Сохтмони терминал идома дорад

№71 (3056) 13.06.2013

Дар ҶСК «Фурудгоҳи байналимилалии Душанбе» сохтмони терминали нав барои мусофирон босуръат идома дорад. Хотиррасон мекунем, ки терминали нав дар асоси қарордод миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Фаронса сохта мешавад. Маблағи умумии сохтмон 39 млн. евроро ташкил медиҳад, ки аз он 20 млн. евроро Фурудгоҳи  байналмилалии Душанбе ва  19 млн. евроро ҷониби Фаронса пардохт мекунанд.

Масоҳати умумии терминал 11  ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, хизматрасонӣ ба 500 мусофир дар як соат ба назар гирифта шудааст.

Ширкати сохтмонии «VINCI» аз 28 ноябри соли 2012 ба сохтмони терминал шуруъ кард. Айни ҳол корҳои бетонрезӣ пурра анҷом ёфта, васл намудани конструксияҳои металлӣ идома дорад. Аз моҳи июл васли шабакаҳои муҳандисӣ-техникӣ оғоз мегардад. Дар назар аст, ки терминали нав то охири соли 2014 ба истифода дода шавад.

Тазаккур бояд дод, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз калонтарин фурудгоҳҳои кишвар ба ҳисоб рафта, интиқоли мусофирон ҳамасола рӯй ба афзоиш дорад. Соли 2012 ба 1 349 164 мусофир хизмат расонида шудааст.

М. Шодиев, котиби матбуотии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»