Фаъолияти муштараки кишварҳои аъзои СҲШ

№59-60 (3360-3361) 24.04.2015

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода дар шаҳри Москва ҷаласаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дорои салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошанд, иштирок ва баромад намуд. Рустам Назарзода изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон чораҳои зарурӣ барои татбиқ намудани созишномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои барномавии Созмони Ҳамкории Шанхай дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар андешида мешаванд.

Бо таъкиди мавсуф, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ ин барпо намудан ва вусъат додани ҳамкории байниидоравӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад ва дар чорчӯбаи фаъолияти муштарак онҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд.

Роҳбари Агентӣ иттилоъ дод, ки 27 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси минтақавӣ дар сатҳи баланд доир ба хатарҳои маводи нашъаовар бо иштироки кишварҳои дахлдор ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт. Ӯ ҳампешагони худро аз кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай барои иштирок дар конфронси мазкур даъват намуд.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои мубориза бар зидди интиқоли маводи нашъаовар аз қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро муҳокима намуданд. Онҳо аз хатари байналмилалии маводи нашъаовар, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли он дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва минтақаи «Секунҷаи тиллоӣ» изҳори нигаронӣ намуданд.

Рустам Назарзода, инчунин дар кори конфронси дуюми зиддимухаддиротӣ, ки дар шаҳри Москва доир шуд, иштирок кард.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»