Хабарҳо аз Хатлон

№46 (3526) 07.04.2016

Оғози сафарбарии ҷавонон ба артиш

КӮЛОБ. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссарияти ҳарбӣ дар майдони Маҷмааи 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб ба муносибати оғози маъракаи баҳории сафарбарии ҷавонон ба артиш ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он аҳли ҷамоатчигӣ ва падару модарони даъватшуда ширкат варзиданд.

Раиси собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб Мирзо Бекматов, раиси собиқадорони сарбозони башардӯст Лутфи Хомӯш ва чанде аз волидон дар назди даъватшудагон сухан ронда,ҷавононро ба хизмати содиқонаи  Модар-Ватан даъват намуданд.

Санъаткорон бо шеъру таронаҳои ватандӯстонаи худ хотири ҷамъомадагон, бахусус, наваскаронро шоду болида гардонданд.

Бунёди бунгоҳҳо бо усули ҳашар

ТЕМУРМАЛИК. Сокинони деҳаи Баҳманрӯди деҳоти «Танобчӣ» ва деҳаи Рӯҳафзои деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо усули ҳашар бунгоҳҳои тиббии замонавӣ бунёд намуданд. Замони ба истифода додани ин ду бунгоҳи тиббӣ ба рӯзи дуюми таҷлили  иди Наврӯз мувофиқ омад. Раиси ноҳия Гулмаҳмадзода Мирзохон Санг зимни ифтитоҳи онҳо аз ташаббусҳои бунёдкоронаи сокинони деҳаҳои мазкур ва ноҳия изҳори қаноатмандӣ кард.

Саҳми соҳибкорон дар рушди муассисаҳои томактабӣ

ФАРХОР. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016» тадбири зиёд андешида истодааст. То қабули барномаи мазкур шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия ду ададро ташкил менамуд. Бо дастгирию кумаки соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ ин шумора имрӯз ба даҳ адад расидааст.

Кӯдакистонҳои ба номи Темурмалики деҳаи Арчаи деҳоти «Деҳқонариқ», «Фазл»-и деҳаи Хуррамзамини деҳоти «Фархор» ва кӯдакистони ба номи Ораши деҳаи Гулшани деҳоти «Гулшан» аз ҷумлаи он муассисаҳои томактабианд, ки соҳибкорон Шокир Назаров, Расул Бобоназаров ва Мирзохон Ҳафизов бунёд кардаанд.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»

Иҷрои нақша дар рӯзи аввал

Якуми апрел дар саҳни бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Носири Хусрав маросими гусели ҷавонони даъватшуда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар он раиси ноҳия Рамазон Оймаҳмадзода, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва идораю ташкилотҳо иштирок намуданд.

- Бо итминони комил изҳор менамоям, ки даъватшудагони имрӯза сарбозони далеру шуҷои Артиши миллии ҷумҳурӣ гардида, минбаъд низ рисолат ва уҳдадориҳои худро бо рафтору интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ бо сарбаландиву далерӣ иҷро менамоянд, — изҳор дошт Рамазон Оймаҳмадзода.

Сипас, падару модарони даъватшуда суханронӣ намуда, ба фарзандони хеш дар ҳифзи Ватан барори кор хоста, дуои нек доданд.

Дар охир аз ҷониби санъаткорони қасри фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ пешниҳод гардид.

Комиссари ҳарбии ноҳия Амиралӣ Завқиев иттилоъ дод, ки нақшаи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар рӯзи аввали ин маърака сарбаландона иҷро гардид.

Ин маротибаи сеюм аст, ки ҳайати шахсии комиссариати ҳарбӣ бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони ҷамоатҳои деҳот маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда ба иҷро мерасонад.

Дар ноҳияи дигари сарҳадии вилояти Хатлон — Қубодиён дар нахустин рӯзи оғози маъракаи даъват 80 нафар ихтиёриён ҷамъ омада, ба хизмати Модар-Ватан сафарбар гардиданд. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Сайдумрон Назар дар назди онҳо ва падару модарони даъватшудагон суханронӣ намуда, ба онҳо роҳи сафеду хизмати софдилонаро таманно кард.

Ҳамчунин, ба наваскарон ҳад­яҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим шуд.

 Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»