Эҳёи шуҳрати пешин имконпазир аст

№97-98 (3398-3399) 23.07.2015

Безимени-1Ҳангоме бо пирони кору рӯзгор ҳамсуҳбат мешавӣ, олами наверо ба худ кашф мекунӣ. Вақте аз фаъолияти меҳнатии 50 сол пеш бохабар мешавӣ, фарқиятҳо ниҳоят калонанд.

Он вақт Ғарм яке аз ноҳияҳои пешқадами соҳаи картошкакорӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Ноҳия худашро бо картошка таъмин мекарду маҳсулотро ба бозорҳои кишвар мебаровард.

Тайи се даҳсолаи охир деҳқонони раштӣ шуҳрати картошкапарварии худро аз даст доданд. Дар ин давра ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар майдони картошка ба 100 -150 сентнерӣ расид. Дар солҳои 80-уми асри гузашта бошад, хоҷагиҳои алоҳидаи ноҳия аз ҳар як гектар картошказор 400 -450 сентнерӣ ҳосил мерӯёниданд.

Гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ ба соҳаи кишоварзии ноҳия дигаргуниҳои куллиро ворид сохт. Ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасон, тақсимоти саҳми замин ба мардум аз иқдомҳои наҷибе буданд, ки солҳои охир аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуданд.

Бо дарки ин мафҳум деҳқони асил Маҳмаднаим Наимов хоҷагии деҳқонии «Наимӣ»-ро таъсис дод, ки дорои нуҳ гектар замини обӣ буд. Сараввал дар майдони чор гектар боғ бунёд намуд. Байни қаторҳо кишти картошка гузаронд. Ранҷ мебурд, то ганҷ ба даст ояд. Солҳои 2010 — 2014 бобарортарин солҳо барои деҳқонони хоҷагӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ҳар як гектар майдони картошка 400 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шуд, ки ин дар миқёси ноҳия ҳосили баландтарин ба ҳисоб мерафт. Имсол низ деҳқонони хоҷагӣ дар майдони чор гектар картошка кишт намудаанд.

Парвариши он дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шудааст. Нашъунамои майдони картошказор гувоҳ бар он аст, ки имсол низ хоҷагӣ ҳосили дилхоҳи картошка ба даст меорад.

Боғзори хоҷагӣ низ сермаҳсул аст. Беҳтарин навъҳои себу нок, зардолу, гелос, тут дар хоҷагӣ истеҳсол ва ба фурӯш бароварда мешаванд. Барои ривоҷи соҳаи боғдорӣ дар хоҷагӣ ниҳолхонаҳо ташкил шудаанд, ки дар онҳо ҳамасола зиёда аз 100 ҳазор бех ниҳоли босамару сояафкан парвариш меёбанд. Мардуми маҳал бо нархи дастрас онро харидорӣ намуда, соҳаи боғдориро вусъат мебахшанд.

Чуноне аз суҳбат бо сарвари хоҷагӣ М. Наимов аён гашт, ҳоло дар хоҷагӣ нуҳ нафар деҳқонон ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Маоши моҳонаи ҳар аъзои хоҷагӣ 1500 сомониро ташкил медиҳад. Ин омил водор месозад, ки деҳқонон бо як дилгармӣ ва муҳаббати хоса ба замин муносибат кунанд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки ризқу рӯзии эшон маҳз тавассути меҳнати ҳалол ба даст меояд.

Иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт оид ба зиёд намудани майдони картошказор дар ноҳия қобили дастгирист. Ба ин васила мушкилоти бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ҳалли худро меёбаду аз тарафи дигар ба баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Ин аст, ки соли равон дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 1004 гектар картошка кишт карда шудааст. Ба хотири ба мушкилот мувоҷеҳ нагаштани марди деҳқон бо дастгирии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо Холиқ каналу корезҳое, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳолати харобӣ қарор доштанд, дар масофаи 36 км аз нав таъмиру барқарор карда шуданд.

Барои таъмини деҳқонон бо тухмии хушсифат зиёда аз 2000 тонна картошка аз ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ворид карда шуд.

Раиси ноҳия  мунтазам аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуда, рафти коркард ва нашъунамои майдони картошказорро назорат мекунад.

Бовар дорем, ки дар мавсими имсола хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Рашт ҳосили дилхоҳи картошка ба даст меоранду шуҳрати пештараи худро соҳиб мешаванд.

Матн ва сурати М. РИЗВОНОВ