Хабарҳо аз кишвар

№146 (3131) 19.11.2013

Техникаҳои нав ба фурудгоҳи Душанбе

ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА,«Садои мардум») Чанде пеш ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ду экскаватор, як грейдер, ду адад зинапояи худгард ва се адад автобуси перронӣ ворид гардид.

-Ин як қисми техникае аст, ки мувофиқи шартномаи миёни Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва  ҶММ «ЮТэйр-Лизинг» баимзорасида дастрас гардид. Мувофиқи ин шартнома, то моҳи марти соли 2014 ба фурудгоҳи пойтахт 50 адад техникаи аэродромӣ бо маблағи 5,9 миллион евро оварда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон боз ҳам беҳтар шавад,- иттилоъ дод котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев.

 Обуна- 2014 ҷамъбаст гардид

ЁВОН. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Дар ноҳияи Ёвон таҳти роҳбарии бевоситаи раиси ноҳия Раҷабалӣ Тағоев маъракаи обуна  ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷамъбаст гардид. Теъдоди умумии обуна барои соли 2014 зиёда аз панҷ ҳазор нусхаро ташкил намуд.

Дар маъракаи обуна деҳоти «Даҳана», «Чоргул», шаҳраки Ёвон, Маркази таъмини барқу гармидиҳии ноҳия, Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикхимпром» ва корхонаи сементбарорӣ пешсаф буданд. Пешсафони маъракаи обуна дар ҷамъбаст аз тарафи раиси ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

 Иҷрои нақшаи дурнамо

ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Пахтакорони ноҳияи Восеъ иҷрои нақшаи дурнамои ҷамъоварии ҳосилро таъмин намуданд. Онҳо  тавассути  истифодаи дурусти қоидаҳои агротехникӣ тавонистанд, ки хирмани пахтаи соли равони ноҳияро ба 20800 тонна расонанд. Дар ин комёбии меҳнатӣ саҳми хоҷагиҳои пахтакори деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдӣ Авезов ва Миралӣ Маҳмадалиев боиси зикр аст. Айни ҳол дар пахтазори ноҳия ҳосил фаровон аст ва деҳқонон баҳри он талош меварзанд, ки маҳсули дастранҷи хешро то кӯраки охирин ҷамъоварӣ намоянд.

 Насби таҷҳизоти нав

БОХТАР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар корхонаи коркарди пахтаи «Бахтиёр» қабл аз оғози маъракаи имсолаи ҳосилғундорӣ техникаю таҷҳизоти нав насб карда шуд. Ин имкон дод, ки баробари зиёд шудани самаранокӣ сифати кор низ беҳтар гардида, неруи барқ сарфа шавад. «Бахтиёр» яке аз корхонаҳои калонтарини саноатии ноҳия буда, дар як сол то 30 ҳазор тонна пахтаро коркард менамояд. Алҳол дар корхона беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор буда, дар як моҳ аз 700 то 1500 сомонӣ музди меҳнат мегиранд. Корхона дар ду баст фаъолият менамояд. Бо мақсади дастрас намудани ашёи хом масъулини корхона бо хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Бохтару Вахш шартнома бастаанд. То имрӯз, тибқи шартнома, беш аз 6 ҳазор тонна маҳсули дастранҷи пахтакорон ба коргоҳи мазкур  ворид гардидааст.

 «Нишон» -и шаҳри Хуҷанд

ХУҶАНД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба хотири омодасозии «Нишон» (герб)- и шаҳр озмун эълон кард. Бо супориши раиси шаҳр Раҷаббой Каримов масъалаи мазкур дар байни олимон ва донишмандони шаҳр мавриди муҳокима қарор гирифта, баъдан бо пешниҳоди онҳо меъморон намунаҳои нишонро таҳия мекунанд.

Нишоне ғолиби озмун қарор хоҳад гирифт, ки баёнгари таърих, анъанот ва фарҳанги ин шаҳри қадимӣ бошад ва ҳамчун рамзи муқаддас барои тарбияи наслҳои оянда хизмат карда тавонад.

