Хабарҳо аз кишвар

№158-159 (3143-3144) 19.12.2013

Таъмини аҳолӣ бо маводи сӯхт хуб аст

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Дар 11 моҳи соли ҷорӣ фурӯши ангишт 450 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Тавре дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд, корхонаҳои соҳаи ангишт бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014» оид ба таъмини аҳолӣ бо маводи ниёзи аввал, аз ҷумла ангишт, истихроҷи онро ба зиёда аз ним миллион тонна (505822 тонна) расониданд, ки нисбат ба соли гузашта 100 ҳазор тонна зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурӯши он зиёда аз 85 ҳазор тонна ангишт захира шудааст.

Навъи нави помидор

БОХТАР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Саҳмдорони кооперативи «Беҳбудӣ» ба парвариши парвардаи помидор шурӯъ намуданд. Помидорҳое, ки дар гармхонаҳои кооперативи номбурда парвариш меёбанд, барои шароити имрӯзаи Тоҷикистон ғайримуқаррарӣ ҳисоб меёбанд, зеро онҳо 3,5-4 метр қад кашида, давоми сол ҳосили хеле фаровон медиҳанд. Бо ҳамин мақсад кишоварзони хоҷагӣ ду гармхона бунёд намуданд. Тавре сарвари хоҷагӣ Раҳматулло Саъдуллоев иброз медорад, онҳо ин навъи беҳтарини помидорро тариқи шабакаи Интернет аз хориҷи мамлакат дастрас намудаанд. Соли гузашта деҳқонон дар гармхонаҳои хоҷагӣ 6 ҳазор бех ниҳоли ин навъи помидорро парвариш намуда, ҳосили зиёд ба даст оварданд. Имсол бошад, ният доранд, ки миқдори ниҳолҳоро афзун намоянд. Саҳмдорони хоҷагӣ ба ҷамъоварии ҳосили помидори гармхонаҳо дар моҳҳои март- апрел оғоз хоҳанд кард.

Роҳҳо обод мешаванд

ҒОНЧӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Роҳи байни деҳаи Муҷуни ноҳияи Ғончӣ ва деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан, ки 10 км масофа дораду солҳои охир хеле фарсуда шуда буд, бо роҳи ҳашар таҷдид гардид. Бо ташаббуси сарварони кумитаҳои маҳалла барои таъмири роҳ ашхоси саховатманду савобҷӯ 16 ҳазору 155 сомонӣ маблағ ҷамъ оварданд. Дар натиҷа 268 мошин қуму рег ба роҳ рехта, бо қувваи аҳолӣ ҳамвор карда шуд. Акнун барои сокинони деҳоти Ҳазорчашмаю Меҳробод, Заробу Нуробод, Анбариву Ҳавотаг, Гулшану Гулбоғ рафтуомад ба деҳаи Чорбоғ ва шаҳри Истаравшан хеле осон шуд.

 Оғози содироти намак ба хориҷи кишвар

ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Корхонаи намакистеҳсолкунии ҶСШК  «Хоҷамӯъмин» баъди таҷдиду тармим ва насб гардидани дастгоҳҳои замонавии чинӣ ба истеҳсоли намаки  ба тамоми стандартҳои сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯй шурӯъ намуд. Иқтидори солонаи корхона 12 ҳазор тоннаро ташкил менамояд. Аллакай 260 тонна маҳсулот истеҳсол гардида, ба фурӯш бароварда шудааст.

- Маҳсулоти корхонаи мо баъди гузаштан ба хатти нави технологияи муосир соҳиби шаҳодатнома ва ё худ сертификати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ шуд. Корхона бори аввал аст, ки маҳсулоти  худро ба хориҷи кишвар содирот менамояд. Ба наздикӣ корхонаи ҶСШК «Помир»-и шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон тибқи шартнома 20 тонна намак харидорӣ намуд,- гуфт зимни суҳбат ҷонишини сарвари корхона Нурулло Исмоилов.

Заминҳоро аз шудгор бароварданд

СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар хоҷагиҳои ноҳияи Спитамен заминагузорӣ ба ҳосили оянда идома дорад. Бино ба гуфтаи корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Пирмуҳаммад Пиров, дар байни хоҷагиҳои деҳқонии Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Андарсой» нахустин шуда, шудгори тирамоҳиро аъзои хоҷагии деҳқонии «Садбарг» (раисаш Ёқубҷон Зарифов) ба анҷом расониданд. Аз 33 гектар замини хоҷагӣ то имрӯз 30 гектари он шудгор шуд. Деҳқонон дар ду гектар замин гандум ва як гектар ҷав коштанд. Соли гузашта низ аъзои ин хоҷагӣ заминҳоро сари вақт аз шудгор бароварда буданд ва он натиҷаи ба даст омадани хосили дилхоҳ гардид.

Буҷет ғанӣ мегардад

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Андешидани тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ имкон дод, ки нақшаи даромадҳо дар  вилояти Суғд барзиёд таъмин гардад. Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,7 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 874,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи тасдиқгардида 23,0 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 181,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Озмуни «Суруди мактабӣ» 

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Бо ташаббуси Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Кӯлоб озмуни вилоятии «Суруди мактабӣ» баргузор гардид, ки дар он толибилмон аз шаҳру навоҳии минтақа  фаъолона ширкат намуданд. Мақсад аз баргузории озмун беҳтар намудани тарбияи зебоипарастии хонандагон ва рушди дастаҳои худфаъолиятию бадеии онҳост. Дар ҷамъбасти озмун ҷойҳои ифтихорӣ насиби хонандагони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гардид.

Мушкилоти чопи китобҳои дарсӣ

ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Аз оғози соли 2013 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чопи 60 номгуйи китоби дарсиро ба нақша гирифта буд, ки аз ин теъдод ҳудуди 50 ададаш чоп шуда, ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дастрас шудааст. Дар ин бора директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ К.Исоев дар семинар — машварате, ки дар вазорати номбурда баргузор шуд, иттилоъ дод.

Семинар ба  мавзӯи «Мушкилоти соҳаи китобдорӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» бахшида шуд. Дар ҷамъомад  масъалаҳои пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва мушкилоти он, муаммоҳои қарзи шуъбаҳои маориф дар самти иҷораи китобҳои дарсӣ, сари вақт пардохт накардани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Комроншоҳ — чемпиони ҷаҳон

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Варзишгари шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи IХ қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштии кураш дар шаҳри Истамбули Туркия соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон оид ба ин намуди гӯштӣ гардид. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки миёни мардону занон доир шуд, варзишгарони беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Комроншоҳи Устопириён (дар вазни то 90 кг) дар даври ниҳоӣ Алӣ Муҳаммадниёро (Эрон) мағлуб намуда, медали тиллои мусобиқаи мазкурро дарёфт кард. Ҳамчунин Саидҷалол Саидов (дар вазни то 81 кг) низ ба гирифтани медали тилло мушарраф гардид. Ин варзишгари тоҷик дар даври ниҳоӣ варзишгари ӯзбекистонӣ Бектош Сафаровро мағлуб намуда, чемпиони ҷаҳон шуд. Намояндагони дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Боймуродов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазнҳои худ ҷойҳои дуввумро ишғол намуда, бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед.Телефон: 238-58-91.