Хабарҳо аз кишвар

№171 (3472) 14.12.2015

Интиқоли неруи барқ ба ҳамсояҳо қатъ гардид

ДУШАНБЕ. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Бо фаро расидани фасли сармо ШСХК «Барқи Тоҷик» интиқоли неруи барқро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қатъ кардааст. Котиби матбуотии ширкати мазкур Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ додааст, ки иқдоми мазкур барои  қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолии кишвар амалӣ шуд.  Ёдовар мешавем, ки солҳои гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири аз даст надодани бозор дар фасли сармо низ интиқоли неруи барқ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро қатъ намекард. Ҳоло бошад, танҳо барои надуздидани симҳои интиқолдиҳандаи неруи барқ дар ҳаҷми хеле кам ба ин кишвар неруи барқ интиқол медиҳанд. Манбаъ таъкид намудааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ин бозорро аз даст доданӣ нестанд ва бо фаро расидани фасли гармо ва зиёд шудани об дар обанборҳо дубора интиқоли неруи барқ  шурӯъ мешавад.

 Азми қавии соҳибкори ҷавон

ШУҒНОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар деҳаи Питоби деҳоти «Сучон»-и ноҳия бо иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аламут» коргоҳи истеҳсоли картошкақоқ (чипс) ба кор медарояд. Айни замон  таври таҷрибавӣ дар ин ҷо маҳсулот истеҳсол мекунанд ва дар сурати пайдо кардани харидорон истеҳсоли  он  таври  доимӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба гуфти роҳбари корхонаи мазкур Акмал Файзуллоев, вақти он расидааст, ки воридоти маҳсулотеро, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол кардани он мумкин аст, коҳиш диҳем. Ин соҳибкори ҷавон ният дорад, ки баъди ба мувофиқа расидан  бо кишоварзони деҳот барои дастрас кардани картошка шартнома баста, маҳсулоти хушсифати маҳаллиро ба харидорон пешниҳод кунад.

    Кӯшиши дастҷамъона мебояд

ИСФАРА. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо иштироки васеи  кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ ва донишҷӯён ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он омилҳои гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баррасӣ гардид. зикр шуд, ки танҳо бо кӯшиши якҷоя ва дастҷамъона пеши роҳи ифротгаройиву паҳншавии равияву ҳаракатҳои барои миллату меҳани мо бегонаро гирифтан мумкин аст. сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд  Р. Раҳимов ва муовини сардори ШВКД-и  шаҳр Ш. Фозилбеков низ зимни суханрониҳои худ ин нуктаро таъкид карданд.

 Чорабинӣ бахшида ба «Соли оила»

ШАҲРИНАВ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳоти «Чуст»- и ноҳия бахшида ба «Соли оила» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он аҳли оилаҳои соҳибтаҷриба, оилаҳои ҷавон ва омӯзгорон иштирок намуданд. Муассисаи таълимии мазкур калонтарин таълимгоҳи ноҳияи Шаҳринав ба шумор рафта, беш 1450 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Дар рафти чорабинӣ ҳозирин ба суолҳои хонандагон посух дода, аз ҳаёту рӯзгордории худ қисса карданд.

Хонандагони таълимгоҳ  бо шеъру таронаҳои ҷолиб хотири иштирокдоронро шод гардониданд.

  Нақшаро иҷро карданд

ТОҶИКОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Кишоварзони ноҳия тибқи нақша бояд 2390 гектар заминро шудгор намуда, дар майдони 1080 гектар ғалла кишт мекарданд. Хушбахтона, онҳо нақшаи пешбинишударо пеш аз муҳлат иҷро намуданд.  Деҳқонони деҳоти «Қалъаи лаби об» ва «Лангари Шоҳ» аввалин шуда, аз иҷрои нақша гузориш доданд. Раиси ноҳия Ҳусейн Ализода  ба онҳое, ки дар иҷрои саривақтии нақша саҳм гузоштанд, изҳори миннатдорӣ намуд.

 Истеҳсоли сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ безарар

ҚУБОДИЁН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Ба мутахассисони Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Аввалин» дар натиҷаи омӯхтани таҷрибаи пешқадам муяссар гардид, ки истеҳсоли навъи нави сӯзишвориро аз пасмондаҳои решаи ширинбия ба роҳ монанд. Истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ таҷрибаи аввалин ҳисоб меёбад.

Тавре муовини директори ҶСШП «Аввалин» Наҷиб Ҳамроев иброз дошт, сӯзишвории кулӯлашакли аз пасмондаи решаи ширинбия истеҳсолшаванда мисли ангишт гази заҳролуди зараровар надорад ва онро дар шароити хонаю  муассисаҳои  таълимӣ бе ягон хавфу хатар истифода бурдан мумкин аст. Соли ҷорӣ аллакай 700 тонна ин намуди сӯзишворӣ истеҳсол гардид. Роҳбарияти корхона ният доранд, ки дар оянда истеҳсоли онро ба 1200 тонна расонанд.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91