Гузаргоҳи зеризаминӣ тамбашавии нақлиётро аз байн бурд

№50 (3530) 16.04.2016

подземнии переходБо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Сиёвуш Акрамов дар серодамтарин нуқтаи шаҳри Турсунзода гузаргоҳи зеризаминии ҳозиразамон сохта, ба истифода дода шуд. Акнун сокинон ва меҳмонон ба се самт, ки бозори марказӣ, бозори «Варзмол», саристгоҳи нақлиёти мусофирбарӣ ва роҳи оҳанро ба ҳам мепайвандад, бе мушкилӣ рафтуомад мекунанд.

Дар гузаргоҳи зеризаминӣ 30 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир буда, 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки ин гузаргоҳи зеризаминӣ тамбашавии нақлиётро аз байн бурда, садама ва ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ хоҳад кард.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»