Хабарҳо аз кишвар

№156 (3141) 14.12.2013

Дурнамо иҷро мешавад

ДУШАНБЕ. (Хайруллоҳи АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»)Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 191330 гектар кишти пахта гузаронида шуда буд. Пахтакорон саъю талош намуданд, ки ҳосили парваридаро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.   То санаи 9 декабри соли 2013 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 392 ҳазору 681 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки баробари 96,6 фоизи дурнамо мебошад.

 Баъди санҷиш ба деҳқонон тавсия дода шуд

ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)Мутахассисони Муассисаи давлатии «Стансияи  давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон» мувофиқи нақша дар соли  2013  оид ба  13 намуди кор, аз ҷумла 11 намуди техникаи кишоварзӣ ва ду намуди сӯзишвории дизелӣ ва рағанҳои молиданӣ озмоишҳои техникӣ гузарониданд. Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамзамон озмоиши тракторҳои камандозаи «Белорус-320», «Белорус-321», «Белорус-311» бо истифода аз  култиватору агрегатҳо ва дигар таҷҳизоти техникӣ (дар маҷмӯъ 12 намуди озмоиш) гузаронида, барои истифода ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсия шуд.

 Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд гардид

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба зиёда аз 3,5 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,1 фоизро ташкил дод. Яъне, ба маблағи 353,9 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ зиёд истеҳсол гардид.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2013 аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят танҳо ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов вусъати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин накарданд.

 Кӯмаки соҳибкор ба мардум

ПАНҶ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар ин гӯшаи дурдасти Хатлонзамин маркази нави замонавии ташхиси тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он имкон медиҳад, ки мардуми корафтодаи ин минтақаи сарҳадии ҷумҳурӣ минбаъд ба пойтахти кишвар барои муайян намудани бемории худ овора нашуда, ин корро дар ҳамин марказ ба ҷо оваранд. Ин дармонгоҳ бо кӯмаку дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Лоиқҷон Мӯсоев бунёд ёфааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамони ташхисии аз хориҷ воридкардашуда ба талаботи имрӯза мувофиқанд. Дар маркази нави ташхис таҷҳизоте насб шудааст, ки ҳатто дар маркази вилоят вуҷуд надорад. Дар ин ҷо беш аз 20 нафар мутахассисон соҳиби ҷойи кор гардиданд. Чанде аз онҳо дар маркази ҷумҳурӣ ва хориҷа аз курси такмили ихтисос гузаштаанд.

Ҳоҷӣ Пиёда аз сафари навбатӣ баргашт

МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Сокини деҳоти ба номи Турдиев  Абдулазиз Раҷабов, ки бо лақаби Ҳоҷӣ Пиёда машҳур аст ва беш аз ҳашт сол боз машғули сайру саёҳати мамолики дунёст, аз сафари навбатӣ баргашт:

-Ин сафар мушкилоти зиёде дар пай дошт. Баъди ду моҳи сафар бо иллати нуқси ҳуҷҷат аз сарҳади Покистон ба Ватан омадем ва пас аз ислоҳи иллат аз нав ба роҳ баромада, бо ҳамсафарам Раҷабалӣ Сулаймонов сӯйи қадамҷойи Ҳазрати Одам, ба  кӯҳи Сарандеби Шри-ланка раҳсипор шудем ва ба мақсад расидем. Аз Шри-ланка ба Бомбей омада, чанд рӯз меҳмони хонадони ҳунарманди машҳури кино Амитабх Бачан шудем ва бо кӯмаки ин ҳунарманд ба Дубай расида,  ҳамсафарамро ба Душанбе гуселонидам ва худ роҳи Эронро пеш гирифтам. Дар шаҳри Теҳрон ба дидани собиқ Президенти ин кишвари  дӯсту ҳамзабон Маҳмуди  Аҳмадинажод шарафёб шудам ва бо ин марди бузург барои хотираҳои нек чанд расм низ гирифтам,- гуфт ба хабарнигорамон Абдулазиз Раҷабов.

      Дастурамал барои тарбия

ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» иборат аз даҳ номгуй силсилаи дастурҳои «Дониши чӯҷача. Тестҳо барои кӯдакони 6-7- сола»-ро аз чоп баровард. Китобчаҳо мувофиқ ба завқи бачаҳо, бо ороиши ранга ва тасвирҳои ҷолиб ба нашр расида, барои гирифтани маълумот роҷеъ ба он, ки кӯдак дар синни 6-7- солагӣ бояд чиро донаду чиро тавонад, ёрӣ мерасонад. Аз ин ҷиҳат, китобчаҳои мазкур барои муайян кардани рушди зеҳни наврасон ва тарбияи маънавии онҳо дастурамали манфиатнокест. «Оё кӯдаки шумо барои рафтан ба мактаб омода аст?» хотимаи силсилаи тестҳо мебошад. Ин силсилакитобчаҳоро С. Икромӣ ва С. В. Трофимова таҳия кардаанд.

 Рӯйдоди нави фарҳангӣ

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа намоишномаи нави «Тоҳир ва Зӯҳро» пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Ин асар ба қалами драмманавис Абдулвадуд Файзиев тааллуқ дошта, онро коргардони ҷавону умедбахш Парвиз Раҷабов таҳия намудааст. Дар омода кардани намоишнома ҳамчунин саррассоми театр Хайрулло Давлатов, оҳангсоз Шералӣ Қосимов, устоди рақс Ойимгул Давлатова, тарроҳ Ганҷина Сафаралиева ва мутасаддиёни дигар таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев саҳми арзанда гузоштанд.

Нақшҳои асосии Тоҳиру Зӯҳроро ҳунарпешаҳои ҷавон Отахон Саидов ва Фарангис Шоқулова (нақши айёми кӯдакиро Отахон Абдуллоев ва Сафина Хушдилова) бозидаанд.

  Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Тибқи нақша — чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд  ба хотири гиромидошти Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Маъруф Ҳусейнов мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1996-1997 доир гардид. Дар он аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Данғара, Хуҷанд, Конибодом, Чкалов, Истаравшан, Исфара, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Шаҳристон, дар маҷмӯъ 114 нафар варзишгар ширкат варзиданд.

Дар мусобиқа, ки дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуд, варзишгарони вилояти Суғд соҳиби ҳафт медали тилло, панҷ медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардиданд.

 Туҳфа ба ғолибон

Кӯлоб. (АМИТ «Ховар», Сулаймон ХОЛОВ)   Дар шаҳри Кӯлоб доир ба намудҳои баскетбол ва тенниси рӯи миз мусобиқоти варзишӣ баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур шумораи зиёди наврасону ҷавонон аз мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб ва дастаҳои ноҳияҳои Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминободу Шӯрообод иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб гардиданд. Бино ба иттилои масъулини чорабиниҳои варзишӣ барои иштирок дар мусобиқоти байналмилалии параолимпӣ аз миёни ин варзишгарони наврасу ҷавон чеҳраҳои нави намудҳои тенниси рӯи миз ва баскетболро дарёфт намуда, ба машқу тамринҳои иловагӣ сафарбар мекунанд, то шарафи варзишии мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя намоянд.

 Масъули гӯша Бурҳониддин КАРИМЗОДА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91