Меҳнат бо истироҳат хуш аст

Гузаре кун ба ин «Баҳористон»

№57 (3537) 30.04.2016

20160319_155137Файласуфи олмонӣ Ҳегел фармуда, ки ҳар қадар инсон бо табиат наздик бошад, ҳамон гуна зиндагонии шоистаро чӣ аз назари ҷисмонӣ ва чӣ аз диди ақлонӣ соҳиб хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки зистан дар фазои сабзу хуррам ва дар канори дарёву рӯдхонаву баҳрҳо афзалият ва бартарӣ дошта, тарзи ҳаёти солим шуморида мешавад.

 Таъмини зиндагии шоистаи мардум ва баҳрабардорӣ аз фазои сабзу хуррами диёр дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Натиҷаи татбиқи муваффақонаи ин сиёсат аст, ки солҳои охир дар мамлакат беморхонаҳои муҷаҳҳаз ба дастгоҳҳои замонавӣ бунёд ёфта, марказҳои зиёди ташхисиву табобатии муосир бо нодиртарин ва ҷадидтарин воситаҳои техникӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Тавре борҳо Пешвои миллат таъкид намудаанд, пеш аз ҳама, бояд мо бо соҳиб буданамон ба чунин табиати нотакрор шукрона кунем ва аз ин боигарии нодир ва сарвати бебаҳо босамар ва ба манфиати мардум истифода намоем.

Осоишгоҳи «Баҳористон», ки воқеан имрӯз соҳибном асту ҳазорон меҳмони ватаниву хориҷиро ба оғӯши хеш мегирад, маҳсули сиёсати созандаву бунёдкоронаи  Пешвои миллат аст. Дур намеравем, даҳ сол пештар, ҳарчанд ин макон ҳамчун осоишгоҳи истироҳативу сайёҳӣ фаъолият дошт, аммо хеле харобу носозгор барои пазириши меҳмонон буд. Тавре сарвари осбоишгоҳи «Баҳористон» Абдураҳмон Абдуҷабборов дар суҳбат бо мо таъкид намуд, соҳиби ҷойгоҳи хос гардидани осоишгоҳи «Баҳористон» миёни соири осоишгоҳҳои кишвар ва минтақа маҳз аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Моҳи марти соли 2011 бо ҳузури мунаввари Пешвои миллат бинои аввали осоишгоҳи «Баҳористон» пас аз таъмиру тармим ифтитоҳ гардида, 25 майи ҳамон сол нахустин мавсими истироҳат оғоз ёфт. Аз ин рӯ, ин сана барои мо — аҳли осоишгоҳ чун зодрӯзи дуюми муассисаамон сабт гардид. Мутобиқ ба дастур ва машваратҳои оқилонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳҳои август ва сентябри соли 2011, ҳамчунин бинои муҳташами табобатӣ ва якчанд иншооти фароғатӣ, варзишӣ ва тафреҳӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки барои равнақи фаъолият мусоидат намуд.

Боло рафтани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар мадди назари Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, ки Сарвари давлат пайваста зимни сафарҳои кории хеш ба вилояти Суғд ба ин макони ободу гулафшон ташриф оварда, баҳри боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани хизматрасонии табобатӣ ва тафреҳӣ, тавсеа додани ободониву кабудизоркунӣ дастурҳои муфид медиҳанд. Айёми таҷлили Наврӯз низ, вақте ба вилояти Суғд сафари кории Роҳбари давлат ҷараён гирифт, пас аз ширкат дар Корвони Наврӯз, ки бори аввал дар таърихи таҷлили ин ҷашни ҳумоюнӣ доир шуд, ба осоишгоҳи «Баҳористон» ташриф оварда, барои пешрафти корҳо дар ҳама самт маслиҳату машварати судманд доданд. Аз ҷумла, пас аз он ки мо ба Сарвари давлат иттилоъ додем, ки танҳо се моҳи аввали соли 2016 аз ҳисоби даромади осоишгоҳ як қатор корҳои ободонӣ, аз ҷумла сохтмони фаввораи замонавӣ дар саҳни ҳавлӣ, боғи парандагони нодир ва шинонидани гулу буттаҳои ороишию дарахтони зебои сояафкан иҷро гардид, Пешвои миллат ба мо баҳри ҷалби ҳар чӣ бештари истироҳаткунандагон аз дохил ва хориҷи мамлакат дастурҳои мушаххас доданд. Гузашта аз ин, таъкид намуданд, ки минбаъд низ ободониро вусъат бахшем ва бо завқи баланди зебоипарастию шинонидани гулҳои зебову хушбуй, дарахтони ба саломатии инсон фоидаовар ин маконро ба мавзеи дилнишин табдил диҳем. Афзун бар ин, Роҳбари давлат ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сифати хӯрок низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, маслиҳатҳои судманд доданд.

