Хабарҳо аз кишвар

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

Ҳамкориҳои илмӣ тақвият меёбанд

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бо иштироки устодону донишҷӯён нишаст баргузор шуд. Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки ба шарофати истиқлолият мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт қавитар мегардад. Дар тӯли ин солҳо дар соҳаи маориф  низ  дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки дар ин замина сатҳу сифати таълиму тарбия хеле боло рафт. Дар ин робита Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия  фаъолияти худро ҷиҳати омодасозии мутахассисони варзида  беҳтар намуда, робитаҳои илмиро бо донишгоҳҳои шинохтаи кишварҳои хориҷӣ тақвият бахшида истодааст.

  Чорабинии идона

ҚАЙРОҚҚУМ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳраки Зарнисор таҳти шиори  «Шукри Истиқлолат, кишварам!» чорабинии васеи идона доир гардид. Дар ҷараёни он хатнасури шаш нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд сурат гирифт. Ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум Убайдулло Анваров ва Акбарҷон Маллаев дар ин рӯз ба хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 лавозимоти мактабӣ тақдим намуда, ба собиқадорони меҳнат туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

   Бонувон ҳунарҳои мардумиро эҳё мегардонанд

РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба пешвози ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Бонуи ҳунар» баргузор гардид, ки дар он бонувони соҳибҳунари тамоми деҳаҳо ширкат варзиданд. Дар озмун бонувон ҳунарҳои хӯрокпазӣ, тайёр кардани сару либоси қадима ва имрӯзаи тоҷикӣ, фарҳанги сухангӯйӣ, маданияти қабули меҳмонон ва дигар расму оинҳои миллиро пешкаши ҳакамону иштирокдорон намуданд. Мақсад аз баргузории озмун эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки қисман аз хотири сокинони ноҳия ба фаромӯшӣ рафтааст. Натиҷаи озмун рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравию пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

 Туҳфаи ҷашнӣ ба варзишгарон

ВАХШ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар арафаи ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и  деҳоти «Тоҷикобод» бинои нави толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумаку дастгирии падару модарони хонандагон бунёд ёфтааст, ки барои ҷавонону наврасони деҳа як туҳфаи арзандае дар арафаи ҷашни истиқлолият мебошад. Айни замон сохтмони боз як толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и деҳоти мазкур идома дорад.

 Омодагии ҷиддӣ ба ҷашни Истиқлолият

ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Чанд рӯзи охир дар деҳоти «Ҳисор»-и ноҳия, ки яке аз мавзеъҳои баргузории ҷашни 3000 — солагии Ҳисор ба шумор меравад, сокинон ба ҳашари умумӣ баромада,  ҷойҳои таърихии майдони «Қалъаи Ҳисор», «Мадрасаи Куҳна», «Мадрасаи Нав», «Майдони Регистон», «Мақбараи Хоҷа Махдуми Аъзам»-ро тоза намуда, барои қабули меҳмонон дар ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ гирифтаанд. Ҳамчунин дар кӯчаҳои маркази деҳот ва дигар деҳаҳои атрофи «Қалъаи Ҳисор» мардум ба таври ҳашар хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти маданиву маиширо зинату ороиши идона доданд.

 Аввалин дастовард дар олимпиадаи минтақавӣ

НУРОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Соли равон бори аввал дар таърихи ноҳия хонандагони синфҳои 9 ва 10-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаи минтақавӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 12 медал, аз ҷумла се медали тилло, чор медали нуқра ва панҷ медали биринҷӣ гардиданд. Ин дастовард аз баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия дарак  медиҳад.

Иқдоми нави ҳоҷимаҳкам

ҒОНЧӢ.  (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Сокини деҳаи Метки деҳоти «Ваҳдат» Ҳоҷимаҳкам Ёқубови 75-сола дар корҳои ободонии  деҳа саҳмгузорӣ мекунад. Ҳиссаи ӯ ва фарзандонаш дар таъмири роҳи деҳа кам нест. Тобистони имсола бобои Ҳоҷимаҳкам боз як иқдоми наҷиберо пеш гирифт. Барои фарзандони деҳа як муассисаи таълимии иборат аз 13 синфхонаро сохта, ба истифода дод, ки боиси хушнудии хонандагону волидайни онҳо гардид.

 Созандагӣ дар  шаҳраки нав

ИСТАРАВШАН. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар қисмати  шимолии даромадгоҳи шаҳр бунёди шаҳраки замонавӣ идома дорад. Баҳри таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ дар саргаҳи ин мавзеъ ду чоҳи амудӣ кофта, як ҳавзи захираи об бунёд карда шуд.  Оби чоҳҳо тавассути лӯлаҳои қутрашон 400 миллиметра то ҳавзҳои ҳаҷмашон 1500 мукаабметр расонида мешавад. Фармоишгари лоиҳаи мазкур идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва иҷрочӣ ҶДММ «ДСМ Суғд»-и шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Медали биринҷии муштзани тоҷик

 ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Варзишгари маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар пойтахти Тайланд — шаҳри Бангкок баргузор шуд, ҷойи сеюмро ишғол намуд.  Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Ҷаҳон Қурбонов дар рақобатҳо дар вазни то 91 килограмм баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш аз Корея ва Покистон ба даври нимниҳоӣ баромад, вале  дар ин давр муштзани қазоқистонӣ ӯро мағлуб кард. Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бангкок 188 варзишгар аз 28 кишвари дунё ширкат варзид, ки ин дар таърихи сабқати қитъавӣ шумораи рекордист.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР.

Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.