Шунидани сухани нав ё шеъри ноб гуворост

№124-125 (3109-3110) 05.10.2013

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату муассисаҳо, идораҳои давлатӣ семинар, мизи мудаввар ва вохӯриҳо бо олимону шоирон доир гардида истодааст.

27 сентябри соли 2013 дар толори маҷлисгоҳи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуйи «Забон — ҳастии миллат» мизи мудаввар баргузор шуд.

Мизи мудавварро муовини сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков ифтитоҳ бахшид.

Сипас, дар назди иштирокчиён сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Баҳром Шарифхонов бо сухани муқаддимавӣ ва табрикот баромад кард. Ӯ иброз дошт, ки пас аз хизмати шабонарӯзӣ шунидани сухани нав, шеъри ноб ё латифаи намакин хеле гуворо аст. Аз ин рӯ, мо ташрифи шумо –аҳли илму адабро ҳама вақт пазиройӣ мекунем.

Дар назди ҳайати шахсӣ олимони маъруф -доктори илмҳои филология, профессор Абдуғаффор Ҷӯраев, мудири шуъбаи забони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Сайфиддин Мирзоев, шоирони ширинкалом Шаҳрияи Адҳамзод, Аҳлиддин Ҳисорӣ ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ Маъдӣ Абдураҳмонов ва Миҷгона Аслонова бо маърӯзаҳои илмӣ, қироати шеърҳои нав ва андешаҳо перомуни покизагии забон изҳори андеша ва мулоҳиза карданд.

Т.ФАРРУХПАЙ, «Садои мардум»