Хабарҳо аз кишвар

№6 (3152) 14.01.2014

Ниҳолҳои давлати Шоҳигарии Белгия дар боғу гулгаштҳои Душанбе

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»).Барои ободу зебо намудани боғҳои марказии пойтахт бо дастури Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз давлати Шоҳигарии Белгия ба миқдори 3152 бех ниҳоли ороишӣ ба шаҳри Душанбе оварда шудааст.

Дарахтони ороишии воридшуда дар боғҳои Рӯдакӣ, «Пойтахт», «Дӯстии халқҳо»,«Наврӯзгоҳ», дар кӯчаҳои Миршакар, Айнӣ, Сомонӣ ва хиёбони Шерозӣ шинонида хоҳад шуд. Ҳамчунин аз Ҷумҳурии Исломии Эрон 3277 бех ниҳол ба пойтахт ворид карда шуд.

Аз Раёсати кабудизоркунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, ки дар доираи кабудизоркунии мавсими соли 2014 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт шинонидани 38 ҳазору 270 бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст.

 Бозори «Саховат»-дар коми оташ

КӮЛОБ. (Суҳробшоҳи ФАРРУХШОҲ). Тахминан соатҳои 2330-и шаби 12-уми январ дар бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа қисмати фурӯши либос ба коми оташ рафт. Барои хомӯш кардани сӯхтор оҷилан 16 автомашинаи сӯхторнишонӣ, чор мошинаи обкаш сафарбар ва баъди се соат сӯхтор хомӯш карда шуд. Мутобиқи тахминҳои пешакӣ сӯхтор аз ҳисоби расиши ноқилҳо дар яке аз нуқтаҳои фурӯш ба амал омадааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар пайи ин сӯхтор 96 мағоза, 382 нуқтаи савдо зиён дидааст. Масоҳати бозори «Саховат» дар маҷмӯъ 3,1 гектарро ташкил мекунад ва ба ғайр аз қисмати фурӯши либос ҳамчунин дорои бинои пӯшидаи савдои хӯрока низ мебошад, ки ин қисмати бозор осеб надидааст. Айни ҳол барои рӯшан кардани сабабҳои аслии сӯхтор комиссияи давлатӣ таъсис ва таҳқиқи фоҷеа оғоз шудааст.

 Машварат бо соҳибкорон

ХАТЛОН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»). Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо соҳибкорон машварат доир намуд. Дар он масъалаҳои ҳаётан муҳими рушди соҳибкорӣ дар Хатлонзамин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар машварат зикр гардид, ки тавассути ғамхории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят соҳибкорӣ ривоҷ меёбад. Хурсандибахш аст, ки соҳибкорони хатлонӣ вақтҳои охир рӯ ба истеҳсолот овардаанд. Бунёди якчанд корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, ки аз ҷониби онҳо имрӯзҳо идома дорад, исботи ин гуфтаҳост. Зимни ин машварат Давлатшо Гулмаҳмадов иброз намуд, ки ӯ омода аст ба соҳибкорон барои пешравии кор ва ҳалли мушкилоташон ёрӣ расонад.

 Ифтитоҳи коргоҳи нав

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»). Дар  маркази вилояти Суғд коргоҳи нави дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин коргоҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ ва варзишӣ махсус гардонида шудааст ва наздик ба 100 нафар занону духтарон дар ин ҷо бо ҷойи кор таъмин гаштанд. Дар ифтитоҳи корхонаи нав иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат варзида, зимни суҳбат бо соҳибкорон таъкид дошт, ки ҳангоми дӯхтани либосҳои мактабӣ матоъҳои пахтагии истеҳсоли дохили вилоятро ҳамчун ашёи хом истифода кунанд.

        Эътибор ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»). Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, бунёди боғу токзори нав, афзун намудани парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ҳамешасабз ва амалӣ гардонидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 таҳти №683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2014» дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Инро дар ҷаласаи фаъолони вилоят иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ таъкид намуд. Дар ҷаласа зикр гардид, ки соли 2013 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 3388,7 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст, ки нисбати барнома 88,7 гектар зиёд мебошад. Аз майдони умумии бунёдгардида 3129 гектар боғҳои нав ва 259,7 гектарро токзори нав ташкил медиҳад. Дар натиҷаи андешидани чораҳо ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли мева ва ангур бо мақсади афзун намудани неруи содиротии вилоят ҳаҷми истеҳсоли меваҷот ба 111,4 ҳазор тонна ва ангур ба 51,5 ҳазор тонна расонида шуд.

 Нашр ва фурӯши китобҳои бачагона афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ. (Х. АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»).  Ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар ва андешидани тадбирҳои муассир боиси пешрафт дар Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» гардид. Ин муассиса соли 2013 дар маҷмӯъ 157 номгуй бо теъдоди 87900 нусха ва бо маблағи умумии 300379 сомонӣ китоб нашр намуд. Нақшаи фурӯши маҳсулот 179 фоиз, номгуй 123 фоиз ва теъдоди асарҳо 112 фоиз ба иҷро расид. Барои наврасону кӯдакон 41 номгӯй китоб, аз силсилаҳои «100 панд», «Атфол» ва «Ман ба мактаб меравам» бо теъдоди 67000 нусха аз чоп баромад. Муассиса зиёда аз 100 намоиш-фурӯши китобҳои бачагонаро таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» дар 24 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе зери унвони «Душанбе – шаҳри китоб» ташкил намуд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 103000 сомонӣ маводи чопӣ ба фурӯш рафт.

 Ҷашну маросимҳо танзим меёбанд

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»). Ҳоло дар вилояти Суғд як шуъба, 18 бахшҳо оид ба корҳои дин дар шаҳру ноҳияҳо ва 115 сармутахассисони ҷамоатҳо ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» назорат мекунанд.  Соли 2013 дар вилоят роҷеъ ба масъалаҳои танзими ҷашну маъракаҳо 297 семинару машварат, мизҳои мудаввар ва бобати тарғиботу ташвиқоти мазмуну муҳтавои қонунҳои зикршуда 1268 мулоқоту вохӯрӣ ва суҳбат бо мардум баргузор гардид. Ҳангоми  баргузории тӯю маърака ва маросимҳои дафну азодорӣ дар вилоят 2626 санҷишу рейдҳои муштарак гузаронида шуда, 92 қонуншиканӣ ошкор гардид, ки назар ба соли қаблӣ беш аз ду баробар зиёд мебошад.

  Беҳтарин донишҷӯи Хатлон кист?

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»). Дар бинои китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни «Беҳтарин донишҷӯи Хатлон» дар соли 2013 ҷамъбаст гардид. Ин озмун бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят доир гардид. Дар он беҳтарин донишҷӯён аз мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои ҳудуди вилоят иштирок намуданд. Бо дарёфти 59 хол донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Сайҳомид Шарифов унвони беҳтарин донишҷӯро сазовор гардид. Донишҷӯйи коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа Манижа Раҳмонова ин унвони баландро дар байни донишҷӯёни коллеҷҳои вилоят соҳиб шуд. Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим шуд.

Масъули гӯша Бурҳониддин КАРИМЗОДА.

Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-85-91.