Файзобод. Чаро масъулин бепарвоянд?

№138 (4244) 10.11.2020

 1Дар урфият мегӯянд: «Тозагӣ гарави саломатист». Аммо дар Ҷамоати деҳоти «Мискинобод»-и ноҳияи Файзобод ба тозагӣ риоя намекунанд.

Рӯзҳои якшанбе дар паҳлуи дарёчаи Ашӯр бозори чорво доир шуда, пас аз хариду фурӯш мавзеъ ба партовҷо табдил меёбад.

2Оби дарёчаи Ашӯр ва дарёчаи Ғозӣ якҷо шуда, то деҳоти «Қади об»-и шаҳри Роғун мерасад. Боиси нигаронӣ он аст, ки аз он об сокинони деҳоти зикршуда истифода мебаранд. Дар шароити кунунӣ, ки дар ҳама ҷо бемории сироятии коронавирус паҳн шудааст, риояи тозагӣ хеле муҳим аст. Саволи матраҳ он аст, ки  чаро масъулони деҳоти номбурда, мутахассисони муассисаҳои тандурустӣ ва санитарӣ- эпидемологӣ, Идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Файзобод дар ин масъала бепарвоянд?

Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод