Хабарҳо аз кишвар

№154 (3139) 07.12.2013

Баррасии лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ

ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Директори  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Рустам Назаров бо намояндагони Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Ҷереми Милс ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алӣ Саряздӣ масъалаҳои таҳияи лоиҳаи Стратегияи минтақавии мубориза бо маводи мухаддир ва татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар кишварро барои соли 2014 баррасӣ намуд.

Аз 30 ноябр то 2 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Хитой, ИМА, Туркия конфронс оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва таъмини некуаҳволии мардум  сурат гирифт.

Навоҳии кӯҳистон-намунаи  маъракаи обуна

КӮЛОБ. ( Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум» ) Маъракаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ  дар ҳудуди шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дар арафаи анҷомёбист. Дар рафти ин маъракаи муҳим навоҳии кӯҳистони Балҷувон, Ховалинг ва Шӯрообод намунаи ибрати на танҳо минтақа, балки вилояти Хатлонанд. Аз ҷумла ноҳияи Балҷувон аввалин шуда, аз иҷрои нақшаи обуна мужда  расонид.

- Муштариёни ноҳияи Балҷувон ба зиёда  аз 3000 нусха рӯзномаву маҷаллаҳои расмию соҳавии кишвар обуна шудаанд, ки ин рақам дар нисбати соли гузашта зиёд аст,- мегӯяд сардори Маркази алоқаи почтаи ноҳияи мазкур Исматуллоҳ Ҳикматуллоев.

Соҳибкор роҳ месозад

ШАҲРИТУЗ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Соҳибкор Олимҷон Қурбонов ва ҳамсараш Хатичабону бо мақсади зиёрати Хонаи Худо як миқдор маблағ захира намуда, соли ҷорӣ хостанд сафари ҳаҷро ба ҷо оранд. Вале, баъдан онҳо қарор доданд, ки ин маблағро барои таъмиру тармими роҳи деҳаи худ сарф намоянд. Ҳамин тавр, бо иқдоми ин марди олиҳиммат як километр роҳи деҳаи Чорбоғи деҳоти «Пахтаобод» таъмир гардид. Аз ин иқдоми соҳибкор дигар ҳамдеҳагон низ ибрат гирифта, қадри имкон дар амалӣ намудани корҳои ободонии деҳаи худ саҳм гузоштанд.

 Натиҷаҳо назаррасанд

ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Ӯротеппа» дар мавзеи Қизилӣ ба пахтакорӣ, ғаллаю сабзавоткорӣ ва парвариши зироатҳои хӯроки чорво машғул мебошанд.

Бино ба гуфтаи раиси хоҷагӣ Мирусмон Исломов, деҳқонони хоҷагӣ соли равон низ ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардиданд. Онҳо 270 сентнер пахта,  4 ҳазору 600 сентнер ғалла, 12 ҳазор сентнер пиёз, 2 ҳазор сентнер харбузаю тарбуз ва 1400 сентнер дони ҷуворимакка ҷамъ оварда, нақшаи солонаро барзиёд иҷро карданд. Дар ин муваффақият саҳми деҳқонону механизаторони боғайрат А. Нарзиев, Ш. Ҳомидов, X. Каримов, Қ. Бобокалонов, Н. Мираминов, Ҳ. Ашӯров, И. Мукаррамова, М. Хидиров ва дигарон калон мебошад.

Оғози маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ

ФАРХОР. ( Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум» ) Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, бо мақсади намунавор оғоз намудани маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ҳашари умуминоҳиявӣ гузаронида шуд. Ба шарофати ин ташаббуси нек дар  гулгашту кӯчаҳои шаҳрак ва боғҳои намунавии хоҷагиҳои  деҳқонии ноҳия беш аз 9000 ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, ороишӣ, ҳамешасабз ва  сояафкан шинонида шуд.

- Мо мақсад дорем, ки дар маъракаи имсолаи  ниҳолшинонӣ, бахусус дар самти кабудирзоркунии он 70 ҳазор ниҳоли гуногуни сояафкан, 20 ҳазор ниҳоли ҳамешасабз, 10 ҳазор  ниҳоли сояафкан ва дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 100 ҳазор ниҳол шинонем,- иброз намуд зимни суҳбат сардори шуъбаи  ҳифзи муҳити зисти ноҳия  Аҳлиддин Ҳаитов.

Кӯмакпулӣ ба шаҳрвандон

СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО ,«Садои мардум») Дар хиёбони марказии ноҳияи Спитамен ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод баргузор шуд,  ки дар он роҳбарони идораву ташкилот ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Дар ин ҷо зиёда аз 20 ташкилоту идора ба корҷӯён 170 ҷойи кори холӣ пешниҳод карданд. Мудири шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия Зулфия Узоқова иттилоъ дод, ки то ин муддат зиёда аз 600 нафар шаҳрванд ба қайди шуъба гирифта, ба 496 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шудааст.  Дар ин давра бо ҷойи кори доимӣ наздики 500 нафар шаҳрванд ва тариқи квотаи махсус 30 нафар таъмин гардида, зиёда аз 3 ҳазору 500 нафар соҳиби ҷойҳои нави кор шуданд. Ҳамзамон ба 153 нафар шаҳрванд ҳамчун кӯмак ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо гардид.

Корвони саломатӣ

ПАНҶ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Як гурӯҳ мутахассисони варзидаи тиб, иборат аз 40 нафар, барои ташхису расонидаи ёрии амалӣ ба беморону ниёзмандон аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд. Ба ин гурӯҳ ҳамчунин даҳ нафар табибон аз беморхонаи клиникии вилоятии №1-и ба номи Бӯрӣ Воҳидов низ ҳамроҳ гардиданд. Табибон муддати якчанд рӯз дар ин ноҳияи сарҳадӣ беморону ниёзмандонро муоинаю табобат карда, ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд. Ҳамчунин дар беморхонаи марказии ноҳия ба таври ройгон якчанд амалиёти ҷарроҳии нақшавиро бомуваффақият ба анҷом расониданд. Табибоне, ки дар ҳайати ин «Корвони саломатӣ» ба ноҳияҳои дурдасти Панҷу Қумсангир омада буданд, бо худ воситаҳои ҳозиразамони ташхису табобатро низ оварда буданд.

Муаррифии корхонаи Россия дар Тоҷикистон

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Чанде пеш дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи маснуоти комплектӣ» — и шаҳри Тюмени Федератсияи Россия баргузор гардид. Ҷамъияти мазкур ба тавлиди таҷҳизоти конҳои нафту газ, системаҳои нафту обкашӣ, таҷҳизоти марказҳои гармидиҳӣ ва ғайра машғул аст. Дар маросими муаррифии корхона намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу коррези Душанбе», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж», Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёна — «Роҳи абрешим», ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Об – ҳаёт», «Пайки меҳр» ва ғайра иштирок доштанд.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91