Паймони бародаршаҳрӣ ва воқеияти аҳдҳо

№ 12.11.2014

питер

Ҳайати бонуфузи бародаршаҳри Душанбе аз шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳти раёсати Губернатори Санкт-Петербург Георгий Сергеевич Полтавченко дар доираи баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе шоми 6 ноябри соли 2014 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  самимона истиқбол намуданд.

Субҳи 7 ноябр Георгий Сергеевич Полтавченко дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва оташи ҷовидони Боғи Ғалаба гулчанбар гузошт.

Сипас, дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе суҳбати хосаи Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Георгий Полтавченко сурат гирифта, дар идома таҳти раёсати онҳо мулоқоти ҳайати ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳо баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки 6 октябри соли 1991 шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Россия баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баста буд. Баҳри густариши ҳамкориҳо 30 апрели соли 1999 Созишномаи нав дар бораи паймони бародаршаҳрӣ ва Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

Зикр гардид, ки тақозои замон ва муносибатҳои бародаршаҳрӣ буд, ки ҳамкориҳои мутақобила баҳри расидан ба ҳадафҳои судманд густариш бахшида шаванд. Бунёди корхонаҳои саноатии муштарак, коркарди маҳсулоти агросаноатӣ, воридоти технологияи каммасрафи неруи барқ дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, ҷалби инвеститсия ва соҳибкорони Санкт-Петербург ба рушди соҳибкории хурду миёна, интиқоли таҷҳизоти пешрафтаи тиббию саноатӣ, ҳамкориҳо дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, нигаҳдории инфраструктураи шаҳрӣ, маорифу тандурустӣ, таъминоти мактабҳои русии шаҳр бо китобу лавозимоти дарсӣ, афзудани квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии шаҳри Санкт-Петербург, ташкили курсҳои омӯзиши забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбии шаҳри Душанбе ва фароҳам овардани шароити арзанда барои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ имконоти мувофиқи мақсад дониста шуд.

Сергей Полтавченко бо пазироӣ аз пешниҳодоти Маҳмадсаид Убайдуллоев аз омодагии қавии худ ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки доираи васеи субъектҳои қонунгузорӣ ва хоҷагидории шаҳри Санкт-Петербугро муаррифӣ менамоянд, таъкид сохт, ки амалӣ гардидани ин иқдомот дар муносибатҳои бародаршаҳрии ҷонибҳо саҳифаҳои навро боз мекунад. Губернатори Санкт- Петербург аз Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват ба амал овард, ки соли 2015 дар фурсати барояшон муносиб нисбати баргузории Рӯзҳои Душанбе дар Санкт-Петербург барномарезӣ намояд.

Қобили зикр аст, ки дар ин мулоқоти судманд масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар сатҳи нав роҳандозӣ намудани ин раванди характери глобалидошта ҳамчун яке аз масъалаҳои калидӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт ва ҷонибҳо омодагии хешро бобати бастани Меморандум байни Ҳукумати Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои марбут ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ изҳор доштанд.

Дар фарҷоми мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Георгий Полтавченко аз натиҷаи тафоҳумоти бадастомада ва нақшаҳои минбаъдаи рушди муносибатҳои бародаршаҳрӣ барои доираи васеи воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуданд.

Сипас, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Георгий Полтавченко ба Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо иштироки доираи васеи ҳайати ҳар ду ҷониб ба кори конференсия оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, ки фарогири мизҳои мудаввар оид ба «Ҳамкориҳо дар соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ», «Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф», «Ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ» ва ғайра буданд, оғоз бахшиданд. Дар ҷараёни ин ҳамоиш аз тарафи Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Георгий Полтавченко Меморандум байни Ҳукумати Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои марбут ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонида шуд.

Баъд, М. Убайдуллоев ва Г. Полтавченко ба Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ташриф оварда, дар ҳузури аҳли зиё ва ҳаводорони санъати баланди тасвирӣ намоиши мусаввараҳои рассоми тоҷиктабори шаҳри Санкт-Петербург Матлуба Яҳеёваро, ки дар Тоҷикистон низ маҳбубияти хоса дорад, ифтитоҳ намуда, сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ташаккули шахсият махсус таъкид намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Георгий Полтавченко бо ҳайати ҳамроҳонашон ҳамчунин аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92- юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар он таълим бо забони русӣ ҷараён дорад, дидан намуда, аз шароит ва имкониятҳои фароҳамгардида барои муҳассилин изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар ҳузури онҳо аз ҷониби маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92- юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва мактаби миёнаи №261- уми ноҳияи Кирови шаҳри Санкт-Петербург Созишномаи ҳамкориҳои байнимактабӣ ба имзо расид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Георгий Полтавченко аз қароргоҳи Пойгоҳи 201-уми ҳарбии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид анҷом дода, дар толори Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаи консертии оркестри камеравии «БИС-КВИТ»-и шаҳри Санкт-Петербург ҳусни оғоз бахшиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар муассисаҳои алоҳидаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе маслиҳатҳои тиббии табибони шаҳри Санкт-Петербург ба сокинони Душанбешаҳр вобаста ба ҷарроҳии дили кӯдакон, анестезиология, гинекология, неврология ва тибби оилавӣ ироа гардида, семинар-мубоҳиса бо иштироки табибони шаҳри Санкт-Петербург  баргузор шуд.

Ш. САИДОВ,