Дар бинои Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Шӯрои адлия, раисони суд, судяҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо мақсади ҳамаҷониба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, ҷиҳати рафти баррасии парвандаҳо кушодашавии утоқҳо баргузор гардид. Бояд зикр намуд, ки утоқҳои пурсиши некхоҳона барои ноболиғон аз тарафи роҳбарияти Шӯрои адлия, ЮНИСЕФ ва Оҷонсии Швейтсарӣ ифтитоҳ ёфт. Тавре муовини раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Қаландарова зикр кард, Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро Тоҷикистон 26 июни соли 1993 эътироф намуд ва дар ин замина Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис ёфта, 9 октябри соли 2009 «Нақшаи амали миллӣ оид ба ислоҳот дар самти адолат нисбати ноболиғон барои солҳои 2010-2015» тасдиқ гардид.
- Ҳамзамон соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуд, ки ин боиси зиёд шудани масъулияти волидайн мегардад. Сарфи назар аз тадбирҳои андешида бобати пешгирии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон ин тамоюл рӯ ба афзоиш дорад,- зикр намуд номбурда.
Аз ин лиҳоз, — афзуд мавсуф, — баҳри таъмини муҳити солим, ҳимоя намудан аз омилҳои ба руҳияи кӯдак таъсиркунанда бо дастгирии бевоситаи намояндагии ЮНИСЕФ дар бинои Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ утоқҳо ва толори алоҳида таъмир ва бо асбобҳои зарурӣ ҷиҳозонида шуд. Акнун ноболиғон метавонанд то саршавии мурофиаи судӣ ин ҷо аз таъқибу эҳсосоти ногувор канор бошанд. Утоқҳои мазкур на танҳо барои ноболиғоне, ки қонунро вайрон кардаанд, пешбинӣ шудаанд, балки парвандаҳое, ки ба онҳо ҷабрдидагон ва шоҳидони ноболиғ ҷалб шудаанд, парвандаҳои марбут ба баҳсҳои оилавӣ, аз қабили фарзандхонӣ, муайян кардани ҷойи зисти кӯдакон ва дигарҳо дар ин ҷо баррасӣ мегарданд. Чунин толору утоқҳои алоҳида дар судҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд низ дар марҳилаи ба истифодадиҳӣ қарор доранд ва дар дигар судҳо ташкил кардани чунин утоқҳо ба нақша гирифта шудааст, — зикр кард дар поёни ҷамъомад Матлуба Қаландарова.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»