Забон мояи ифтихор ва ҳастии миллат аст

№124-125 (3109-3110) 05.10.2013

Баробари соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашну маросимҳои суннатии ниёгонамон  дубора эҳё гардиданд. Онҳо бо шукуҳу шаҳомат ва ба таври хоса таҷлил мегарданд. Иди Наврӯз акнун мақоми  байналмилалиро касб намудааст.

Солҳои қабл мо тасаввурот надоштем, ки забони тоҷикӣ мақоми  давлатиро мегираду он мутобиқи қонун забони муоширату коргузорӣ мегардад.

Дар давраи истиқлолият чунин имконот ва зарурат пеш омад, ки ба забони тоҷикӣ  мақоми давлатӣ дода шавад. Бо ин мақсад 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Дар ин муддат ҷиҳати амалӣ гардондани Қонуни мазкур корҳои зиёде  ба анҷом расонда шуданд. Бо вуҷуди дигаргунӣ ва пешравиҳо дар мавриди истифодаи забони тоҷикӣ камбудиҳо  ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла дар рӯзномаҳо (бештар рӯзномаҳои хусусӣ) риоя нашудани меъёри забони  тоҷикӣ бештар дида мешавад. Калимаю ибораҳои тақлидӣ, лаҳҷавӣ истифода мешаванд, ки ҳам дурушт ва ҳам ба хонанда нофаҳмоянд.

Бисёр ба мушоҳида мерасад, ки эълону овезаҳо низ аз ҷиҳати забонӣ нодурусту хато омода шудаанд. Масалан, навиштаҷоти «санги мазор» бисёр ба назар мерасад. Ҳангоми хондан,  пеш аз ҳама, дуруштии ин ибора пеши назар меояд. Магар аз санг танҳо санги мазор тайёр мекунанд?

Кайҳост, ки калимаи «Шаҳритуз» ба калимаи «Шаҳритус» иваз шудааст. Яъне, тарзи талаффузи хатои он ислоҳ ва ба забони тоҷикӣ мутобиқ гардонда шудааст.  Аммо ҳанӯз ҳам дар даромадгоҳи ноҳия чунин навиштаҷотро овехтаанд: «Хуш омадед ба ноҳияи Шаҳритуз!». Хонандагони мактабҳо кадоме аз ин калимаро нависанд?  Ба  хатои калонсолон тақлид намоянд ё имлои имрӯзаи забони тоҷикиро риоя кунанд?

Дигар камбудие, ки ба мушоҳида мерасад, ба маърака табдил додани таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар арафаи он дар воситаҳои ахбори омма маводи зиёде чоп шуда, баромаду маърӯзаҳо доир мегарданд. Баъд хомӯшӣ фаро мерасад. Гӯё бо ҳамин тамоми масъалаи мушкилоти забони давлатӣ ҳал шуда бошад. Ҳол он ки татбиқи қонун на мавсимӣ, балки ҳамеша бояд таҳти назорат қарор дошта бошад.

Хушвахт Сабзазода, муаллими калони ДТТ ба номи М.Осимӣ