ба зери он 20 килограмм маводи инфиҷоршаванда гузорем. Халатҳои сафедамон бо барф ҳамсон, аммо анҷом додани чунин амал зери бинии душман осон набуд. Ҳамгурӯҳонамон ба зери ду дзоти дигар низ чунин мавод гузоштанд ва ба ҷойҳоямон баргаштем. Бо дамидани субҳ ҷанг оғоз ёфт. Аввалин шуда, ба дзотҳои фашистон ду силоҳи 45-миллиметраи мо зарба зад. Якчанд пулемётҳо онҳоро дастгирӣ мекарданд, барои зарар расонидан ба ақибгоҳи наздики душман бошад, аз миномётҳо истифода мекарданд.

Ана дар чунин вазъият се гурӯҳи разведкачиён ба пеш ҳаракат карданд ва ба ҳайати гурӯҳи сеюмаш ман низ шомил будам. Маводи инфиҷории гузоштаамонро дигар ҳамяроқонамон ба ҳаракат дароварданд. Ду дзоти душман хароб шуд, вале маводи инфиҷории зери дзоти тарафи ростгузошта бо кадом сабабе натаркид. Мо минагузоронеро, ки ин корро анҷом дода буданд, лаънат мехондем. Дар чунин ҳолат командири гурӯҳамон аз ҷой баланд шуду амри ба пеш рафтан дод. Аз амбразураи дзот тарафи мо борони тир рехт. Командир аз дасташ  ҷароҳат бардошт. Маҷбур шудем худро ба замин андохта, дохили  барф  ҷой шавем ва ба ақиб баргардем. Тири аз пулемётҳо беруномада аз болои сарамон гузашта мерафт.

Ин қадар ғавғое, ки ҷанги он пагоҳирӯзӣ оғозшуда баланд карда буд, дар ин қисмати ҷабҳа дер гоҳ нашуда буд. Барои фашистҳо бошад, ин  зарбаи огоҳонӣ буд, зеро баъди ду моҳ торумори қатъии онҳо дар наздикии Ленинград оғоз ёфт.

Сари синаи Олег Дмитриевичро мукофотҳои ҷангии зиёд зеб  медиҳанд. Ӯ мегӯяд, ки қадру манзалати ин мукофотҳо бароям яксон аст. Ҳамаашон бароям азизанд. Бо ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи I ва медали «Барои шуҷоат» фахр мекунам, онҳо барои ҳама ҷанговарони советӣ гаронбаҳоянд. Ба медали «Барои озодкунии Прага» менигараму хотироти равшане пеши назарам меояд. Медали «Барои муҳофизати Ленинград» ва нишони сарисинагии «Муҳофизатгари платсдарми Ориниенбаум» бошанд, бароям боз ҳам бештар арзиш доранд, зеро 900 рӯзи дар муҳосирамондаи шаҳри азизам ва ҷоннисориҳои ҳамшаҳриёнаму дигар мардуми  Иттиҳоди Шӯравӣ барои  аз муҳосира берун овардани шаҳри Ленинград ҳеҷ аз назарам дур намешаванд. Ҳарчанд ки ҳафт соли охир  чашмонам хира шудаанд, бо чашми дил он рӯзҳоро ёд мекунам, рӯзҳои душвори гузаштаро ба хотир оварда, шукри дӯстии халқҳоро менамоям, зеро мо аз баракати  муттаҳидӣ, ҷоннисорӣ, далерӣ ва  мардонагӣ ба ин пирӯзии  бузург расидем.

Бо амри тақдир ҳаёти баъдиҷангии Олег Дмитриевич Соболев бо Тоҷикистон пайванд шуда, солҳои 50- уми асри ХХ ба Душанбе омад.  Рӯзноманигориро пешаи худ кард. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» фаъолиятро оғоз намуд. Баъдан ёрдамчии вазири  фарҳанги ҷумҳурӣ шуд, аммо журналистика ӯро боз сӯяш хонд. Ду сол мудири шуъбаи рӯзномаҳои «Комсомолец Таджикистана» ва «Сталинобод» буд. Аз соли 1959  дар ТоҷикТА (ҳоло АМИТ «Ховар») ба фаъолият пардохта, тӯли 53 сол дар ин ҷо вазифаҳои муҳаррир, сармуҳаррир, мудири шуъба ва шореҳиро бар зимма дошт.

Мо Олег Дмитриевич Соболевро бо иди бузурги 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик мегӯем ва барояш сиҳатмандӣ ва хушнудии рӯзгор таманно  мекунем.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»