Осоишгоҳи «Баҳористон» тавре таъкид гардид, соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз воқеан ба макони сайру саёҳат ва истироҳату табобат бадал гардидааст. Ин макони файзбору сабзу гулпӯш аз шаш бино иборат аст ва барои қабули беш аз 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст.

Имсол ба ифтихори эълон шудани «Соли гулҳо» дар шафати роҳравҳо 118 ҳазор адад ниҳолу қаламчаи гулҳои гуногун, аз ҷумла 17 ҳазор садбарги ҳолландӣ, инчунин каштан, ел, можевелник, серенаи ҳиндӣ ва берёза шинонида, баҳри парвариши онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аксари биноҳои таъмирталаби осоишгоҳ азнавсозӣ гардида, ободонӣ равнақи тоза гирифтааст.

Он рӯз, ки мо барои таҳияи ин матлаб ба осоишгоҳи «Баҳористон» омадем, чунин фазои мусоиду матлубро мушоҳида намудем. Чеҳраи шоду масрури мардум, дар фикри табобату истироҳат будани ҳар яке аз онҳо, муҳимтар аз ҳама, фароҳам будани тамоми имконият барои табобати бемориҳо ба кас ҳаловат мебахшад. Вақте дастури раҳнамои «Барномаҳои табобатӣ — солимгардонӣ»-и осоишгоҳро манзур намуданд, бароям як чиз хеле ҷолиб буд: Зимни муаррифии ҳар навъи табобат як сухане ҳикматбор дар фарози саҳифаи он гузошта буданд. Дар ин дастур усулҳои табобати даҳ намуди беморӣ, аз ҷумла бемориҳои рагу дил, увзҳои ҳозима, системаи асаб, бемориҳои занона, системаи устухону мушакҳо ва амсоли он пешниҳод шудааст, ки аз рӯи онҳо табобатгирандагон барномаҳои солимгардонии хешро мураттаб менамоянд.

Зимни суҳбат сардухтури осоишгоҳ Гулнора Ғафурова бо зикри нуктаҳои асосии ин барнома таъкид дошт, ки дар осоишгоҳи «Баҳористон» дастгоҳҳои муосири тиббӣ насб шудаанд, ки 20-30 намуди ташхису табобатро анҷом медиҳанд. Илова  бар ин, табобату тавонбахшӣ бо лойи шифобахши кӯли Сакии Қрим, муми кӯҳӣ ё озекрит, реги маҳаллӣ, муолиҷа бо намаки кӯҳи Хоҷамуъмини ноҳияи Восеъ, амалиёти гуногуни обӣ, назири масҳи обӣ, обпошӣ бо фишори баланд ва буғшифоию гиёҳшифоӣ ба роҳ монда шудааст. Бахши муҳими табобатии осоишгоҳро гиёҳшифоӣ бо истифода аз гиёҳҳои сершумори шифобахши табиати нотакрори Тоҷикистон  ташкил медиҳад. Табибони пуртаҷрибаи осоишгоҳ, ки аксарият дар Олмон ва Чин бозомӯзӣ намудаанд, бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва роҳу воситаҳои беҳтарини муолиҷавӣ ба беморон шифо мебахшанд.

Табобат ва шифобахшии беморон дар осоишгоҳи «Баҳористон» дар асоси даҳ барномаи махсус, аз ҷумла «Асаби ором», «Ҳаракати озод», «Нафаси озод», «Бемориҳои рагу дил», «Узвҳои ҳозима», «Солимии мард», «Саломатии зан» ва «Зебогии пӯсту бадан» ба роҳ монда шудааст. Роҳандозии фаъолияти осоишгоҳи «Баҳористон» дар канори Баҳри тоҷик собит намуд, ки диёри офтобрӯяи Тоҷикистон бо табиати зебову нотакрор ва мардуми меҳмоннавозу соҳибфарҳангаш шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Танҳо соли 2015 беш аз 24000 нафар дар осоишгоҳи «Баҳористон» ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд, ки аз ин 1914 нафараш аз кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Табобат ва истироҳат намудани шаҳрвандони хориҷӣ аз 71 кишвари олам дар осоишгоҳи «Баҳористон» баёнгари он аст, ки сатҳу сифати хидматрасонӣ дар ин осоишгоҳ ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ аст.

