Омодагӣ ба ҳамоиши бузург

№70 (3371) 21.05.2015

9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015)  баргузор мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот, Гурӯҳи корӣ ва котиботи ин конфронс ташкил гардидааст. Ҳамзамон Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конфронси мазкур фаъолият дорад. Бо хоҳиши хабарнигорамон раванди омодагиҳо ба ин ҳамоиши бузургро ҳамраиси Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи конфронс, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода шарҳ дод:

-Конфронси мазкур тибқи Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) ва талошҳои минбаъда ба хотири расидан ба рушди устувори захираҳои об», ки моҳи декабри соли 2014 қабул шуда буд, баргузор хоҳад гардид. То ин дам барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии пураҳамияти сатҳи байналмилалӣ корҳои зиёд анҷом ёфтанд. Барои иштирок дар кори конфронс намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва бахши хусусӣ даъват шудаанд.

Тавре маълум аст,чанде пеш дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об доир гардида, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд. Сарвари давлат роҷеъ ба конфронси мазкур, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Фикр мекунам, ки дар чаҳорчӯбаи конфронси Душанбе бо иштироки намояндагони кишварҳо, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва бахши хусусӣ ҷараёни татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» ҳамаҷониба арзёбӣ гардида, вазифаҳои навбатӣ дар самти дастёбӣ ба рушди устувор дар соҳаи захираҳои об муайян карда мешаванд. Қобили зикр аст, ки форумҳои ҷаҳонии об дар ҳалли масъалаҳои мубрами об дар тамоми ҷаҳон саҳми бисёр арзишманд мегузоранд».

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки бо ташаббуси Тоҷикистон силсилаи қатъномаҳои муҳими Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об қабул гардиданд ва аз ҷумлаи онҳо ду қатънома, ки ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) бахшида шудаанд, бори аввал аз ҷониби кишвари мо маҳз дар ҷараёни ин чорабиниҳо, дар шаҳри Киото, дар Форуми сеюм ва дар шаҳри Истанбул, дар чаҳорчӯбаи Форуми панҷуми умумиҷаҳонии об эълон шуда буданд.

Конфронси фавқуззикр бори дигар аз азми қавии роҳбарияти Тоҷикистон оид ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳон, таъмини дастрасии аҳолии сайёра бо оби тоза гувоҳӣ медиҳанд.

Дар сомонаи кумитаи ташкилии конфронс Паёми раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷой дода шудааст ва дар он аз ҷумла зикр шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори «Соли байналмилалии оби тоза» (соли 2003),  Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (соли 2013) ба рушди ҳамкориҳои минбаъда барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳавасманд аст. Мо боварӣ дорем, ки конфронси Душанбе хеле муҳиму аҳамиятнок хоҳад буд ва барои сафарбарии тамоми қувваҳои ҷонибҳои ба ин кор ҳавасманд платформаи асосӣ мешавад».

Конфронс дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» доир гардида, рӯзҳои баргузории конфронс дар ин ҷо Намоишгоҳи байналмилалии «Об — барои ҳаёт» низ ороста мешавад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»