 Бинои нав ҳусни шаҳрро афзун кард

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,  «Садои мардум») Чанде пеш дар маркази шаҳри Кӯлоб бинои сеошёнаи  таври замонавӣ бунёдёфта, ки мансуб ба Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб аст, мавриди истифода қарор гирифт. Аз ин пас дар бинои мазкур ҳама сохторҳои минтақавии ҳифзи иҷтимоӣ, ки аз панҷ бахш иборат аст, ба фаъолияти пурсамари муштарак машғул хоҳанд гашт.Бино бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд ёфта,  иборат аз 80 ҳуҷраи корӣ аст. Инчунин дар бино филиали маҳаллии Маркази ҷумҳуриявии таълими калонсолон ҷойгир карда шудааст, ки дар як вақт то 100 нафар  хоҳишмандонро ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифта метавонад.

 Филиали «Амонатбонк» дар бинои нав

МУЪМИНОБОД. (Нурулло ҲАСАНОВ) Дар маркази ноҳияи Муъминобод бинои дуошёнаи замонавии филиали БДАТ «Амонатбонк» ботантана ифтитоҳ ёфт. Корҳои сохтмониро кормандони ҶДММ «Гилмон» (сарвараш Фатҳиддин Абдуллоев) ба маблағи 1 миллиону 780 ҳазор сомонӣ анҷом доданд. Даҳ ҳуҷраи корӣ, толори хизматрасонӣ, дастгоҳҳои  замонавии ҳисобӣ, компютерӣ сатҳи фаъолияти кормандонро  боло мебардорад.

Ҳамин тариқа маркази ноҳия мунтазам ободу зебо мешавад.Чанде пеш майдони марказии ноҳия бо бунёди ҳайкали шоҳ Исмоили Сомонӣ,бозори болопӯшидаи сабзавот ба истифода дода шуда буд.

 Қомуси тиббии вилоят аз чоп баромад

СУҒД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») «Қомуси тиббӣ»-и вилояти Суғд, ки чанде пеш аз чоп баромад, таърихи ташаккули илми тиб дар қаламрави вилояти Суғдро аз даврони қадим то имрӯз дар бар мегирад. Дар китоби мазкур махсусан саҳми нахустин духтурони рус, тарбияи кадрҳои маҳаллӣ, рушду тараққии тибби тоҷик дар замони нав бештар инъикос гардидааст. Китоб бо эҳтимоми як гурӯҳ донишмандону қаламкашони вилоят мураттаб гардида, дар бораи беш аз ҳазор нафар табибон маълумот медиҳад.

 Аз «Шарқ ёруғлиги» то ба «Тахти Қубод»

Қубодиён. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Шумораи навбатии рӯзномаи ноҳиявии Қубодиён «Шараф» бо номи нави «Тахти Қубод» аз чоп баромад. Дар ин бора Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қарор қабул кард.  Шумораи нахустини ин нашрия моҳи майи соли 1932 бо номи «Шарқ ёруғлиги» рӯйи чоп омада буд. Баъдан он бо номҳои «Коммунизм учун», «Октябр» ва бо дубора таъсис ёфтани ноҳия «Шараф» номгузорӣ гардида, ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ аз чоп мебаромад.

-Дар ноҳияи мо ҳар як иқдоми хубу шоиста аз ҷониби раиси ноҳия Саъдулло Бекназаров сари вақт дастгирӣ меёбад. Инак, бо дастгирии раис ва вакилони халқи ноҳия  рӯзнома номи «Тахти Қубод»-ро гирифт. Ҳамчунин, ба наздикӣ идораи рӯзнома бо мошини хизматӣ таъмин гардид. Адади нашри рӯзномаи мо акнун аз 500, дар соли нав ба 5000 нусха мерасад,- гуфт ба хабарнигорамон муҳаррири рӯзномаи «Тахти Қубод» Адолат Сайфуллоева.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.