Фестивали сулҳу дӯстӣ дар Исфара

№48 (3528) 12.04.2016

Дар доираи барнома ва созишномаҳои  муштараки ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати тақвияти  муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягӣ ва вусъати равобити фарҳангӣ дар шаҳри Исфара таҳти унвони «Сулҳ фарҳанг меофарад» фестивали сулҳу дӯстӣ баргузор гардид.

 Он дар назди Кохи фарҳанги маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал аз намоишгоҳи корҳои эҷодии хонандагони мактаби рассомӣ  таҳти унвони «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» дидан намуданд.

Муовини аввали раиси шаҳри Исфара Содирхон Қосимӣ меҳмононро  хайра мақдам гуфта, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду навоҳии ҳамҷавор — Исфараи Тоҷикистон ва Боткенти Қирғизистонро  аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара арзёбӣ намуд. Номбурда аз  таърихи дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз ёдовар шуд.

Муовини ҳокими ноҳияи Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон Кишимжан Кидирова барои пазироӣ ва истиқболи самимӣ ба мизбонон  изҳори сипос  намуда, иброз дошт, ки баргузории ин чорабинӣ самараи талошҳои пайвастаи роҳбарияти ду давлат мебошад, ки заминаҳоро баҳри таҳкими муносибатҳои ҳасана ва ҳамзистии осоиштаи халқҳои тоҷику қирғиз фароҳам меорад.

Чанд нафар аз ҷавонони тоҷику қирғиз дар мавриди таҳкиму тақвияти дӯстӣ суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки гузаштагони мо дар фазои дӯстӣ  ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба сар мебурданд ва мо ҳамчун ворисони асили ниёкон бояд ин суннати некро идома диҳем.

Сипас, С. Қосимӣ ва К. Кидирова дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони «Дарёи Исфара – дарёи дӯстӣ», ки байни толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара ва ноҳияи Боткент доир гардид, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Дар доираи барномаҳои фестивал меҳмонон аз ёдгориҳои таърихӣ ва ҷойҳои хушманзари Исфара, аз ҷумла, Осоишгоҳи «Зумрад», чойхонаи маъруфи «Сино» ва осорхонаи «Тибби қадим» дидан намуданд. Сайругашт дар хиёбону гулгаштҳои рӯҳафзову  зебои  майдони Исмоили Сомонӣ ва маҷмааи «Ориён», ки чанде қабл бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ифтитоҳ ёфт, ба ҷавонони қирғиз таассуроти нек бахшид.

 Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»