Хабарҳо аз кишвар

№174-175 (3475-3476) 21.12.2015

Иқдом баҳри дастгирии Буҷети давлатӣ

ДУШАНБЕ. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Тибқи иттилои сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, 14 — уми декабри соли равон муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни мулоқот бо ҳайати Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷузъиёти лоиҳаи Барномаи дастгирии Буҷети  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби ин муассисаи бонуфузи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро дар мулоқоти мазкур иқтисодчии пешбари ин муассисаи молиявӣ оид ба Осиёи Марказӣ Кристос Костополос роҳбарӣ менамояд. Бино ба иттилои манбаъ, мақсади асосии таҳияи лоиҳаи Барнома кам кардани осебпазирии иқтисод, афзудани сармоягузорӣ ва фароҳам овардани фазои мӯътадили макроиқтисодӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.

Эҳёи анъанаи миллии сафедоршинонӣ

СУҒД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») - Бо мақсади таъмини аҳолии вилояти Суғд бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ Барномаи «Эҳёи анъанаҳои миллии сафедоршинонӣ барои солҳои 2016 — 2020»  дар вилояти Суғд қабул карда мешавад. Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз 26 ноябри соли 2015 таҳти  № 521 ба тасвиб расид,- гуфт сардори Хадамоти иттилоотии раиси вилоят Музаффар Юнусов. Бино ба гуфтаи ӯ, мақсади асосии Барнома бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ, хусусан маҳсулоти чӯбӣ, беҳтар намудани таъмини аҳолии кишвар ва бо ин роҳ беҳбуд бахшидани шароити иқтисодии  онҳо мебошад.

Корҳои сохтмонӣ идома доранд

ПАНҶАКЕНТ. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар хиёбони ба номи Рӯдакӣ иншооти боҳашамате бо номи Маркази калони савдои «Ҳумо»  қомат афрохта  истодааст. Бино чорошёна буда, барои сохтмони он 6,5 миллион сомонӣ маблағ равона карда мешавад. Аллакай қисми зиёди корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати ҶДММ «Ғизо» ба анҷом расидааст ва бинокорон, ки аз 40 нафар сокинони маҳаллӣ  иборатанд, ният доранд, ки сохтмони биноро дар вақтҳои наздик анҷом диҳанд.

Маркази ҳунаромӯзии «Ориён»  ба фаъолият оғоз кард

СПИТАМЕН. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»)Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳраки Нови ноҳия  Маркази таълимию  истеҳсолӣ бо номи «Ориён» дари худро барои бонувони маҳал боз намуд. Дар маркази таълимии мазкур, ки чор дастгоҳи атласу адрасбофӣ насб гардидааст, чор нафар мутахассисон ба 12 нафар шогирдон ҳунари бофандагӣ меомӯзанд.

Дар маъракаи «Обуна- 2016» пешсафанд

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Миёни беш аз 100 ташкилоту  муассисаи минтақавӣ ташкилотҳоеро, ба амсоли ҶСК «Фурудгоҳи байнамилалии Кӯлоб», Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Раёсати тандурустӣ, Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Раёсати сохтмони асосӣ, Раёсати фарҳанг, намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон ва Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа  ном бурдан мумкин аст, ки маъракаи «Обуна-2016»-ро дар сатҳи зарурию намунавӣ ба роҳ мондаанд. Чунончӣ, устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба 250 нусха рӯзномаву маҷаллаҳои расмии кишвар обуна шудаанд, ки 60 нусхаи онро рӯзномаи «Садои мардум» ташкил мекунад.

Аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштанд

ТАВИЛДАРА. (Диловари МИРЗО,  «Садои мардум») Барои тарбияи мутахассисони соҳибтаҳсилоти соҳаи тиб ва такмили дониши онҳо дар ноҳия чораҳои мушаххас андешида мешавад. Аз ҷумла соли равон  26 нафар кормандони соҳаи тиб аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштанд. Айни замон 25 нафар табибон, ки дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд  ва 92 нафар бо  маълумоти миёнаи тиббӣ ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд. Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  норасоии мутахассисонро дар ин минтақа ба назар гирифта, соли 2010 аз ҳисоби Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт  дар маркази ноҳияи Тавилдара як гурӯҳи таълимӣ таъсис дод, ки айни ҳол дар он 54 нафар (аз ҷумла 31 нафар духтарон) таҳсил доранд.

Ҳосили фаровони «Кишмиши Тӯда»

ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кишмиши Тӯда», воқеъ дар деҳаи Тӯда, бо сарварии Абдурашид Раҳимов  якчанд сол боз фаъолият дорад. Аз 103 гектар  токзори ин хоҷагӣ 71 гектарашро ангури навъи кишмиш ташкил медиҳад. Деҳқонон, ки ба туфайли меҳнати ҳалол имсол ҳосили фаровон рӯёнида буданд, беш аз 100 тоннаи  ин навъи ангурро ба Федератсияи Россия содирот намуданд. Ҳоло роҳбарияти хоҷагӣ сохтмони корхонаи коркарди ангурро ба нақша гирифтааст.

Омӯзгори беҳтарини сол дар вилояти Хатлон

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Даври вилоятии озмуни «Омӯзгори беҳтарини сол» баргузор гардид, ки  дар он ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуданд. Иштирокчиёни озмун аз рӯи ҳафт шарти тибқи Низомнома муайянгардида — усули дарс, таҳлили дарс, дарси тарбиявӣ, маҷлиси падару модарон, кор бо компютер ва даҳ савол аз рӯи ихтисос маҳорат ва дониши худро санҷиданд.

Аз рӯи ҷамъбасти озмун ҷойи аввал насиби омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-уми ноҳияи Фархор Худойназар Ҳақназаров гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро Заррина Мадназарова — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Кӯлоб ва Эркин Қосимов — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-уми шаҳри Қӯрғонтеппа соҳиб шуданд.

Ғолиби ҷойи аввал ба даври ҷумҳуриявии  озмун роҳхат гирифт.

Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.