Тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба

№64 (3365) 06.05.2015

Чанде қабл ҳайати вакилони Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии ёрдамчии вазир Лю Юезин доир ба масъалаҳои таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои судманд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ба ҳайати вакилон инчунин роҳбари Департамент оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар, муовини роҳбари Департаменти муносибатҳои байналмилалӣ ва як қатор ҷузъу томҳои ин вазорат шомил буданд.

Зимни ин сафар ҳайати вакилон аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назарзода меҳмононро бо вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯйии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар дар минтақа, ҳамкории муштарак бо Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой ошно намуд. Роҳбари Агентӣ ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар махсусан зикр намуд.

- Мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ тарафҳо механизми ҳамкории байналмилалиро созмон додаанд ва ин ҳамкорӣ дар чорчӯбаи СҲШ низ таври фаъол ба роҳ монда шудааст, — гуфт ӯ.

Рустам Назарзода иттилоъ дод, ки байни Агентӣ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой як қатор амалиёти бобарор анҷом ёфт, ки ин заминаи мустаҳкам барои давом додани ҳамкорӣ мебошад. Ӯ инчунин пешниҳод намуд, ки мубодилаи иттилоот байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҳамкории дутарафа дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба роҳ монда шавад.

Мавсуф зикр намуд, ки соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардид, ки мақсади асосии он коҳиш додани паҳншавии ғайриқонунии маводи нашъаовар ва истифодаи ғайритиббии он, оқибатҳои муомилоти ғайриқонунӣ барои бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат, инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мебошад.

Тавре зикр гардид аз соли 2008 то соли 2014 Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Агентӣ дар намуди таҷҳизоти техникӣ, нақлиёт ва омӯзиши кормандон кумак расонидааст.

Дар навбати худ Лю Юезин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, созмон додани алоқаи мустақим байни идораҳо ва мубодилаи иттилоот як қатор пешниҳодҳо намуд. Ӯ инчунин зикр кард, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой омода аст коршиносонро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намояд.

Тарафҳо қарор доданд, ки дар нимаи дуюми соли ҷорӣ амалиёти муштараки зиддимухаддиротии оперативӣ-пешгирикунандаро бо мақсади ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой ва бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовари синтетикӣ ва прекурсорҳо аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.

Дар охир ҳайати вакилон аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ, лабораторияи экспертизаҳои судӣ ва утоқи нигоҳдории маводи нашъаовар дидан намуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»