Шаҳрдорӣ

№154 (3139) 07.12.2013

Суҳбати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Евгений Тубол

 4 декабри соли 2013 раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев  командири Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон полковник Евгений Туболро, ки ба тозагӣ ба ин вазифа таъин гардидааст,  бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои мутақобила, риояи фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ, тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби аскарону афсарони Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва тақвияти робитаҳоро дар самти баргузории чорабиниҳои муштараки ёддоштиву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки ҳайати шахсии Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон минбаъд низ тавассути эҳтиромгузорӣ ба сокинони маҳаллӣ ва риояи муқаррароти Созишномаи марбутаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия оид ба статуси будубоши Пойгоҳи мазкур дар иҷрои вазифаҳои таъинотии худ намунаи ибрат хоҳад монд.

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои шаҳрӣ

Бо қарорҳои марбутаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Холиқов Муним Маъруфович, ки дар гузашта  вазифаи сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо иҷро менамуд, мудири шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.

Шералиев Абдуҳомид Бобоевич  аз вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» озод ва ба ин вазифа Саидов Фирдавсӣ Ҳамроқулович, ки қаблан дар вазифаи директори Корхонаи  коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и шаҳри Душанбе фаъолият мекард, таъин гардид.

Директори Корхонаи  коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и шаҳри Душанбе Давлатов Ҷумахон Бегович таъин карда шуд.

Ш. Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе