Хабарҳо аз кишвар

№12 (3158) 05.02.2014

Мусофирон пешакӣ огоҳ мешаванд

ДУШАНБЕ. (Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)Тавре маълум аст, ахиран як теъдод шаҳрвандони мо аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон бозгардонида (депортатсия) шуданд. Дар рӯйхати онҳое, ки муваққатан ҳуқуқи будубош дар ин кишварро надоранд, ҳанӯз нафарони зиёде аз кишвари мо низ мавҷуданд. Баъзеи онҳо маблағҳои зиёде сарф карда, ба Федератсияи Россия сафар мекунанд, вале ҳамзамон бозпас гардонида мешаванд. Дар робита ба масъалаи мазкур директори ҶСК «Тоҷик Эйр»  Фирӯз Ҳамроев  гуфт:

-Соли 2013 тавассути тайёраҳои ширкати мо 1006 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки номашон дар рӯйхати депортатсияшудагон буд, ройгон оварда шуданд, ки аз ин ҳисоб беш аз 350 ҳазор сомонӣ ба корхона зарар расид. Барои пешгирии ин кор алҳол тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳоло мо мусофирони шомили ин рӯйхатро мефаҳмонем, ки маблағи зиёдро сарф карда, ба хориҷа нараванд. Дар сурати аз фикрашон баргаштан маблағи чиптаи харидаашон пурра пардохт карда мешавад.

 Дастоварди хонандагони тоҷик

ДУШАНБЕ. (Х. АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Даҳумин олимпиадаи байналмилалии Жаутиковӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон поён ёфт, ки дар он аз Тоҷикистон 19 нафар хонандагон ширкат варзида, сазовори як медали тилло, панҷ медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гардиданд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин олимпиада аз 12 то 18 январи соли ҷорӣ аз фанҳои физика, математика ва технологияи информатсионӣ баргузор шуд.

Ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагон аз литсей-интернатҳои тоҷикӣ-туркӣ, гимназия-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ», мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60, гимназияи №53-и шаҳри Душанбе ва гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара шомил буданд. Дар олимпиадаи мазкур 56 даста аз 16 кишвари ҷаҳон, ҷамъ 392 нафар иштирок карданд.

Роҳҳо обод гардиданд

 Вахш. (Давлат Султонов, «Садои мардум»)Сокинони ноҳия солҳо боз орзу мекарданд, ки роҳҳои шаҳраки Вахш аз нав таъмиру тармим ва обод гарданд. Бо дастгирии Президенти давлат Эмомалӣ Раҳмон ин кори хайр ба иҷро расонида шуд. Сарвари мамлакат ҳангоми сафари кориашон, ки моҳи июли соли 2013 ба вуқӯъ пайваста буд, тасмим гирифтанд, ки барои таъмиру тармими роҳҳои мошингарди ноҳия ёрӣ расонанд. Ин иқдоми Сарвари давлатро дар амал татбиқ намуда, Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати беш аз чор моҳ дар роҳҳои маркази ноҳия корҳои бунёдкориро ба анҷом расонид. Бо ин мақсад тахту ҳамвор кардану шинонидани новаҳои бетонии ҷӯйборҳо дар кӯчаҳои шаҳраки Вахш ба анҷом расонида шуд. Дар масофаи зиёда аз як километр новаҳои бетонӣ шинониданд. Бо иқдоми роҳсозон дар масофаи қариб се километр корҳои рехтани шағал ва мумфарш кардани роҳҳо ба анҷом расид. Тибқи нақша бояд шаш километр роҳҳои мошингарди маркази ноҳия пурра мумфарш карда шавад.

Сохтмон вусъат мегирад

ШАҲРИСТОН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Ободонию созандагӣ дар ин ноҳияи кӯҳсор торафт вусъат мегирад. Соли 2013 дар ин ҷо ду иншооти нави хуштарҳу барҳаво- бинои комиссариати ҳарбӣ ва бозори марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сохтмончиён дар ин давра ба маблағи 6465000 сомонӣ корҳоро анҷом доданд.

