Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гулистон. Аз 180 иншооти ҷашнӣ 115 адади он мавриди истифода қарор гирифт

№86 (4036) 18.07.2019

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ идома дорад.

Ба ин муносибат ба истифода додани 180 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки айни ҳол 115 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Тибқи нақша, дар оянда дар рӯ ба рӯи бинои МИМҲД-и шаҳр майдони Нишони давлатӣ дар масоҳати 0,5 га сохта хоҳад шуд. Дар он гулгашт, шаршара ва фаввораҳо низ бунёд мешаванд. Назар ба қавли мутахассисон, баландии Нишони давлатӣ 15 метрро ташкил хоҳад дод.

Ҳоло дар шаҳр корҳои сохтмонии фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи аълосифат» босуръат идома дорад. Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Парвиз Бобоев сохта шуда, маблағи лоиҳавиаш 10 миллион сомониро ташкил медиҳад. Коргоҳ аз 4 бино барои парваришу нигоҳубини 240 ҳазор сар мурғ пешбинӣ шудааст. Бино ба иттилои муассиси корхона, баъди ба фаъолият оғоз кардани он аз 35 то 40 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

М. Мақсудов, «Садои мардум»