Эҳёи суннатҳои миллӣ ба истиқлолият рабт дорад

№94 (3395) 13.07.2015

1364Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Конференсияи илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Рушди либоси миллӣ дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон» баргузор гардид.

Директори донишкадаи мазкур номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова конференсияро ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки баргузории он тақозои замон аст ва рамзист, ки он дар «Соли оила» доир мегардад. Зикр шуд, ки барои мардуми мо фарҳанги баланди оиладорӣ ва либоспӯшӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад ва дар хонаводаҳои тоҷик тӯли асрҳо ҳазорон нобиға ва шахсиятҳои варзида тарбияву такомул ёфтаанд.

- Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки куртаҳои атласу чакан, тоқиву рӯймол, ҷома ва дигар либосҳои миллӣ дар худ беҳтарин рамзҳои зиндагии аҷдоди барӯманди моро ғунҷоиш додаанд. Мо дар асри XXI, замони пешрафти илму техника ва ҷаҳонишавии тамаддунҳову давлатҳо умр ба сар мебарем, ки вобаста ба давру замон завқи либоспӯшӣ ва либоси худи инсонҳо низ тағйир меёбад, вале сарфи назар аз ин, либоси миллӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ боқӣ мемонад.

Бо дарназардошти чунин шароит, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба эҳёи анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, либос ва дигар ҳунарҳои миллӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Озмунҳои ҳарсолаи «Атлас», «Чакомаи гесӯ», «Чакан», ташкили маҳфилҳои дӯзандагӣ дар муассисаҳои таълимӣ  ва сехҳои хурди атласу адрасбофӣ аз ҷумлаи корҳои иҷрошуда дар ин самт мебошанд, — гуфт директори донишкада.

Муовини раиси вилояти Суғд Абдуллозода Назира Ғаффор зимни суханронӣ дар ин конференсия гуфт, ки тасвирҳои манзаравӣ ва миниатураҳои асримиёнагӣ то замони мо расида, занони тоҷикро ҳеҷ гоҳ чодар ва ё фаранҷипӯш нишон надодаанд. Баръакс, онҳо чун рамзи зебоию иффат ва чун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҷилванамоӣ мекунанд. Фузун бар ин, таассуб ва хурофотпарастӣ имрӯз ба он оварда расонд, ки як идда занон ба либосҳои бегона майл варзанд ва дигаронро низ ба ин роҳ талқин кунанд. Сарчашмаҳои таърихӣ ва натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо завқи баланди либоспӯшӣ дошта, пӯшидани либоси зебову шинам як ҷузъи зиндагии ҳаррӯзаашон будааст. Мо бояд дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа либоси миллии худро, ки аз аҳди қадим то ба имрӯз муаррифгари таърих, тамаддун ва маданияти миллати куҳанбунёди тоҷикон аст, талқин ва тарғиб намоем ва нагузорем, ки суннат ва фарҳанги либоспӯшии ба фарҳанги мо носозгор ҷойгузини он гардад.

Бино ба гуфти номбурда, аз соли 2009 то ба имрӯз 35 лоиҳаи пешниҳоднамудаи бонувони вилоят сазовори  гранти президентӣ ва ҳамзамон 30 бонувони дигар барандаи гранти раиси вилояти Суғд шудаанд. Илова бар ин, занони соҳибҳунари вилояти Суғд дар озмуни ҷумҳуриявии «Фараҳ» пайваста ғолиб омада, аз ҳисоби маблағҳои ин озмун фаъолияти худро вусъат мебахшанд.

Назира Бобоҷонова — муаллимаи кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти сабуки донишкада, Низом Ҳакимов — сарвари Пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ — илмии санъатшиносии вилоят, Хуршеда Содиқова — рӯзноманигор ва дигарон низ андешаҳои ҷолиб баён доштанд.

Дар поёни конференсия намоиши намунаи либоси миллӣ ва аврупоии тарроҳону дӯзандагон, ки аз ҷониби устодону донишҷӯёни донишкада ва дар ҳамкорӣ бо тарроҳон омода шуда буд, манзури аҳли нишаст гардид.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»