 Баррасии масъалаҳои соҳаи фарҳанг

Хуҷанд. (Мухтори Абдулло, «Садои мардум»)  Дар Кохи Рӯдакии маркази вилояти Суғд мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндагони соҳаи фарҳанги вилоят баргузор гардид. Алҳол дар вилоят 747 муассисаи фарҳангӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз сеюним ҳазор нафар кор мекунанд ва аз ин шумора 500 нафарашон мутахассисони дорои маълумоти олӣ мебошанд. Аз ҷумла, 347 китобхона, 13 боғи фарҳангию истироҳатӣ, шаш театри касбӣ, шаш театри мардумӣ ва як филармонияи халқӣ дар вилоят барои мардум хизмат мерасонанд. Давоми солҳои охир як қатор муассисаҳои фарҳангӣ аз таъмир бароварда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.

Дар мулоқот аз вазъи кунунии боғи истироҳати ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ва фаъолияти ғайриқаноатбахши шӯрои бадеӣ изҳори нигаронӣ шуда, ташкили мактаби рақсии Зебо Аминзода дар шаҳри Хуҷанд иқдоми нек арзёбӣ гардид.

Аёдати сарбозон

СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дарназардошти муроҷиати волидайни аскароне, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда истодаанд, чанде қабл раиси Кумиҷроияи бахши Спитамении ҲХДТ О. Насруллоев ва раиси Кумиҷроияи бахши Шаҳристонии ин ҳизб Р. Қодиров ба қисми ҳарбии воқеъ дар шаҳри Ваҳдат рафта, бо аскарон ва вазъи хизмати онҳо ошно шуданд. Бо ҳузури зиёда аз 100 нафар аскароне, ки аз вилояти Суғд даъват шудаанд, дар клуби қисми ҳарбӣ суҳбати муфид барпо шуд. О. Насруллоев ва Р.Қодиров ба наваскарон оид ба сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда, даъват ба амал оварданд, ки сарбозони ҷавон бояд барои Ватани азизи хеш хизмати софдилонаю содиқона кунанд. Ба наваскарон имкон фароҳам оварда шуд , ки тавассути телефон бо волидайнашон суҳбат кунанд.

Радиои маҳаллӣ ба фаъолият оғоз намуд

Чкалов. (Мухтори Абдулло, «Садои мардум»)  Дар шаҳри Чкалов радиои маҳаллӣ бо номи «Салом» ба фаъолият оғоз намуд. Тавре аз дастгоҳи раиси шаҳр иттилоъ доданд, ин тадбир ба беҳтар шудани фазои иттилоотӣ дар шаҳр мусоидат менамояд.

Дар маросими ифтитоҳи  радиои «Салом» раиси шаҳри Чкалов  Рухсора Каримхоҷаева изҳор дошт, ки акнун сокинони шаҳр тариқи ин расонаи хабарӣ аз вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр маълумоти бештар дастрас хоҳанд кард.

Идрорпулӣ мегиранд

Қӯрғонтеппа. (Давлат Султонов, «Садои мардум») Тибқи қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов се нафар донишҷӯёни аълохони Коллеҷи тиббии шаҳр гирандагони идрорпулии раиси вилояти Хатлон муайян гардиданд. Ҳамчунин директори коллеҷи номбурда, номзади илми тиб Аскар Нуриддинов ҳамчун мутахассиси беҳтарини соҳаи дилшиносӣ ба гирифтани идрорпулии раиси вилоят лоиқ дониста шуд. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки яке аз муассисаҳои куҳантарини омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон аст, 2946 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.

Соли 2013-ум 19 нафар хатмкунандагони коллеҷи мазкур соҳиби дипломи аъло шуданд. Донишҷӯйи бахши 1-уми коллеҷ М. Раҳмонова дар озмуни вилоятии «Донишҷӯйи сол» дар байни омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳои вилояти Хатлон соҳиби ҷойи аввал гардид.

Шумораи чемпионҳои ҷаҳон як нафар афзуд

ҶАББОР РАСУЛОВ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Варзишгари шинохтаи тоҷик, тарбиятгари мактаби варзишии бачагонаи ҷамъияти «Ҳосилот»-и ноҳия Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштӣ дар шаҳри Истамбули Туркия соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарони зиёда аз 50 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг дар даври ниҳоии мусобиқа варзишгари эронӣ Алии Муҳаммадниёро мағлуб намуда, медали тиллои мусобиқаи мазкурро ба даст овард.

Масъули гӯша Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум».

Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91