Он рӯз, ки мо дар осоишгоҳи «Баҳористон» қарор доштем, бевосита шоҳиди гуфтори чанде аз меҳмонони хориҷӣ гардидем, ки суханони роҳбарияти осоишгоҳро, бидуни он ки аз хабарнигор буданамон огоҳ бошанд, бо самимият тасдиқ намуданд. Аз ҷумла, Виктор Джонович Кейру, варзишгар ва баскетболбози маъруф аз Федератсияи Россия зимни суҳбат изҳор дошт: — Ҳамчун варзишгар ба бисёр кишварҳои олам аз Аврупо то Амрико сафар кардаам ва аммо дар Тоҷикистон бори аввал ҳастам. Бидуни муболиға мегӯям, ки осоишгоҳи «Баҳористон» хеле зебо ва табиаташ ҷолибу диданист, ки ҳар бинандаро мафтун месозад. Илова бар ин, табобат дар ин осоишгох дар сатҳи хеле баланд ва бо истифодаи таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Хидматрасонии пизишкони моҳир ва соҳибкасб  маро дар ҳайрат гузошт. Инфрасохтори осоишгоҳ низ дар сатҳи олӣ тарҳрезӣ шуда, дар ин ҷо майдонҳои хуби варзишӣ бунёд ёфтаанд, ки пайваста дар онҳо мусобиқаҳои варзишӣ барпо мегардад. Майдони футболбозиаш сабзу хуррам мебошад ва гумон мекунам, аз ҳеҷ як осоишгоҳҳои кишварҳои бузург камӣ надорад.

Роҳбари гурӯҳи донишҷӯён аз Амрико Шайн Фради изҳор дошт, ки барои омӯзиши забони форсӣ ба Тоҷикистон омадааст ва дар замони таътил ҳамроҳ бо дӯстонаш барои тамошо ва истироҳат ба осоишгоҳи «Баҳористон» ташриф овардаанд.

- Манзараи зебои осоишгоҳ, баҳри канори он ва табиати дилфиреб, умуман усулҳои табобат ва шароити истироҳат моро бисёр мафтун сохт, – гуфт ӯ. Ба суҳбати мо ҳамроҳони Шайн Фради — Дина ва Мария Стаховкий ҳамроҳ шуда, гуфтанд, ки воқеан дар ин макони босафо истироҳати онҳо бисёр дар сатҳи олӣ ҷараён мегирад.

Алибоев Азиз — сокини вилояти Уши Ҷумҳурии Қирғизистон низ баробари изҳори қаноатмандӣ аз шароити осоишгоҳ, махсусан хидматрасонии пизишкон, хӯрокҳои тоза, муносибат ва муоширати кормандони онро васф намуд.

Сокини шаҳри Ваҳдат Хосият Орифова, ки суҳбати моро дар бораи таассуроти меҳмонон аз истироҳат дар осоишгоҳ мешунид, беихтиёр ба мусоҳиба ҳамроҳ шуда, изҳор дошт, ки вақте меҳмонони мо дар бораи ин макони пурфайз чунин суханҳои меҳрбор мегӯянд, воқеан ифтихор мекунам, ки тоҷикам. Худам низ чанд рӯзе, ки ин ҷо ҳастам, фориғ аз гирудори зиндагӣ, аз табиати дилфиреби ин макон, ки дар канори баҳри бузург ҷой гирифтааст, аз хизматрасонии баланди тиббӣ баҳравар гардида, истироҳат мекунам. Аз табибон ва роҳбарияту кормандони осоишгоҳ сипосгузорӣ мекунам, ки чунин муносибат ва одоби баланд доранд.

Мо аз канори гулҳои мулавван ва дарахтони сарсабзи осоишгоҳи «Баҳористон» гузар намуда, ба самти дарвозаи он меравем. Дили кас намехоҳад, ки ин макони сарсабзро тарк намояд. Ҳамоно абёти самимонаи Мавлоно Ҷомӣ ба хотирам меоянд, ки ҳарчанд онро барои ҳидояти хонанда ба мутолиаи китоби «Баҳористон»-и худ нигоштааст, аммо мо чун номаи ҳидоят ба дасти ҳар нафар мизоҷ ва муштоқи ин диёри сарсабз ва хонандаи арҷманди худ барои лаззат бурдан аз ин биҳишти рӯи замин хоҳем супурд:

 

Гузаре кун ба ин «Баҳористон»,

То бубинӣ дар ӯ гулистонҳо.

В-аз латоиф ба ҳар гулистоне,

Раста гулҳо, дамида райҳонҳо.

Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»