«Тоҷиксодиротбонк» тренерҳои худиро омода намуд

№81-82 (3066-3067) 01.07.2013

ДУШАНБЕ. ( Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Чанде пеш машғулият оид ба тайёр кардани тренерҳои касбӣ, ки дар асоси ҳамкорӣ бо Фонди Шпаркассештифтунги Олмон баҳри тақвияти кори Маркази таълимиии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ҷараён дошт, анҷом ёфт. Дар интиҳои машғулият ҳафт нафар кормандони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» аз санҷиш гузашта, соҳиби сертификати тренерӣ шуданд. Ба ин муносибат дар бинои асосии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» маросими тақдими сертификатҳо бо иштироки раиси бонк, профессор Тоҷиддин Пиров, намояндагони Фонди Шпаркассештифтунги Олмон ва кормандони бонк баргузор гардид. Қаблан низ шаш нафар корманди бонк, баъд аз гузаштани як давраи омӯзишӣ, соҳиби ҳамин гуна сертификат шуда буданд.