Хабарҳо аз кишвар

№153 (3138) 05.12.2013

Сӯхтор дар ноҳияи Роштқалъа

ВМКБ. (Шоҳтолиб Шоҳқосимов, «Садои мардум») Аз маркази матбуотии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мо иттилоъ доданд, ки шаби 4-уми декабри соли 2013 соати 230 дақиқа бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа оташ гирифт. Дар натиҷаи сӯхтор бино пурра хароб ва корношоям шуд. Ба ҷойи ҳодиса фавран ду  мошини гурӯҳи зудамали Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят сафарбар гардид. Автомобили гурӯҳи 2-юми Хадамоти оташнишонӣ зимни ба ҷойи ҳодиса равона шудан дар роҳ ба садама дучор мегардад, ки дар натиҷа ду нафар аъзои гурӯҳ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ бистарӣ шуданд. Комиссияи махсуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ таҳти роҳбарии раиси вилоят Шодихон Ҷамшедов соати 300 шаб ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардиданд.  Идораи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа муваққатан ба бинои шуъбаи маорифи ноҳия ва Маркази таълими куҳансолони ноҳия кӯчонида шуд. Айни ҳол Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа аз рӯйи реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.

Ифтитоҳи бинои нави шуъба

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт. Роҳбарияти Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати корҳои дохилии вилоят пас аз буридани лентаи рамзӣ аз дохили бинои мазкур дидан карда, бо шароити кории муҳайёгардида аз наздик шинос шуданд.  Бинои дуошёнаи мазкур аз 18 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, барои кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар таҳхонаи бино толори варзишӣ ва ошхона низ ҷойгир шудааст. Бинои тозабунёд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил ва соҳибкорон сохта шудааст.

Хобгоҳи сӯхта барқарор гашт

ШӮРООБОД. (Темуршоҳи  ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Моҳи майи соли равон бо сабаби номаълум хобгоҳи Хонаи бачаҳои ятиму камбизоати деҳаи Саричашма дар коми оташ  сӯхта, корношоям гардида буд. Бинои харобшударо Дирексияи сохтмони  асосии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз ду миллион сомонӣ таъмиру таҷдид карда, онро дар хизмати муҳассилини таълимгоҳ қарор доданд. Бинои мазкур барои 165  нафар буда, дар он ҳама шароити зарурӣ барои зиндагӣ муҳайё карда шудааст.Дар лаҳзаи ба таври тантанавӣ ба истифода додани бинои нав муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова иштирок карда, аз ҷониби вазорат  ба тарбиягирандагони Хонаи бачаҳои ятиму камбизоати деҳаи Саричашма 30 рахти хоб туҳфа намуд.

Синфхонаҳо бунёд мегарданд

БОХТАР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар назди бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 бунёди 11 синфхонаи иловагӣ оғоз ёфт. Ин синфхонаҳо бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар бунёд мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки хонандагон бо шароити беҳтари таълиму тарбия фаро гирифта шаванд. Тавре сарвари мактаб Чеҳрагул Абдуллоева иброз намуд, бинои мактаби мазкур ҳанӯз солҳои 30-уми асри гузашта сохта шуда буд. Аз ин рӯ, толибилмон бо сабаби нарасидани синфхонаҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ мегардиданд. Соли равон дар назди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 35 ва 40 низ якчанд синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Нақша барзиёд иҷро шуд

ШАҲРИСТОН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон нақшаи кишти тирамоҳии ғалладонагиро барзиёд иҷро карданд. Баробари хоҷагиҳои кишоварзии ҷамоавӣ хоҷагиҳои инфиродӣ низ аз уҳдаи иҷрои ин нақша баромаданд. Нақшаи кишти тирамоҳии хоҷагиҳои инфиродӣ мувофиқи маълумоти Ҷамоати деҳоти «Бунҷикат» 234,20 гектар буда, аз тарафи аҳолӣ ин кор пурра иҷро шуд. Дигар хоҷагиҳои кишоварзии ҷамоавӣ низ нақшаро сад фоиз иҷро намуданд. Хоҷагиҳои кишоварзии «Ҳисор» ба ҷойи 35 гектар37 гектар, «Темурмалик» ба ҷойи 31 гектар37 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида, нақшаро барзиёд иҷро карданд. Дар ноҳия ба ҷойи 4555 гектар дар майдони 4563 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд.

Амали неку шоиста

ҚУМСАНГИР. (Давлат СУЛТОНОВ,  «Садои мардум») Бо маблағи хайрияи намозгузорони масҷидҳои ноҳияи Қумсангир барои кӯмак ба беморону ниёзмандон ду мошини «Ёрии таъҷилӣ» харидорӣ карда шуд. Тавре сархатиби масҷиди ҷомеъи ноҳия Кароматулло Маҷидов иброз медорад, ин амали нек барои расонидани кӯмаки таъҷилӣ ба ниёзмандону беморон ба иҷро шудааст.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Фирӯза Шамсова иброз намуд, ки соли ҷорӣ барои таъмиру харидории таҷҳизотҳои зарурии чор беморхонаи минтақавии ноҳия аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 110 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ҳамчунин барои таъмиру тармими биноҳои соҳаи тандурустӣ низ намозгузорон кӯмак намудаанд.

Варзишгарони тоҷик дар Туркия

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Имрӯзҳо дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия Чемпионати ҷаҳон оид ба кикбогсинг  доир гардида истодааст. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа варзишгарони дастаи мунтахаби кишвар Алишер Ахмедов, Шӯҳрат Холиқов, Парвиз Муродзода, Фаррух Шокиров, Суҳроби Алидод, Муҳаммад Наимов, Зуҳро Холова, Фотима Холова, Ортиқ Алимирзоев, довар Алӣ Акбаров, мураббӣ Далер Тураев таҳти раҳбарии Мирсаид Яҳёев иштирок менамоянд. Мусобиқаи мазкур то 9 декабри соли равон давом идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Тибқи нақша – чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд ба хотири гиромидошти Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Маъруф Ҳусейнов мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1996-1997 доир гардид. Дар он дастаҳо аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Данғара, Хуҷанд, Конибодом, Чкалов, Истаравшан, Исфара, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Шаҳристон, дар маҷмӯъ 114 нафар варзишгар ширкат варзиданд. Дар мусобиқа, ки дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуд, варзишгарони вилояти Суғд соҳиби 7 медали тилло, 5 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гаштанд.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91