Ободии маҳалла аз сокинон вобастагӣ дорад

№44 (3190) 01.05.2014

Сокинони кӯчаю маҳаллаҳои пойтахт  дар маъракаҳои  бунёдкорӣ иштироки фаъолона доранд. Маҳаллаи «Яккачинор»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  имсол аз ҷумлаи  беҳтарин маҳаллаҳо ҳисобида шуд. Хабарнигори мо аз хусуси иштироки сокинони ин маҳалла дар ободу зебо гардонидани маҳал  бо  раиси маҳаллаи мазкур Абдулло Давлатмуродов ҳамсуҳбат гардид.

- Маҳаллаи «»Яккачинор»-и  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз маҳаллаҳои куҳанбунёди пойтахт ба ҳисоб меравад. Ҳар сол,  чун анъана, бахшида  ба Рӯзи пойтахт озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт» гузаронида мешавад. Дар он  маҳаллаҳо барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои беҳтарин ширкат меварзанд. Имсол ба мо низ муяссар гардид, ки  дар ин чорабинӣ иштирок намоем. Бо иқдоми шаҳрдорӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ маҳаллаи «Яккачинор» ободу зебо  мешавад. Сокинон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳалларо ба яке аз гӯшаҳои зебоманзари пойтахт табдил диҳанд. Ба истифода додани биноҳои хуштарҳу ҳозиразамон ҳусну таровати маҳалларо боз ҳам зебову дилрабо намудааст. Сокинони маҳалла бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саиднуриддин Алиев кӯчаҳои  Мушфиқӣ, Раҳмон Набиев, Нарзибеков Маҳмудбекро мумфарш намуда,  зиёда аз 300 дона дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ, 500 гулҳои рангоранги мавсимӣ шинониданд.

-Дар маъракаи кабудизоркунӣ  кормандони ташкилоту муассисаҳо низ саҳм мегузоранд. Кӯчаи Клара Сеткина ба номи ходими ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ  Маҳмудбек Нарзибеков номгузорӣ  шуд,- гуфт  Абдулло Давлатмуродов.

Шӯрои маҳаллаи «Яккачинор» барои татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» як қатор тадбирҳои назаррасро ба анҷом расонид. Фарзандони сокинони маҳалла дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи  умумии № 28, 51, 72 таҳсил менамоянд. Бо падару модарони хонандагони мактабҳои номбурда бо иштироки раиси ноҳия, шуъбаи маориф, кормандони мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ дар се моҳи аввали  соли равон зиёда аз даҳ вохӯрии судманд гузаронида, моҳияти қонунҳо ба ҳар як падару модар расонида шуд. Нозири минтақавӣ, подполковники милитсия Олим Ёқубов ҳамеша бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир менамояд. Натиҷаи андешидани ин чорабиниҳо буд, ки аз ҷониби сокинони маҳалла, хусусан ҷавонон,  ҳолатҳои қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашуд. Ҷавонони синни даъватӣ бо хоҳиши худ ба  сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мешаванд. Дар даъвати баҳорӣ низ ҷавонон аз ин маҳалла ба хизмат даъват шуда истодаанд.

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Шӯрои маҳалла нақшаи корӣ тартиб дода шудаааст. Барои баргузории ҳар як маърака аз тарафи  бахши оид ба  корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ иҷозатнома дода мешавад. Маъракаҳо дар вақти муайяншуда баргузор ва  аз тарафи аъзои Шӯрои маҳалла назорат мешавад. Дар маҳаллаи «Яккачинор» зиёда аз 40 оилаи ниёзманд истиқомат мекунад, ки ҳамасола дар  иду ҷашнҳои расмӣ ва мардумӣ ба онҳо  кумаки моддиву молиявӣ расонида мешавад.

Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар доираи озмуни «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт» хатнасури панҷ нафар фарзандони оилаҳои ниёзманд  аз тарафи шахсони саховатпеша — сокинони маҳалла Ҳоҷӣ Қурбонов, Ҷӯрахон Қурбонов ва сарвари ошхонаи миллии маҳалла Абдуҳалим Салоҳиддинов гузаронида шуд. Дар  корҳои ободониву кабудизоркунӣ,  таҷлили ҷашну маъракаҳо ва чорабиниҳои хайриявӣ саҳми  сарвари тарабхонаи «Яккачинор» Мурод Сафаров низ назаррас аст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»