Хабарҳо аз кишвар

№5 (3485) 12.01.2016

Шумораи ҳавзҳои моҳипарварӣ меафзояд

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Солҳои охир сокинони деҳоти «Зарбдор» вобаста ба талаботи бозор ба моҳипарварӣ рӯ овардаанд. Алҳол дар ҳудуди деҳоти мазкур даҳҳо хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мекунанд, ки масоҳати умумии онҳо 35 гектарро ташкил менамояд. Бо дарназардошти манфиатнок будани соҳа имрӯзҳо сокинони деҳот ба бунёди ҳавзҳои нави моҳипарварӣ оғоз бахшидаанд.

Соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд мекунад

 ХОВАЛИНГ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Ҷамъбасти сол нишон дод, ки баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ занбӯриасалпарварию моҳипарварӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Занбӯриасалпарварону моҳипарварони  ноҳия давоми сол натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд. Дар ин давра шумораи оилаҳои занбӯри асал ба беш аз 4000 ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ ба ҳафт гектар расонида шуд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи занбӯриасалпарварон зиёда аз 40 тонна ва моҳипарварон 3,3 тоннаро ташкил менамояд.

Меваю сабзавот дар чор фасли сол

ИСФАРА. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти «Навгилем» бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Рустам Абдуқаюмов дар майдони 0,06 гектар гармхона бунёд гардидааст, ки чор сол боз ба буҷети хонаводаи ин соҳибкор даромади иловагӣ зам менамояд. Аъзои оила дар гармхона бодирингу помидор, кабудӣ ва лимӯ парвариш карда, чор фасли сол дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ саҳми муносиб мегузоранд.  Соҳибкор Рустам Абдуқаюмов мегӯяд, ки даромад аз маҳсулоти гармхона сол аз сол зиёд шуда истодааст ва илова мекунад: агар соли 2014-ум 12 ҳазор сомонӣ фоида ба даст омада бошад, соли 2015 ин нишондиҳанда ба 15 ҳазор сомонӣ расид.

Роҳҳо обод мегарданд

ҶИЛИКӮЛ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Беш аз ду километр роҳи маркази ноҳия  таъмир ва мумфарш карда шуд. Барои таъмиру мумфарш намудани ин роҳ маҳсулоти корхонаи асфалтбарории ноҳия истифода гардид. Фармоишгар ва маблағгузор Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои таъмиру мумфарш кардани роҳ чор миллион сомонӣ масраф гардидааст.

Шаҳрак бунёд мешавад

ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум») Дар шаҳраки Баҳористон корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди хонаҳои баландошёна, коттеҷҳо, бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва манзилҳои шахсӣ оғоз гардид. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ду ҳавзи ғунҷоишаш 1500 метри кубӣ сохта, хатти оби нӯшокӣ ба масофаи чор километр кашида шуд. Ҳамчунин дар ин ҷо корҳои вобаста ба интиқоли барқ, чароғон намудани кӯчаҳои марказии шаҳрак ва мумфаршкунии роҳи асосӣ ба анҷом расиданд.

Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо хонандагон

МАСТЧОҲ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»)

Дар Қасри фарҳанги ноҳия  мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд  бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Чорабиниро муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода ифтитоҳ бахшида гуфт, ки ин тадбир ба хотири интихоби дурусти ихтисос аз ҷониби довталабон андешида шудааст. Зикр гардид, ки дуруст ба роҳ  мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ  дохилшавии довталабонро ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз ноҳияи Мастчоҳ беҳтар гардонид. Сипас, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ба хатмкунандагон доир ба раванди таълиму тарбия маълумот доданд.

Рушди соҳибкорӣ

ТОҶИКОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум»)  Рушди соҳибкорӣ яке аз роҳҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани буҷет ва фаровонии бозори истеъмолӣ мебошад. Айни ҳол дар ноҳия 720 нафар соҳибкорон, аз ҷумла 172 нафар занон ба қайд гирифта шудаанд. Соли сипаригардида бо ташаббуси ин соҳибкорон дар арафаи ҷашнҳо панҷ иншооти гуногун, аз ҷумла як корхонаи тунукабарорӣ, як корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ, як сехи коркарди чӯбу тахта, як ошхона ва як мағозаи молҳои ниёзи аввал ба маблағи як млн. 50 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар ин давра ду толори варзишӣ низ бунёд ёфт, ки ҳоло фаъолият намуда истодаанд.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР.  Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91