Журналистон ба саволҳо ҷавоб доданд

№59-60 (3360-3361) 24.04.2015

Тавре маълум аст  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 то 30 сентябри соли 2010 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор шуда буд.  Барӯйхатгирии навбатӣ соли 2020-ум дар назар дошта шудааст. Ин буд мавзӯи асосии суҳбате, ки 22 апрели соли ҷорӣ дар  идораи Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид  (ХН СММ) дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.  Чун одати маъмулӣ журналистон омода буданд, ки  ахбороти масъулонро шунида, сипас, ба саволҳои хеш посух гиранд. Баръакс, мутасаддиён дар оғози ҷамъомад иброз намуданд, ки меҳмонон — тадқиқотчиёни озоди ХН СММ Фабрис Ҳена ва Франк С.Эленс мехоҳанд ба чанд саволи хеш аз журналистон посух гиранд. Мавзӯъҳои фаъолияти намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар  дар арафа ва рӯзҳои барӯйхатгирӣ, маводи дар робита ба ин масъала омода ва нашркардаи онҳо ва натиҷагирӣ аз маъракаи барӯйхатгирӣ мавриди таваҷҷуҳи онҳо қарор дошт.

Журналистон ба саволҳои пешниҳодгардида посух дода, ҳамзамон ба тадқиқотчиёни хориҷӣ савол доданд.

-Чунин суҳбату мулоқотҳо аллакай дар шаш давлати дунё гузаронида шуд. Дар Тоҷикистон ҳам мо бо роҳбарият ва мутахассисони Агентии омори  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доштем. Мақсад аз ин мулоқотҳо таҳлили хулосаҳои баёнгардида нисбати барӯйхатгирии аҳолии гузашта, омодагӣ ба маъракаи навбатӣ  ва дар ин радиф таҳияи Барномаи навбатии кумак барои гузаронидани барӯйхатгирӣ мебошад. Дар ин бора ҳисоботи калони мо моҳи январи соли 2016 нашр мешаванд,-  гуфт Фабрис Ҳена.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»