Шарти муҳими тақвияти ислоҳот, ки дар кишвар дар роҳи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ташаккули ҷомеаи кушоди шаҳрвандӣ амалӣ шуда истодааст, ин баланд бардоштани фаъолнокии ҷамъиятӣ-сиёсии аҳолӣ, таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар идораи давлат ва ҷамъият мебошад.
Баҳри дар амал татбиқ намудани ин вазифаҳо, нашрияҳои ҳуқуқии даврӣ, ки барои баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсии аҳолӣ, ба шаҳрвандон фароҳам овардани имконияти васеи дастрасӣ ба маълумоти ҳуқуқии гуногун, инчунин барои ҳалли мушкилоти актуалии такмилдиҳии низоми давлатӣ-ҳуқуқӣ ва судӣ мусоидат мекунанд, нақши басо муҳим доранд. Ҳамзамон баланд бурдани сатҳи маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон бо нақшу интишори асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва дастрас намудани онҳо ба мақомоти дахлдор ва сокинони кишвар иртиботи ногусастанӣ дорад.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инъикоскунандаи адлу адолатанд, бояд дорои назму низоми муайян ва баҳисобгирифташаванда бошанд, зеро давлате, ки худро ба сифати давлати демократию ҳуқуқбунёд эълон намудааст ва усули муайянкунандаи фаъолияти он волоияти қонунҳои одилона мебошад, наметавонад аз тартиби муқаррарии сабти санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ сарфи назар кунад. Аз ин рӯ, ханӯз соли 1994 тибқи Фармони собиқ Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Реестри давлатии санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шуда буд, ки ба Реестри давлатии санадҳои ҳуқуқӣ санадҳое дохил карда мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди 9 сентябри соли 1991 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд. Санади мазкур мустақиман амалӣ намудани ин вазифаи пурмасъулиятро ба дӯши Вазорати адлия вогузор карда буд.
Мутобиқи Фармони дар боло зикршудаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз дуюним сол қарори махсуси худро (соли 1997) оид ба татбиқи талаботи Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард. Қарори Ҳукумат ба ивази калимаи «Реестр» калимаи тоҷикии «Феҳраст»-ро ҷорӣ намуда, доираи санадҳои ҳуқуқиро, ки бояд ба Феҳраст ворид шаванд, хеле васеъ карда, ба он дохил намудани санадҳои ҳуқуқии зеринро пешбинӣ намуд:
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди меъёрии вазорат ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳама ҳатмӣ мебошанд.
Зимнан бояд таъкид кард, ки тибқи ин қарори Ҳукумат, ба Вазорати адлия имкон дода шуда буд, ки дар мавридҳои зарурӣ ба Феҳраст санадҳои меъёрии дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки хислати умумиҳатмӣ доранд, дохил намояд. Гузашта аз ин, дар қарор бо мақсади боз ҳам инкишоф додани равобити байналхалқии ҳуқуқӣ ва ҷамъбаст намудани асноди ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба Феҳраст ворид намудани онҳо пешбинӣ шуда буд.
Минбаъд ҷиҳати иҷрои санадҳои зикргардида ва қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2001, таҳти №456 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрию ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 1 августи соли 2006, таҳти №359 «Дар бораи Классификатори ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Манбаи марказонидашудаи иттилооти ҳуқуқӣ» Вазорати адлия ба нашри маҷаллаи Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд, ки он хусусияти расмӣ надошт.
Баъдан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (аз 26 марти соли 2009) дар таҳрири нав қабул гардида, манбаи расмии интишори санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуд.
Мувофиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар як моҳ як маротиба нашр карда мешавад.
Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаслҳои зерин, ки матни пурраи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегиранд, иборат мебошад:
Фасли 1. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсӣ қабул гардидаанд, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, қарорқои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Фасли 2. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Фасли 3. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Фасли 4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд ва маводи иттилоотӣ.
Бояд зикр намуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур ҳангоми интишори маҷалла дар ҳолати назоратӣ қарор доранд.
Ҳуҷҷатҳое, ки мазмунан ҳаҷмашон калон мебошанд, аз он ҷумла кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамоҳо, консепсия, барномаҳои давлатӣ дар шакли замимаҳои алоҳида дар маҷаллаи мазкур нашр карда мешаванд.
Дар давраи солҳои 2010-2012-ум 36 шумораи маҷаллаи расмии «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз нашр баромад, ки дар онҳо, аз ҷумла 63 санади ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, 343 қонуни конститутсионӣ, қонунҳо ва кодексҳо, 613 қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 58 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 635 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 140 фармоиш ва қарорҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ ба табъ расонида шуданд.
Аз гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки ҳаҷми Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар нашрияҳои расмии тибқи қонун муқарраршудаи даврӣ қариб cе-чор маротиба зиёд аст, зеро дар Феҳрист ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ба чоп расонида мешаванд.
Аз ҷумла дар Феҳрист ба ғайр аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар нашрияҳои дигари расмӣ чопшаванда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои хусусияти умумиҳатмидоштаи вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дар Вазорати адлия бақайдгирифташуда низ нашр мегарданд.
Барои тасдиқи ин суханҳо, маҷаллаи Феҳристро бо яке аз манбаҳои расмии интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (ба мисоли Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз рӯйи ҳаҷм муқоиса менамоем (дар соли 2011):
Ахбори МО №№1 ва 4 дар маҷмӯъ 542 саҳифа,
Феҳрист №№1 ва 4 дар маҷмӯъ 1502 саҳифа
ё ин ки дар маҷмӯъ дар соли 2012:
Ахбори МО №№1 ва 12 дар маҷмуъ 2 429 саҳифа,
Феҳрист №№1 ва 12 дар маҷмуъ 8 659 саҳифа.
Самти афзалиятноки маҷаллаи Феҳрист ин расонидани маълумоти расмии фаврӣ ба доираи васеи табақаҳои ҷомеа оиди санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва имконияти ба онҳо дастрас будани маълумоти ҳуқуқии боэътимодро таъмин менамояд.
Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 183 мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда мешавад. Аммо, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, махсусан сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дар маҳал фаъолияткунанда, ин нашрияро намегиранд ва дар натиҷа аз тағйиротҳои дар санадҳои қонунгузорӣ баамаломада сари вақт огоҳ шуда наметавонанд.
Аз ҷумла мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ки дар ҳар шаҳру ноҳия амал мекунанд ва дар фаъолияти кориашон ҳамарӯза бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сарукор доранд, аз чунин манбаи матни расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бархӯрдор нестанд. Дар маҷмӯъ, ба ақидаи мо, боз зиёда аз 700 субъектҳое ҳастанд, ки бояд ҳатман нашрияи Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сари вақт гиранд ва дар фаъолияти худ мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пеш баранд.
Мураттабсозӣ ва дар ҳолати назоратӣ нигоҳ доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳомилҳои қоғазӣ ва электронӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ яке аз омилҳои асосии таъмини иҷрои талаботи қонунгузорӣ ва дастёбӣ ба татбиқи меъёрҳои он оид ба ҳалли дурусти масъалаҳои бамиёномадаи ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад.
А.Ғ. Холиқов, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
М.А. Низомов, сардори Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон