Хабарҳо аз кишвар

№143 (3444) 27.10.2015

Аёдати оилаҳои ҳалокшудагон

ДУШАНБЕ. (РаҳмоналӣҲАБИБОВ, «Садои мардум»)   Кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба аёдати оилаҳои нафароне, ки дар воқеаҳои моҳи сентябри соли равон ҳалок шуда буданд, аз ҷумла генерал — майор Рустам Амакиев, подполковники милитсия Дмитрий Буриев, майори милитсия Нусратулло Ёров, лейтенанти калони милитсия Дилшод Саъдуллоев,  лейтенанти калони милитсия Шамшод Шарипов, лейтенанти калони милитсия Исмоил Пиров, лейтенанти калони милитсия Раҷаб Орипов,  майори  милитсия Нуъмон Каримов, лейтенанти калони милитсия Алишер Ҷобиров, лейтенанти калони милитсия Музаффар Саидов, майори  милитсия Алибой Идиев, лейтенанти калони милитсия Мирмад Ҳасанов ва Орзу Муродов рафтанд.

Ёдовар  мешавем, ки ин фарзандони фарзонаи миллат, дар  ҳодисаҳои  аз  4 то 16 -уми сентябри соли ҷорӣ рухдода, дар ҷараёни мубориза бар зидди гурӯҳи террористии собиқ  муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода қаҳрамонона ҳалок шудаанд.

Имзои созишномаи иловагӣ

ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»)  Абдусалом Қурбониён — вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иво Герман — сардори Департаменти Идораи швейтсарии ҳамкорӣ  дар Тоҷикистон  чанде  қабл дар доираи Барномаи «Лоиҳаи хусусии энергетикии Помир» созишномаи иловагиро ба имзо расонданд.

Мувофиқи ин созишнома Швейтсария ба Тоҷикистон боз  625 ҳазор доллари ИМА кумаки молиявӣ мерасонад. Ҳадафи асосии ҷудо гардидани ин маблағ барқарорсозии интиқоли барқ аз Неругоҳи барқи обии «Помир-1» то шаҳри Хоруғ, ки аз селу обхезиҳои моҳи июли соли равон баамаломада зарар дида буданд, мебошад. Мувофиқи нақша барнома бояд то охири сол анҷом дода шавад.

Бартарии таҷдиди низоми таҳсил

 ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони  «Раванди гузариш ба низоми ягонаи кредитии таҳсилот»  семинар баргузор гардид. Директори донишкада, доктори илми иқтисод Инъомҷон Аминов  семинарро оғоз бахшида, меҳмонон ва аҳли нишастро хайра мақдам гуфт. Дар семинар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозор Одинаев ва ректорону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозор Одинаев фикру мулоҳизаҳояшро перомуни гузариш ба низоми ягонаи кредитии таҳсилот ва мушкилоти он баён дошт. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов дар мавзӯи «Гузариш ба системаи кредитӣ: муаммоҳо ва таҷриба дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво  намуд.  Иштирокчиёни семинар фикру мулоҳизаҳояшонро  перомуни раванди гузариш ба низоми ягонаи кредитии таҳсилот ва мушкилоту муаммоҳои мавҷуда баён намуданд.

Баррасии масъалаи муҳим

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ,  «Садои мардум») Дар ҷаласаи васеи кории узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода масъалаи омодагӣ ба фасли зимистони дарпешистода мавриди муҳокима қарор гирифт. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ, аз ҷумла чунин иброз дошт: — Мансабдороне, ки дар ин масъалаи муҳим хунукназарӣ мекунанду маълумоти бардурӯғ  пешниҳод менамоянд ва дар кӯтоҳтарин фурсат барои ислоҳи камбудиҳо намекӯшанд, ба муҷозот кашида хоҳанд шуд.

Дар ҷаласа оид ба ин масъала ҳисоботи муовини раиси вилоят Абдуҷаббор Баҳодурзода, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сардорони ташкилоту идораҳои вилоятӣ шунида шуд. Ҷаласа таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим сурат гирифт.

«Ман аскари туям, эй Ватан!»

РАШТ. (Диловари МИРЗО,  «Садои мардум»)Дар деҳоти «Ҳиҷборак»-и ноҳияи Рашт таҳти шиори «Ман аскари туям, эй Ватан!» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстӣ давоми соли равон байни ҷавонон мунтазам суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид. Натиҷаи корҳои тарғиботӣ буд, ки ҷавонони бонангу ор ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд ва деҳоти мавсуф дар ноҳия яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (130 фоиз) иҷро намуд.

Нияти неки пахтакорон

СПИТАМЕН. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Хоҷагии деҳқонии «Нормуродота» (аз Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи Бобоев) аз аввалинҳо шуда, нақшаи истеҳсоли солонаи пахтасупориро иҷро намуд. Назар ба қавли сарвари хоҷагӣ Неъматҷон Нормуродов, ки ҳамчун пахтакор таҷрибаи калон дорад, кишоварзони ин хоҷагӣ имсол дар майдони 14 гектар чигит кишт карда, ба ҷойи 34 тоннаи нақша 40 тонна пахта чидаанд, ки аз ҳар гектар 22 сентнериро ташкил медиҳад. Дар иҷрои нақша саҳми механизатор Мирҷалол Мирзодавлатов, обронҳо Исроил Мамадов, Юлдошбой Кимсанов, чинакчиён Ҳайитгул Тошматова, Моҳӣ Абдураҳмонова, Хадича Нормуродова шоистаи таҳсин аст.

Роҳҳо мумфарш гаштанд

ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди маркази шаҳраки Ваҳдати  ноҳияи Ҷиргатол мумфарш карда шуд.

Мумфарш намудани роҳи мазкурро ҶДММ «Салоса»- и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии мутахассиси соҳибтаҷриба Амирхон Абдураҳмонов ба зимма гирифта буд. Ҳамин тариқ, 2,5 километр роҳ бо сифати хуб ва дар муҳлати муқарраршуда мумфарш гардид, ки ба шаҳрак ҳусни тоза бахшид.

- Мо аз ғамхории навбатии Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем, — гуфт дар суҳбат иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳраки Ваҳдат Нигина Турсунова ва афзуд; — солиёни зиёд кӯчаи марказии шаҳраки мо ба таъмир ниёз дошт.

 Таҷрибаи пешқадами тухмипарварон

ҚУБОДИЁН. (Давлат СУЛТОНОВ,  «Садои мардум» )Дар хоҷагии овозадори тухмипарварии «Авесто» семинар — машварати кишоварзони вилояти Хатлон барпо гардид. Дар он мавзӯи «Интихоби дурусти навъ — омили баландҳосилӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамчунин иштирокдорони машварат бо таҷрибаи бою ғании тухмипарварони хоҷагӣ аз наздик ошно гардиданд.

Дар семинар — машварат муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар қитъаи навъсанҷии хоҷагии мазкур 32 навъи пахтаи ватанӣ, хитойиву туркӣ кишт ва мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Қубодиён, Саидумрон Абдураҳмонзода зимни суханрониаш иброз намуд, ки дар хоҷагӣ навъҳои хубу серҳосил ва ба бемориҳо тобовари пахта бо он мақсад парвариш меёбанд, ки минбаъд дар саросари вилояту  ҷумҳурӣ хоҷагиҳои пахтакор аз онҳо ба таври васеъ истифода баранду фоидаи хуб ба даст оранд.

Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед.  Телефон:  238-58-91