Суҳбати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Юрген Штрауб

№113 (3098) 11.09.2013

6 cентябри соли 2013 раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати меҳмонони бародаршаҳри Душанбе аз Ройтлингени Олмонро таҳти сарварии аъзои Маҷлиси шаҳрии Ройтлинген ҷаноби Юрген Штрауб, ки тайи чанд рӯз аз Тоҷикистон дидан доштанд, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот раиси шаҳр аз ташрифи меҳмонон изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки робитаҳои ҳасанаи бародаршаҳрӣ имрӯз имкон медиҳанд, ки дар радифи табодули таҷрибаи ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳаҳои фарҳанг, маорифу тандурустӣ бахши сайёҳӣ низ рушд карда бошад.

Ҷаноби Юрген Штрауб аз пазиройӣ ва муҳтавои суҳбати анҷомгирифта изҳори сипосмандӣ намуда, ба Маҳмадсаид Убайдуллоев номаи шодбошии Обербургомистери Ройтлинген хонум Барбара Бошро ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, аз бардоштҳои неки худ оид ба пешрафтҳои  Тоҷикистон, пеш аз ҳама пойтахти он шаҳри Душанбе ибрози ақида намуданд.

Дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев бо истифода аз ҳузури меҳмонон Обербургомистери Ройтлинген хонум Барбара Бошро ҷиҳати иштирок дар ҷашни 90- солагии шаҳри Душанбе даъват кард.

Ш. Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе